Ба неруи хирад бар рағми зиллат Даво бахшоӣ дарду захму иллат. Ба миллат ончунон пайванд гаштӣ, Ки мелоди ту шуд мелоди миллат! Дӯсту бародари гиромӣ, Назрӣ Асадзода, Аз бозе ки ба марҳилаи огоҳӣ ва шинохт аз тариқи мушоҳидоту мутолеот расидед, дар самти бозшиносии уқдаҳои фикрӣ, муъзалоти равонию ҳувиятии ҷомеа ва бозсозии тафаккури миллӣ саъю талоши фаровон варзида, то имрӯз дар ин пайроҳаи мушкилписанди зиндагӣ бардамона гом бармедоред. Шахсияти миллӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи суннату фарҳанги шарқӣ-аҷдодӣ ва илму дониши ғарбӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолеоти бардавом, мушоҳидоту таҷриботи фаровон…