JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Аслан ҳар як ҳодисае, ки дар табиат рӯй медиҳад, сабаби худро дорад ва баъзе аз ин ҳодисаҳо хусусияти даврӣ такроршаванда доранд. Шарҳ додани сабаби ба амал омадани ҳодисаи даврӣ ва такроршавии он баъзан аз рӯи мушоҳидаҳои бардавом имконпазир мешавад. Ин ишора ба яке аз ҳодисаҳои табиӣ – ивазшавии фаслҳои сол дар сатҳи Замин ва дигар сайёраҳои Низоми офтобӣ тааллуқ дорад.
Вақте ки дар бораи Замин ба сифати макони мавҷудияти ҷисмҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ, аз ҷумла инсон меандешем, таъкиди файласуфи шаҳири олмонӣ Мартин Ҳайдеггер пеши назар меояд. Ҳайдеггер, ки яке аз бунёдгузорони фалсафи вуҷудӣ маҳсуб меёбад, дар робита бо сарнавишти инсон дар сайёраи Замин гуфта буд: “Агар аз баландтарин нуқтаи осмон ба ин замин, ки мо маскунаш ҳастем, назар афканем, мебинем, ки чӣ сон хурду ночиз аст ва дар як они воҳид метавонад аз бархӯрди тасодуфӣ ва беинзиботи ҷирмҳои бузурги кайҳонӣ нест шавад ва аз байн биравад”. Воқеан, пайваста бо хатарҳои гуногуни табиӣ ва кайҳонӣ мувоҷеҳ будани сайёраи инсонӣ – Замин барои донишмандони риштаҳои гуногуни илм, махсусан табиатшиносону кайҳоншиносон маълум буд ва имрӯз ҳам дар пайи шинохти дақиқи ҳаводиси табиӣ, махсусиятҳои физио-химиявии Замин, имконоти зистӣ дар Ҷаҳон ва шароити фазои Кайҳон таҳқиқотҳои бунёдӣ сурат гирифта, дар ин замина корҳои илмию тахассусӣ идома доранд.
Инсоният ҳазорсолаҳо пеш ба осмони ситоразор ва кайҳони беканор нигариста, дар дил орзуи парвоз ба ин беҳудудӣ мепарварид. Аммо ин орзуе беш набуд. Асрҳо мегузаштанду парвоз ба кайҳон ба мисли садсолаву ҳазорсолаҳо амалиношуданӣ боқӣ мемонд. Як қатор асотиру ривояту достонҳо навишта мешуданд, оиди парвоз ба кайҳон ва дар байни мардум овозаҳо дар бораи қаҳрамонҳои кайҳоннавард паҳн мегардид. Олоти парвоз дар чунин қиссаҳо гилемҳои паррон, уқобҳои бузургҷусса, симурғи хаёлӣ ва деву париҳо буданд.
Саҳифа аз 1 то 14