JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
60 сол аст, ки номи Юрий Алексеевич Гагарин, дар тамоми рӯи ҷахон ҳамчун якумин кайҳонавард шинохта гардид. Маҳз рӯзи 12 апрел соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» сайёраи Заминро аз рӯи мадор давр зад ва бо ҳамин давраи кайҳонавардии таърихи башарро боз намуд. Бо рушду таҳкими минбаъдаи фаъолияти кайҳон башарият дарк намуд, ки санаи 12 апрел чи гуна такони ҷиддие баҳри тараққиёти тамаддуни умумибашар гузошт. Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба хамагон маълум аст, аммо 7-уми апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12-уми апрел, ҳамчун рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон гардид.
Сешанбе, 27 Октябри 2020 06:05

Квазарҳо

Муаллиф:
Дар соли 1963 диққати олимонро ҷирмҳои ситорамонанде ҷалб намуданд, ки онҳо манбаъи пурзӯри афканишоти радиогӣ буданд. Пас аз он, ки спектри ин ҷирмҳо тањлил карда шуд, маълум шуд, ки ин ҷирмҳо аз Замин дар масофаҳои миллиардҳо соли рӯшноӣ ҷойгиранд. Баъдан чунин объектҳоро квазарҳо номиданд. Истилоҳи англисии квазар (quasar) аз калимаи quasistellar ва radiosource гирифта шуда, маънояш «квазиситора» , «Ба ситора монанд» ё («радиоманбаъ») мебошад. Ба шакли тарҷумаи тањтуллафзиаш «квазиситораҳои радиоманбаъ» мебошад. Квази маънояш монанд аст. Ба таври хеле сода гӯем ин объектҳо ҷирмҳои ситорамонанде, мебошанд, ки онҳо манбаъи пурзӯри афканиши мавҷҳои радиогӣ мебошанд.
Душанбе, 26 Октябри 2020 09:21

Фаҷри қутбӣ (полярное сияние)

Муаллиф:
Маълумоти умумӣ Фаҷри қутбӣ ё тобиши қутбӣ чи гуна пайдо мешавад? Зарраҳои зарядноки магнитосфера, ки онҳо аз Шамоли офтобӣ ба воситаи майдони магнитии Замин дошта шуда, ба атмосфераи Замин ворид мешаванд. Дар натиҷаи ворид шудани зарраҳои заряднок аз атмосфера онҳо ба атому молекулаҳои атмосфера бархӯрда, онҳоро ба ангезиш медароранд. Дар натиҷаи ин ангезиш атому молекулаҳо дар дарозиҳои мавҷҳои гуногун нур (нури сабз, сурх ва ғ.) афканда, фаҷри қутбиро ҳосил мекунанд. Фаҷрҳои қутбӣ асосан дар минтақаҳое пайдо мешаванд, ки ин митақаҳо аз қутбҳои магнитии Замин 10-20 дараҷаи кунҷӣ дуранд. Дар вақти бӯҳронҳои геомагнитӣ фаҷрҳои қутбӣ васеъ доман паҳн карда, то арзҳои поёнӣ омада мерасанд. Масалан ин ҳодисаро баъзан аз ш. Москва низ дидан мумкин аст.