Ман, ки аз қабл исми устодро шунида, симои боваҷоҳат ва дар айни замон, нурониашро аз дур чандин маротиба мушоҳида карда будам, бо ҷуръату ҷасорати фардию эҷодӣ ва ба истилоҳ, характери ӯ як кам ошноӣ доштам. Он замон (нимаи дувуми солҳои дуҳазорум – солҳои 2005-2009), ки дар кафедраи филологияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода машғули тадрис будам, баъзан аз забони ҳолдонҳо дар бораи характер ва мушаххасоти шахсиятии устод Обидпур нукоте мешунидам ва ноқилон бештар аз ҷуръату ҷасорати фардию эҷодӣ ва ҳунари қолибшикании ӯ ёд карда, усулан, интиқодаш ҳам менамуданд. Табиист, ки қолабшиканиву навандешӣ фазои фаҳмиши умумиро ба ҳам мезанад ва ба ин лиҳоз, як навъ хурдагириҳои нобаҷоро дар пай дорад.
Дар он замон исми худро тоҷикӣ карда, дар муҳити таълимӣ-тадрисӣ, ҳавзаи матбуоти даврӣ, фазои илмӣ-таҳқиқӣ ва масири ҳунарӣ-эҷодӣ аз тариқи номи миллии “Обидпур” ҳунарнамоӣ кардан, бешак, авҷи ватанпарастию ҳувиятшиносӣ маҳсуб меёфт. Исму номи тоҷикии “Обидпур” дигар дар фазои донишкадавию фарҳангию ҳунарии ватанӣ машруъ шуда, минбаъд ҳамагӣ устодро “Обидпур” садо мекардагӣ шуданд, ҳарчанд ки пасванди “ов”-и русӣ дар фомилсозӣ ҳанӯз муд ва фомилияи “Обидов” аз забонҳо науфтода буд. Баъзан, ки аз дур устодро бо виқору ғурури ҷобаҷо ва тарзи роҳгардии ба худ хос медидам, нақлу гуфтугӯҳои ҳолдонҳо пеши назар меомад ва бо баҳогузории онҳо иктифо намуда, бо таваҷҷуҳ ба зоҳири ӯ шахсияташро баҳо медодам. Аммо боре ҳам аз наздик – рӯ ба рӯ бо ӯ суҳбат накарда будам ва аз шахсияти воқеӣ ва ҳайсияту ҳувияти аслии вай огоҳии комил надоштам. Он чи медонистам, ҳамагӣ аз нақлу мушоҳидаҳо таркиб ёфта буду халос. Ин буд, ки 25 декабри соли 2017 фурсати дидорро муғтанам шумурда, устод Обидпурро ба суҳбат кашидам.
Ба ин тартиб, бо истифода аз фурсати дидор ва имкони сафари корӣ, нимаи дуюми рӯзи 25 декабри соли 2017 дар утоқи кории директори мактаби мусиқии шаҳри Бохтар ҳамроҳи устод Ҷӯрахон Обидпур зиёда аз як соат суҳбат кардам. Суҳбати зиёда аз яксоатаи мо мавзуоти гуногунеро фаро гирифт ва гуфтумон, асосан сари масъалаҳои поэтикаи классикӣ, мушаххасоти назми гузаштаи миллӣ, таърихи пурмоҷарои аҷдодӣ, мероси бостонии фарҳангӣ ва сарнавишти миллат дар мароҳили гуногуни таърихӣ сурат баст. Танҳо дар ҷараёни суҳбати зиёда аз яксоата аз доираи дониш, биниш, ҷаҳоншиносӣ, таҷриба, собиқа, мушоҳида, муқоиса, мубодила ва муоширати профессор Ҷӯрахон Обидпур огоҳ шудам ва шахсияти воқеан илмӣ, ихтисосӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва мадании устодро барои хеш кашф кардам. Ҳарчанд ки фурсати дидор кам буд, вале дар муддатзамони кӯтоҳ зиёд нукотро аз устод Обидпур омӯхтам. Махсусан, назари интиқодии устод дар мавриди арӯзи арабӣ ва нокифоятии он барои бозтоби бошукӯҳи шеъри классикии миллӣ қобили таҳсину эҳтиром ва мавриди омӯзишу таҳқиқи ҷиддии иловагӣ аст. Мушаххасоту мухтасоти арӯзи арабиро мавриди интиқоди ихтисосӣ қарор медиҳад ва шеърро бар мабнои ритму оҳанги мусиқӣ тақтеъу таркиб мекунад. Пас аз гуфтугӯ бо устод фикру андешаҳоям дар мавриди арӯзи арабӣ ва мухтасоти шеъри арӯзӣ тағйир ёфт.
Аз мулоқоти аввалии ихтисосӣ бо профессор Обидпур чанд сол гузашт ва 7 майи соли 2024 аз ҷониби дӯсти гиромӣ ва фолклоршиносу мардумшиноси варзидаи миллӣ Дилшод Раҳимӣ ба мизи мудаввари Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Вазъи таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” даъват шуда, дар мавзуи “Фарҳанги миллӣ ва шароити ояндабинӣ“ гузориш додам. Пас аз итмоми мизи мудаввар сари як пиёла чой бо доираи донишмандони Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот суҳбат кардем ва хушбахтона, дар он суҳбат профессор Ҷӯрахон Обидпур ҳам ҳузур дошт. Бори дувум онҷо бо устод суҳбат кардем ва ҳарчанд ки дидору мулоқот тулонӣ набуд, аммо самаранок ба назар расид. Директори Пажуҳишгоҳ – донишманди хуб Абдулфаттоҳ Аминзода чанд китоберо ба унвони ҳадя тақдим намуд ва дар миёни китобҳо монографияи профессор Обидпур низ ҷо дошт. Китоби профессор Обидпурро, ки ба мавзуъ ва масъалаи муҳимми поэтикаи классикӣ – ритму оҳанг дар шеъри классикӣ ва муосири тоҷикӣ ихтисос ёфта буд, ҷиддӣ мутолеа кардам ва тариқи телефони ҳамроҳ устодро бо нашру пахши чунин навъи таҳқиқоти арзишманд табрик намудам.
Баъдан ду-се маротибаи дигар бо устод мулоқоти кӯтоҳе доштам ва мусаввада-сиёҳнависи монографияи дигари ӯро сари мавзуи ритмшиносӣ ва сайри таърихии шеъри классикӣ бошавқ мутолеа кардам. Дар ин рисола ҳам профессор Обидпур дидгоҳи инфиродӣ ва мавқеи интиқодии худро аз тариқи далелу арқоми муътамади ихтисосӣ ироа медорад ва хонандаро мутақоид месозад, ки шеъри классикӣ ва муосири тоҷикӣ бояд бар мабнои ритму оҳангу мусиқӣ санҷида шавад, на бар мабнои арӯзу баҳру азоҳифу афоилу тафоили арабӣ. Дар ҷараёни суҳбатҳои хусусие, ки бо устод доштем, маълумамон гардид, ки профессор Обидпур солҳо боз бо доираҳои шеършиносии минтақавию ватанӣ баҳс ороста (аксари кулли арӯзшиносону шеършиносону адабиётшиноси ватаниро профессор Обидпур шахсан мешиносад ва бо онҳо дар мавриди мушаххасоти шеъри тоҷикӣ баҳсҳо кардааст), мавқеияти илмӣ-ихтисосии худро ҳимоят намудааст. Махсусан, устод Обидпур дар рисолаю матолиби ихтисосии “Шеър оҳанг аст” (2002), “Ритмикаи ашъори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ” (2008), “Кашшофӣ” дар шеъри устод Рӯдакӣ" (Маҷаллаи “Душанбе”, 2016, № 7, 8) ва амсоли инҳо бар он таъкиду пофишорӣ менамояд, ки “Шеър дар пояи ритм (усул)-и мусиқӣ иншо мешавад, чунки тақти мусиқиву шеър якхелаанд”. Ин аст, ки
профессор Обидпур зарбу ритму оҳангу мусиқиро асос ва бунёду мабнои шеър дониста, иддао мекунад, ки муҳаққиқ, шоир, мунаққид ва умуман, ҳар нафаре, ки қобилияти шунавоии мусиқию созу савту навою ритму оҳангро надорад, аслан наметавонад дар мавриди шеър дуруст қазоват намояд. Аз ин ҷост, ки қазовату довариҳои тоифае, ки мусиқии шеърро эҳсос намекунад ва дурустҳисобӣ шунида наметавонад, мантиқӣ набуда, арзишманд буда наметавонанд.
Мусалламан, шунида тавонистани мусиқӣ ва онро бо шеър дар тавъамӣ донистан асли воқеияти шеършиносию шеърфаҳмӣ ва дар маҷмуъ, адабиётфаҳмист. То замоне ки мо мусиқиро бо шеър дар тавъамӣ наомӯзем ва аз ритму оҳанг ва усули мусиқии шеър огоҳ набошем, дар шинохти ҳар гуна шеър муваффақ нахоҳем буд. Аз сӯйи дигар, дар муассисоти томактабӣ, мактабҳои миёнаву олӣ ба боло бурдани сатҳи мусиқифаҳмии муҳассилон ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард, то ин ки фаҳмишҳои ғалату иштибоҳӣ ва сатҳию рӯякӣ дар робита бо дарку маърифати шеъри классикию муосири форсии тоҷикӣ рӯ назананд. Дар зимн, аз бомдоди фикри инсонӣ ва таҳаввулоти ибтидоии башарӣ мусиқӣ бо шеър тавъам будааст. Мусиқӣ ва шеър падидаву зуҳуроту феноменҳои эстетикӣ мебошанд. Ҳар ҷое ки сухан аз зебоишиносӣ ва ба истилоҳ, эстетика меравад, ҳатман мусиқиву шеър ҳузур пайдо менамояд. Дар ҷаҳони фалсафаи юнонӣ, мусиқӣ назми асвот шинохта шуда, Афлотун ҳунарро ҷузви илми ахлоқ талаққӣ карда, “мадинаи фозила”-и худро бо ҳунари мусиқиофаринӣ, ки барои тарбияти инсонӣ матлуб будааст, зебу зинат додааст (ниг.: Дюрант, Вил. Лаззоти фалсафа. /Тарҷумаи Аббоси Зарёб, баргардон аз хатти форсӣ ба сириллик Усмоналӣ Камолов. -Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2024. С.245). Бар илова, дар қадим ва асрҳои миёна мусиқӣ дар баробари шеър шоҳи ҳунарҳо шумурда мешудааст. Ва аммо асрҳо пеш аз юнониён мардуми форсу тоҷик дар мусиқиофаринӣ ва назарияпардозӣ дар ростои ҳунари мусиқӣ пештоз будаанд. Ба назари муҳаққиқон, асрҳо қабл аз замони исломӣ, мардуми форсу тоҷик камонакро ҳамчун воситаи овозбарорӣ аз тор ихтироъ карда буданд ва ба шарофати ҳамин ихтироъ буд, ки зуд то ба Чин, Ҳинд ва Ғарб паҳн шуд. Аз ин ҷост, ки Осиёи Марказиро метавон ватани виолин (скрипка-Н.Н.) шумурд. Дар ин миён, устод Рӯдакӣ ба унвони шоиру ромишгари барҷаста муаррифӣ гардида, файласуфу мутафаккири маъруф Абунасри Форобӣ найнавози боистеъдод ва муаллифи китоби “Рисола -ал-мусиқӣ -ал-кабир” буд, ки китоби ӯ одатан ягона асари назариявии мусиқӣ дар асрҳои миёна шумурда мешуд” (ниг.: Фредерик, С. Старр. Маърифати гумшуда. Асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг. /Тарҷума аз забони англисӣ: доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусалом Мамадназаров. – Душанбе: “ЭР-граф”. 2016. С.63). Аз ин гузашта, поягузори адабиёти муосири миллӣ устод Айнӣ бо табъи баланди эҷодӣ ва завқу салиқаи бадеӣ аз синни кӯдакӣ ба ҳифзи шеърҳои тоҷикӣ талош варзида, шеърҳоро, ки ҳанӯз ба маъною муҳтавояшон сарфаҳм намерафтааст, бо оҳанг аз бар мекардаву мехондааст. Аз ин ҷо пай бурдан мумкин аст, ки устод Айнӣ ҳам пайванди танготанг доштани шеъру мусиқиро аз ҳамон ибтидо дарк карда, абёту ашъорро тавассути оҳанг аз бар мекардааст (ниг.: Равоқӣ, Алӣ. Пешгуфтор -- ниг.: Равоқӣ, Алӣ. Пешгуфтор -- дар китоби: Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Ба кӯшиши доктор Алии Равоқӣ, пешгуфтори Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камолиддин Айнӣ ва Алӣ Асғари Шеърдӯст. Зери назари доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст. – Теҳрон: “Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ”, 1385. С. Сиву як). Ба ин маъно, профессор Ҷӯрахон Обидпур аз зовияи мусиқишиносӣ, ритмдонӣ ва такт ба шеър таваҷҷуҳ мефармояд ва ин навъ дидгоҳи мутафовитро дар шинохти шеър муассиру асосӣ талаққӣ менамояд. Ба дидгоҳу нуқтаназароти сатҳи рӯякию муқаррарию маъмулӣ таваҷҷуҳ намекунад ва ҳар дидгоҳеро бар мабнои донишу таҷрибаи илмию мусиқишиносию ихтисосиаш баррасӣ менамояд. Марди ҷӯёву пӯёест.
Бармегардем ба шахсияти устод Ҷӯрахон Обидпур. Аз хилоли мулоқоту вохуриҳою суҳбатҳои андаке, ки бо устод доштам, симои илмӣ, ихтисосӣ, эҷодӣ, педагогӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва иҷтимоиашро то андозае барои худ тарсим кардам. Бахусус, ҳангоми суҳбатҳо на танҳо самимияту отифати ӯ бармало мегардад, балки ҳайсияти илмӣ-ихтисосӣ ва симои эҷодиаш пешорӯйи мо намудор мешавад. Дар ҳар мулоқоту вохурӣ ва суҳбату гуфтугӯ вежагиҳои ҳайсиятию ҳувиятии эшонро хеле хуб мушоҳида мекунам: аввал мулоҳиза мефармояд, пасон ба суҳбат ҳамроҳ мешавад; хеле роҳату одӣ, вале ихтисосӣ суҳбат мекунад; барои ҳар як нуктаи матраҳшуда далелу бурҳон меоварад; бале арқомаш дар навбати аввал содаву одӣ, вале чун ҷиддӣ таваҷҷуҳ мекунӣ, хеле амиқу боварибахшанд; ритму оҳангро асоси шеър ва меъёри таҳқиқи шеъри классикӣ ва умуман, адабиёти манзуми башарӣ медонад; ҳангоми суҳбат, ба ҳеҷ ваҷҳ, асабӣ намешавад, ҳарчанд ки нуқтаназараш мавриди интиқоди шадид қарор мегирад; ба ҳар ҳадсу гумон ва ё ин ки падидаву ҳодиса бархурди илмӣ-мантиқӣ мекунад; дар ҳар баҳсу мунозирае аз мавқеи илмӣ-ихтисосӣ ва мантиқӣ ҳимоят мекунад ва ба илму дониши зинда такя менамояд; ба ҷаҳону инсон аз мавқеи ҷаҳонбинии илмӣ ва дидгоҳи фалсафӣ менигарад; марди мутолеа аст, қатъи назар аз солмандӣ, дониши худро аз тариқи муруру мутолеоти пайвастаи адабиёти дастраси илмӣ-таҳқиқӣ ва маводи илмӣ-эҷодӣ тавсеа мебахшад.
Устод Ҷӯрахон Обидпур, бавежа, дар масоили ҳаводиси таърихӣ, ҳофизаи ҷамъӣ ва бурду бохти миллат тайи таърихи тулонӣ хеле ҳассос аст. Ҳамин ки суҳбат атрофи заъфи ҳувияти миллӣ ва нуфузу ҳузури вопасгаройии ҷамъӣ дар сатҳи иҷтимоӣ, ки бар асари ташаннуҷи таассубписандию хурофазадагӣ дар ҷомеа тасаллут ёфтаанд, сурат мегирад, ваҷоҳати профессор Обидпур яку якбора тағйир меёбад; гӯиё дар мегирад ва аз камбуду навоқиси ахлоқӣ, ҳувиятӣ, фикрӣ. маданӣ, ҳунарӣ ва ҷаҳоншиносии ҷомеа сухан ба миён оварда, ҷаҳонбинии хурофотиро сахт интиқод мекунад.
Ба сухани дигар, устод Ҷӯрахон Обидпур ба тамоми маъно, марди дониш, маърифат, фарҳанг, ҳунар ва миллат аст. Новобаста ба синни боло ва уфту куфти синнусолӣ (устод 20 марти соли ҷорӣ ба синни 85 расиданд), фаъол, пайваста дар ҷунбуҷӯш аст, ҳамеша меомӯзаду таҷриба меандӯзад, барои анҷом додани корҳои нотамомаш ҳиммат мегуморад ва бад-ин тартиб, дар боло рафтани сатҳи маърифату фарҳангу ҳунари ватанию миллӣ саҳми муносиб мегузорад. Ба ростӣ, аз вуҷуду ҳузуру нуфузи шахсиятҳое мисли устод Ҷӯрахон Обидпур ифтихор мекунем ва воқеан. ҷойи ифтихор ҳам ҳаст.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, 85-умин солгарди умри профессор Ҷӯрахон Обидпурро шодбош гуфта, барояш умри дароз, бахту саодат, тандурустӣ, ҷисму руҳи қавӣ ва муваффақиятҳои эҷодӣ таманно менамоем. Дар анҷоми матлаб меҳрномаи хешро, ки дар қолиби пораи манзум ироа гардидааст, чун армуғони ҷашнӣ манзур месозем.
Зинда бодо, зинда бод!
(пораи манзум ба ифтихори 85-умин солгарди умри оҳангсоз ва мусиқишиноси матраҳи миллӣ, профессор Ҷӯрахон Обидпур)
Аз арӯзу аз азоҳифи қатор,
Аз мафоил, фоилоти бешумор,
Аз баёни мубҳаму ноошкор,
Нест ҷоно, шеърро авҷу барор,
Балки маънии шигарфи устувор,
Савту оҳангу навои созгор,
Шеърро бахшад шукӯҳу эътибор,
Бас тавону иқтидор!
Дар миёни ҷумлаи соҳибдилон,
Дар миёни зумраи ромишгарон,
Дар миёни зубдаи санъатварон,
Дар миёни ҳамдилони ҳамзабон,
Дар миёни мо ту бошӣ қаҳрамон,
Қаҳрамони ин макону ин замон,
Ифтихори Тоҷикистони ҷавон,
Дар ҳақиқат, достон!
Шеъру мусиқӣ ба сони ҷону тан,
Ҷону тан дар пайкари поки Ватан,
Дар баҳори сабз, дар боғу чаман
Лола рӯяд тозасарву ёсуман.
Мебарорӣ ҷӯй аз санги сухан,
Мисли Фарҳоди ғаюри Кӯҳкан,
Мешиносандат ба ҳар як анҷуман,
Ҳамчу як қолабшикан.
Ҷӯрахон Обидпур - ин покиниҳод,
Карда бар илму фазилат эътимод,
Бо талошу ибтикороти зиёд,
Шеъру мусиқӣ ба ҳам пайванд дод,
То раҳем аз бандубасту инқиёд,
Рози ритми шеъри моро баркушод,
Ҷовидонӣ номи некат устод,
Зинда бодо, зинда бод!
Ҷашни 85-умин солгарди умри устоди гиромӣ, профессор Ҷӯрахон Обидпур фархунда бод!
Бо эҳтиром,
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон