JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 (чанд андеша дар ҳошияи 80-солагии ҳиндшиноси маъруфи миллӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов) 29 июн зодрӯз ва дар зимн, 80-умин солгарди ҳиндшиноси маъруфи ватанӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов мебошад. Устод миёни доираҳои илмӣ-академӣ ва ҳавзаҳои адабию мадании ҷумҳурӣ кайҳо боз ошност. Дар баробари донишманди матраҳу миёни доираҳои илмию мадании минтақавӣ соҳибнуфуз будан, хеле инсони самимӣ, отифӣ ва ахлоқист. Табиатан, ботамкин, орому маданист ва маҳз ҳамин мушаххасоти ахлоқию отифию ҳувиятӣ устодро дар байни хосу ом мақбулу маҳбуб гардонидааст. Дар воқеъ, шахсияти дӯстдоштанист. Аз фурсати муносиб истифода бурда, 80-умин солгарди умри устод Ҳабибулло Раҷабовро…
(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунарӣ таҳти унвони “Садои дӯстӣ ва қаламрави ҳамбастагӣ”, ки ба ифтихори 65-солагии таъсиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва 79-умин солгарди хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳир бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 14 апрели соли 2025, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи АМИТ баргузор гардид) Дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту созмонҳои илмию фарҳангии дохилию хориҷӣ Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфилу нишастҳои муштараки илмӣ ва фарҳангӣ баргузор намуда, аз ин тариқа равобити АМИТ-ро дар самти умури ташкилию илмию фарҳангӣ таҳкиму тақвият мебахшад. Ба…
(мулоҳизоте куллӣ дар ҳошияи ҷашни мелоди файласуфи инсоншинос, устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ) 29 май дар тақвими мо-ихлосмандону ҳампешагону дӯстону шогирдон ба унвони ҷашни мелоди яке аз фидоиёни илми ватанӣ, инсоншиноси варзидаи миллӣ, поягузори антропологияи тоҷик устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ (мутаваллиди соли 1947) махсус қайд шудааст. Қаблан устодро ба ин ҷашни фархунда шодбош мегӯем ва барояш саломатӣ, тандурустии доимӣ, хушҳолии ҳамарӯзӣ, умрдарозӣ, комёбиҳои илмию эҷодӣ ва мунтаҳо, беҳтарин таманниёти инсониро арз медорем. Чун дар рӯзи мелоди устод Музаффарӣ қарор дорем, ногузир чанд ҷумлае атрофи ошноиамон бо ин устоди забардасти илму фалсафаи ватанӣ ироа мекунем.
Албатта, бо исми оҳангсоз, муҳаққиқ, донишманди мусиқишинос, муаллим ва зиёии миллӣ Ҷӯрахон Обидпур (мутаваллиди соли 1940) аз дер боз ошноем ва ҳангоми дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (ҳозира Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода) фаъолият кардан, муколимаву гуфтугӯҳоро дар робита бо ин шахсияти матраҳи фарҳангу ҳунари ватанӣ мешунидем ва гоҳ-гоҳе худи устодро ҳам аз дур медидем. Вале шахсан бо ӯ ошноӣ надоштем. Мушаххасан, ошноии мо бо профессор Ҷӯрахон Обидпур аз моҳи декабри соли 2017 (дақиқтараш, аз 25 декабри соли 2017) шуруъ шудааст: дуруст, замоне ки дар доираи…