JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Июни 2018 08:18

Қадамҳои аввалин дар Кайҳон

Муаллиф:
1.Дастовардҳо дар роҳи фатҳи кайҳон Фатҳи кайҳон аз тарафи инсон аз 4 октябри соли 1957 шурӯъ мешавад. Дар ин рӯзи таърихӣ ба мадор аввалин радифи маснӯи Замин бароварда шуд, ки аз тарафи ИҶШC амалӣ карда шуд. Ин радиф 86,3 кг вазн дошт. Аввалин «парсту»-и кайҳонӣ атмосфераро гузашта, ба фазои наздизаминӣ асбобҳои илмӣ ва радиодастгоҳҳоро мебарорад. Онҳо ба Замин маълумотҳои аввалинро аз Кайҳон оиди фазои Заминро иҳотакунанда доданд. Сигнали аввалине, ки ин радиф ба Замин фиристода буд, шакли «биб-биб» дошта, дар тамоми ҷаҳон маъруфияти хосса ба даст овард.
Панҷшанбе, 12 Апрели 2018 06:00

Офатҳои кайҳонӣ, паёмад ва пешгирии онҳо

Муаллиф:
Бахши аввал: Бархурди селҳои метеорӣ, кометаҳо ва сайёраҳои хурд ба Замин Дар адабиётҳои даврӣ номгӯи ҳодиса ва офатҳое, ки ҳаёти инсонро зери хатар қарор дода, муҳити зист ва вазъи экологии минтақа ва кишварҳоро халалдор менамоянд, борҳо мавриди таҳқиқи донишмандону коршиносон ќарор доштанд. Аммо назари андешамандон дар ҳошияи теъдоди хатарҳо ва ё офатҳо яксон нестанд. Дар баъзе аз адабиётҳои таълимӣ хатар ва ё офатҳоро аз чаҳор [1] дар дигаре аз шаш ва ё кам ҳолате ба назар мерасанд, ки аз ҳафт бахш иборат донистаанд [2]. Ба ин пеш аз ҳама офатҳои табиӣ, биологӣ, антропогенӣ, экологӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, техногенӣ ва омехтаро одатан муттаалиқ медонанд.
Боиси ифтихор аст, ки расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз, мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳкиқи ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, аз ҷумла кометаҳо, астероидҳо ва метеорҳо пурра ба роҳ монда шудааст. Баъди барқарор кардани расадхонаи Санглох дар соли 2016 ва ворид кардани дастгоҳҳои рақамӣ сифати фаъолияти расадхона беҳтар ва имкониятҳои он васеъ шудааст. Аз ҳамин лиҳоз, мушоҳидаҳои объектҳои кайҳонӣ мунтазам идома дорад ва кормандони илмии Институт ҳар вақти муносиб ба онҷо рафта таҳқиқи омӯзиши худро такмил медиҳанд. Инчунин дар ин равия олимони ҷавон ва аспирантони Институти астрофизикаи АИ ҶТ фаъолона ҷалб карда шудаанд.