JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Маълум аст, ки сирру асрорҳои аз ҷиҳати илми асоснок нагардида олимонро водор месозад, то баҳри кашфи илмии онҳо кушиш намоянд. Роҳ ба ҳақиқати илми бо ҷамъоварии далелҳо, низоми онҳо, ҷихати умумӣ шурӯъ мешавад. Далелҳо танҳо далелҳо ҳастанд, ки таҳкурсии ягон гипотеза ё кор, ки дар натиҷаи омӯзиши кори душвор пайдо мегардад. Илми астрономия ба мо имконияти медихад, ки барои ҳалли масъалаҳои берун аз атмосфера ва галакттика роҳи хал пайдо намоем.
Чоршанбе, 31 Августи 2022 16:20

Бурҷҳо

Муаллиф:
Кайҳон ин олами материалӣ буда дар фазо вобаста ба вақт тағйир меёбад. Кайҳон гуфта одатан макроолами моро иҳотакардаро меноманд, ки аз ҷирмҳои осмонӣ, системаи онҳо, фазои кайҳонӣ ва он чизе ки онро пур мекунад иборат аст. Мувофиқи тасаввуроти ҳозира ки дар натиҷаи мушоҳида ва тадқиқотҳои тўлонӣ ба даст омадааст, сохтори Кайҳон чунин аст.
Астероидҳо ба ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ дохил мешаванд. Астероидҳо миллиардҳо сол пеш ҳангоми ташаккулёбии Системаи офтобӣ ба вуҷуд омадаанд, аз ин рӯ синну соли онҳо бо синну соли Офтоб қобили муқоиса аст. Хусусиятҳои динамикӣ ва манбаъҳои пайдоиши онҳо гуногунанд. Инро таркиби онҳо, сохтори дохилӣ ва ҳарорати бухоршавии моддаҳо гувоҳӣ медиҳанд. Бо вуҷуди ин моддаи астероидҳо, шакли аввалаи худро ҳифз намудаанд ва маводи аввалин дараҷае мебошанд, ки Системаи офтобӣ дар марҳилаҳои ибтидоӣ ва минбаъдаи таҳаввул аз он ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷиҳат, астероидҳо дар таҳқиқоти астрономӣ мавқеи бениҳоят муҳим доранд. Омӯзиши онҳо дар бораи шароит ва равандҳои пайдоиши Системаи офтобӣ маълумот медиҳанд. Мушоҳидаҳои оптикии заминии астероидҳо аҳмият ва муҳимияти худро нигоҳ доштаанд. Қутр ва шакли геометрӣ, сохт ва таркиби сатҳ, давр ва самти меҳвари гардиш ва параметрҳои дигар на барои ҳамаи астероидҳо муайян карда шудаанд. Ҳангоми баррасии астероидҳои эҳтимолан хатарнок ин вазифаҳо махсусан актуалӣ мешаванд. Барои ба даст овардани мадорҳои дақиқ, бузургии ситорагӣ, даври гардиш, қутр, нишондиҳандаи ранг ва ҳадди аққал таркиби тахмини минералогии ҷирмҳо то ҳадди имкон маҷмӯи маълумотҳои мушоҳидавӣ дар бораи ин гуна астероидҳо ниҳоят муҳим аст. Мушоҳида ва омӯзиши чунин астероидҳо яке аз масаълаҳое мебошад, ки баррасӣ шудааст.