JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Октябри 2024 07:23

Инсони маданӣ ва рисолати инсонӣ

Муаллиф:
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи иқтисодшиноси миллӣ Нуралӣ Собирзода) Мусалламан, тасаллут дар илми иқтисод ва равандҳои иқтисодӣ, ки аз ҷумлаи қисматҳои муҳимми зиндагию рӯзгори инсонист, кори саҳлу осоне нест. Аз тарафи дигар, омӯзишу таҳқиқи ҷиддии иқтисоди миллию ҷаҳонӣ ва ташхиси мушкилоту муаммоҳои соҳавӣ, ки ба болоравии сатҳи зиндагии фардию ҷамъӣ оварда мерасонад, рисолати касбӣ-ҳирфавии иқтисодшиносони банангу баҷуръату боғурури миллию ватанӣ маҳсуб мешавад. Яке аз нафарони сазоворе, ки дар самти омӯзишу таҳқиқи мушаххасоти иқтисоди миллӣ ва равандҳои иқтисодӣ саҳми муносиб гузоштааст, доктори илми иқтисод, профессор Нуралӣ Собирзода мебошад.
 Матлаби мазкур, ки аз хилоли хотироти мост. Он чанд соли қабл, дақиқтараш соли 2017 навишта шудааст. Баъди навиштан ба Сайиднуриддин манзураш кардам ва иҷозати чопашро хостам. Хонд, як хандиду бо ваҷоҳати ба хъд хос гуфт, ки чопаш накунам. Мутаассифона, мо ҳам пофишории Сайиднуриддинро мадди назар гирифта, чопаш накардем. Ҳамин тариқ, Сайиднуриддин ҳам аз дунё даргузашт ва бо гузаштаи чанд сол матлабро бидуни таҳрир барои пахшу нашр манзур намудем. Ба ин маъно, он чи ки дар қолиби як матлаби хотиротӣ пешкаш мегардад, навиштаи соли 2017 аст.
 Дӯсту ҳамрафиқи азизу гиромӣ, Ҳар сол рӯзи мелоди Шумо мо-дӯстону ҳампешагон ва ҳамрафиқону ҳамшарикон зиёд майна об мекунем, ки чанд ҷумлаи шоистае рӯйи саҳафоти сомонаӣ ва фейсбукӣ бикорем, то ифодагару арзандаи ҳайсияту шахсиятатон бошад. Мутаассифона, шахсияти Шумо ончунон ҷаззоб ва ба истилоҳ, харизматик аст, ки тасвир ва наққошии он мушкил мебошад ва ноилоҷ таманниёти ҷамъиро ба як қолиб дароварда, дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахшу нашр менамоем, ба умеди ин ки писанди ҳамандешону озодагон омада бошад. Ҳоло ки дар ҷараёни ҷашни сисолагиатон қарор дорем, албатта, ҳиссиёту ҳаёҷонотамон низ хеле зиёд аст. Ба ҳар сурат, мекӯшем…
Ман, Мирзодавлат Нидозода сокини Ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷам. 18 феврали соли 1971 дар деҳаи Турдишайхи Ҷамоати деҳоти Сармантой (ҳозира Ҷамоати деҳоти Озодагон) дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадаам. Факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси муаррих ва муаллими таърих хатм кардаам. Солҳои дароз дар мактабҳои миёнаи умумии №4, 2, Литсейи давлатӣ ва Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ аз фанни таърих дарс додаам. Феълан омӯзгори фанни таърихи Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ мебошам. Ба воситаи дӯстам Нозим Нурзода бо донишмандону муҳаққиқону зиёиёни саршиноси миллию ватанӣ бо шумули устод Комил Бекзода, равоншод Мирзо Боқӣ, Меҳр Собириён, Нуриддин Шаҳобиддин,…