JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
(Ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ва 78 солагии Истиқлоли Ҳиндустону Покистон, 80 солагии камоли умри ҳиндшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ профессор Ҳабибулло Раҷабов) Адабиёт ва адибони бузурги он чун ситораҳои дурахшоне ҳастанд, ки ҳастиву вуҷудашон саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои башарият чун чароғи роҳнамо роҳнамоӣ мекунанд. Ҳар ду дорои ҷазабаҳои адабӣ ва забонӣ чун сармояҳое мебошанд, ки инсониятро ба сӯи ҳаёти дурусту комил ҳидоят намуда, чун дарахте тамоми вуҷудаш барои башарият хуррамӣ меоварад. Дар ҳақиқат онҳо ба монанди фурӯғи субҳи доноӣ ва ҳидоягари арзишҳои волои инсонӣ мебошанд, ки манбаи…
Ҳунарманди асил муҳтоҷи касе намешавад. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдод мебошад. Ҳар он шахсе, ки худ ҳунарманд аст, бо ҳунари волояш миёни аҳли башар машҳур мешаваду қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад. Ёсуман Шокирова низ аз зумраи он ҳунармандонест, ки аз хурдӣ меҳри ҳунару санъат дар дили кӯчакаш ҷӯш мезад. Соли 2012 ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гардид ва онро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон хатм кард. Ҳамчунин, баъди хатми ин даргоҳ, ӯ аз худ қонеъ нашуда, худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва…
Аз худ кардани дониш ва машғул шудан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пешаи як гурӯҳи махсуси одамон дар ҳама давру замон будааст. Даст задан ба ин кори заҳматталаб ва ҳамзамон судманд ба ҳадафҳои гуногун сурат мегирад, ки муҳимтарини онҳо кунҷкобии фардӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеа ва инсоният мебошанд. Маълум аст, ки шавқу кунҷкобӣ олимони зиёдеро водор сохтааст, ки дунболи илму офарандагӣ раванд ва кашфиёту ихтирооти худро дар хизмати мардум гузоранд. Дар баробари ин, давлат барои пайдо намудани роҳҳалҳои илмӣ дар заминаи мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ дар ҷомеа, ниҳодҳои илмӣ ташкил мекунад ва афроди донишманду меҳанпарастро…
(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ таҳти унвони “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда” ба ифтихори 58-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов) Гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмию адабию фарҳангӣ ва семинар-машваратҳои фалсафию ихтисосӣ дар марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва чанд соли ахир дар Раёсати АМИТ Маҳфили “Хирад” таъсис ёфта, дар доираи он бо ҳузури донишмандону муҳаққиқон, магистрону коршиносону донишҷӯён силсиласуҳбату гузоришҳои хуби илмӣ ироа гардида, аз ин тариқ сатҳи донишу биниши насли ҷавони муҳаққиқону пажуҳишгарони ватанӣ боло бурда мешавад.
Саҳифа аз 1 то 55