JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дӯсти ҷавон ва донишманди гиромӣ Номвари Қурбон, Имрӯз – 4 феврал Шумо ба синни 35 қадам ниҳодед. Дар ин муддат аз тариқи талошҳои шабонарӯзӣ, пеш аз ҳама, худро аз нав сохтед ва тавассути ибтикороти созанда ва ташаббусоти арзанда дар хидмати халқу Ватан камари ҳиммат барбастаед. Мунтаҳо, Шумо дар масири ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва худогоҳии миллӣ гомҳои устувор бармедоред. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, Шумо ба таври боварнакарданӣ ва хастагинопазир дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ фаъолед. Серҳаракатӣ ва тавонмандии Шуморо мушоҳида карда, гоҳу ногоҳ мутааҷҷибона худ ба худ суол мегузорем, ки Номвари Қурбон…
Ба неруи хирад бар рағми зиллат Даво бахшоӣ дарду захму иллат. Ба миллат ончунон пайванд гаштӣ, Ки мелоди ту шуд мелоди миллат! Дӯсту бародари гиромӣ, Назрӣ Асадзода, Аз бозе ки ба марҳилаи огоҳӣ ва шинохт аз тариқи мушоҳидоту мутолеот расидед, дар самти бозшиносии уқдаҳои фикрӣ, муъзалоти равонию ҳувиятии ҷомеа ва бозсозии тафаккури миллӣ саъю талоши фаровон варзида, то имрӯз дар ин пайроҳаи мушкилписанди зиндагӣ бардамона гом бармедоред. Шахсияти миллӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи суннату фарҳанги шарқӣ-аҷдодӣ ва илму дониши ғарбӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолеоти бардавом, мушоҳидоту таҷриботи фаровон…
Танҳо ҳамон инсонҳое дар куҳансолӣ эҳсоси худризоӣ ва қаноат менамоянд, ки дар ҷавонӣ ва дар тули умр машғул ба офарандагӣ будаанд ва осори офаридаи онҳо ба онҳо дар рӯзгори пирӣ дар баробари ҳамагуна ноумедиҳо тасаллият мебахшад. Ба ин андешаи Шопенҳауер мо боз онро илова менамоем, ки на танҳо осори офарида, балки амалҳои дигаре низ ҳастанд, ки бо мумури замон аҳамият ва ҳақиқати таърихии худро ошкор месозанд ва ба муаллифи он ҷовидонагиро бармегардонанд. Амалҳои бузург на бо ҳаёҳӯ ва овозаю дарвоза, балки ниҳоят ноаён ва оромона, ба гуфтаи шоиронаи Нитше, “бо садои пои кабӯтарон” фаро мерасанд.…
Ҷумъа, 10 Январи 2025 08:52

Файласуфи миллӣ ва ҳунари наққодӣ

Муаллиф:
(Паёми шодбошӣ ба муносибати зодрӯзи файласуфи муосири миллӣ Нуриддин Шаҳобиддин) Бародари гиромӣ, Нуриддин Шаҳобиддин! Мелоди Шумо, барои ҷамъи дӯстон ба унвони мелоди озодандешии миллӣ талаққӣ мешавад. Муҳимтар аз ҳама, Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии…