JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Инсоният ҳазорсолаҳо пеш ба осмони ситоразор ва кайҳони беканор нигариста, дар дил орзуи парвоз ба ин беҳудудӣ мепарварид. Аммо ин орзуе беш набуд. Асрҳо мегузаштанду парвоз ба кайҳон ба мисли садсолаву ҳазорсолаҳо амалиношуданӣ боқӣ мемонд. Як қатор асотиру ривояту достонҳо навишта мешуданд, оиди парвоз ба кайҳон ва дар байни мардум овозаҳо дар бораи қаҳрамонҳои кайҳоннавард паҳн мегардид. Олоти парвоз дар чунин қиссаҳо гилемҳои паррон, уқобҳои бузургҷусса, симурғи хаёлӣ ва деву париҳо буданд.
Ба ғайр аз ду сайёраи аввал (Аторуд ва Зуҳра) дигар ҳамаи сайёраҳо (Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун) дар Системаи офтобӣ дорои радифи табиӣ мебошанд. Ғайр аз ин ҷирмҳои хурди сайёрамонанде ҳастанд, ки дар канори Системаи офтобӣ ҷойгирифта, баъзеашон ба астероидҳои Тасмаи асосӣ ва қисми дигарашон ба Тасмаи Койпер мутаалиқанд. Моҳ ягона радифе мебошад, ки аз қадимулайём маълум буда, нисбатан хубтар омӯхта шудааст. Дигар радифони боқимонда бошад, баъдан бо ёрии телескопҳо ва дастгоҳҳои сайёри кайҳонӣ кашф карда шудаанд. Агар рӯшноии Муштарӣ халал намерасонид, чор радифони галилеии он – Ио, Европа, Ганимед ва Калисторо бо чашми оддӣ дидан мумкин буд. Аз ин рӯ ин радифон ба ҳафт радифи калонтарини Системаи офтобӣ мансуб мебошанд.
Яке аз назарияҳои пайдоиши Коиноти мо назарияи Таркиши Бузург аст. Он бо як идеяи оддӣ ва душворфаҳм асос ёфтааст. Оё Коинот ибтидо дошт? Дар инҷо ин назарияро бо суханони оддӣ шарҳ дода ҳамзамон чӣ гуна рух додани "таркиш"-ро нақл хоҳем кард.
Саҳифа аз 1 то 13