JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 23 Феврали 2026 06:58

Бонуи пурҷасорат - Гурдофариди моӣ! (Паёми шодбошӣ ба ифтихори солгарди умри бонуи пурҷасорати миллӣ - Гурдофариди муосири тоҷик Раҳимаи Аъзамзод)

Муаллиф:

   Дар гоҳшумории расмӣ имрӯз – 23-юми феврал ба унвони Рӯзи Артиши миллӣ шинохта мешавад ва ин рӯзро минҳайси Рӯзи мардонагӣ, ҷасорат, шуҷоат, далерӣ, меҳандӯстӣ, ватанпарастӣ ва ғуруру сарбаландӣ ҳамагон дар қаламрави Тоҷикистони азиз ҷашн мегиранд ва бо табрикоту таманниёти сарбозони Ватанро шодбош мегӯянд. Мо ҳам, бо истифода аз фурсат, ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ сарбозону афсарон ва кулли артишиёни Ватанро самимона  шодбош мегӯем.

   Дар зимн, таъкид менамоем, ки дар ҳифзу ҳимояти марзу буми аҷдодӣ ва қаламрави тоҷикӣ на танҳо мардон, балки занону бонувони пурҷасорату пурғурури миллию ватанӣ низ саҳми муносиб доранд, ки новобаста аз ҷинсият ва маҳдудиятҳои ҷисмию физиологӣ, дар баробари мардони шуҷоъу далери миллӣ аз Ватан тавассути сайфу қалам ҳимоят мекунанд. Яке аз чунин бонувони ҷасуру содиқи Ватан – Раҳимаи Аъзамзод аст, ки зодрӯзаш бо Рӯзи Артиши миллӣ (23-юми феврал) муродифу тавъам мебошад. Ин муродифию тавъамӣ тасодуфӣ нест, балки бармегардад ба ҷуръату ҷасорат ва мардонагию шуҷоати бонуи ҷавони миллӣ – Раҳимаи Аъзамзоди гиромӣ.

  Раҳимаро мо аз даврони донишҷӯйӣ мешиносем ва ҳангоми иштирок дар маҳфили илмӣ-фарҳангии кафедраи филологияи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, ки мавсуф аз ҷумлаи фаъолон ва муҷриёни он тарҳ-пружаи илмию эҷодӣ буд, аз дидгоҳу мавқеъгириҳояш огоҳ гардидем. Нафаре, ки бо дидгоҳи мустақил ва ҷаҳоншиносии фардӣ мусаллат аст ва дар ҳар мавзуъ ва масъала назар дода метавонад. Дар воқеъ, як донишҷӯ, ки аз муҳити сокиту ороми деҳоту музофот ба шаҳр пайвастааст, дар як муддати кутоҳ худро бо шулуғи шаҳрӣ ҳамоҳанг сохта, ба як нафари шаҳрӣ ба тамоми маъно табдил ёфт. Ин кор саҳлу осон нест ва танҳо нафарони шикебову пурҷуръате мисли Раҳима ба ин кор қодиранд. Албатта, дар ин замина, ҷаҳду талошҳои фардӣ ва сахткӯшиҳои инфиродӣ ба Раҳима даст доданд, ки дар муҳити шаҳрии рӯзноманигории ҳирфаӣ худро имтиҳон кунад ва муваффақ ҳам шавад. 

   Ҳануз замони донишҷӯйӣ дар риштаи рӯзноманигории телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Раҳима бо завқ, фантазия, тасаввур, тааммул, тааммуқ, дидгоҳ ва мавқеъгирии мутафовит миёни ҳайати профессорӣ-омузгорӣ ва донишҷӯйии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода соҳибэҳтиром гардида буд. Дар ҷаридаи деворӣ матолибу гузоришу мусоҳиботи ҷолибу хонданӣ ва дар радиои Донишкада барномаҳои шуниданӣ пахшу нашр мекард. Пас аз хатми Донишкада ба матбуоти расмию мустақил пайваст ва бо такя ба донишу таҷрибаи андӯхта сари масоили муҳимми рӯз матолиби ҷолиби публитсистӣ таълифу чоп мекард. Барои таълифи як матлаби ҳатто кучаки матбуотӣ Раҳима соатҳо заҳмат мекашид: ҳадаф пеш мегузошт ва дуруст ҳадафгирӣ менамуд; мавзуъ ва масъаларо дурустҳисобӣ меомухт; сари мавзуъ тамаркуз менамуд; мавзуъро ҳазм мекард; мавод ҷамъоварӣ ва аз рӯйи мазмуну мундариҷа дастабандӣ менамуд; барои исботи матлаб ва иддао далелу бурҳони мувассақ мекофт; арқому ҳуҷҷатҳои мавриди назарро ба лиҳози дақиқию дурустӣ гаштаю баргашта месанҷид; паёми матлабро мушаххас месохт ва пасон ба навиштан шуруъ мекард. Ин тарзу сабки кори рӯзноманигорӣ, аз як тараф ва мутолеаи фаровони адабиёти гуногунсамта, аз тарафи дигар, Раҳимаро ба унвони як шахсияти мустақили ҳирфаӣ ҷилва доданд. Махсусан, мутолеаи адабиёти бадеию илмию публитсистӣ бо хатти форсӣ, забонҳои русию англисӣ дидгоҳи миллӣ ва ҷаҳоншиносии илмии Раҳимаро таҳкиму тақвият доданд ва кор то ба ҷое расидааст, ки ҳар як китоби нав нашршударо бо забонҳои тоҷикию русию англисию форсӣ пайдо карда мехонад ва ба дӯстону пайвандон ва ҳамкорону ҳампешагон тавсия медиҳад. Бар асари муруру мутолеаи китобҳои гуногунмавзуъ ба забони давлатӣ хеле роҳату зебо такаллум мекунад ва муоширату муколимаи фасеҳи ӯ сазовори омузиш аст. Бар илова, аз мактаби рӯзноманигорӣ ва ҷасорати ҳирфаии бонувони асили миллӣ Буринисо Бердиева, Ҳуринисо Ализода ва дигарон дарси маҳорату малака ва завқу салиқа баргирифтааст.

   Хислатҳои неки Раҳима хеле зиёданд, аммо озодагӣ, истиқлолхоҳӣ, зери бори дигарон нарафтан, эътимод ба нафс доштан, накукор будан, дасти бечорагону дармондагонро гирифтан аз ҷумлаи хислатҳоеанд, ки хамираи ахлоқӣ-ҳувиятии ӯро ташкил медиҳанд. Бо он ки худ ба кумак ниёз дорад, дигаронро аз рӯйи имкон мадад мерасонад. Масалан, чанд соли пеш китоби ахирии шоири тавоно, зиёӣ ва рӯшангари асили миллӣ устод Зиё Абдуллоро дар мавриди рамзу рози достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бо пули худаш ба чоп расонда, дастраси хонандагон гардонид. Аз ин қабил корҳо Раҳима зиёд мекунад, аммо ба касе намегӯяд ва бо он ки хеле огоҳу доно аст, камтарин фазлфурӯшие ҳам намекунад.

   Воқеан, чаро Раҳимаро Гурдофариди замони мо номидем? Зеро ки Раҳима, қатъи назар аз хуруҷи нобаҳангоми бемориҳои вогир (солҳои дароз Раҳима бо бемориҳои музмину вогир дасту панҷа нарм карда, дардҳои ҷонкоҳи умрро бо ҷуръату мардонагӣ таҳаммул намуда, бар яъсу навмедӣ пирӯз гардидааст), новобаста аз мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ, ки ӯро дунболагир будаву ҳаст, ҳаргиз таслим нашуда, бо ҳар мушкиле бар мабнои ақлу мантиқ бархурд кардаву мекунад. Агар Гурдофариди устуравии мо бо душманони Меҳан бо ҷасорату мардонагӣ андар набарди ҳамешагӣ будааст, Гурдофариди замони мо болои саманди андеша алайҳи хурофоту таассубу хушкандешӣ, ки боиси марги маънавии миллат гардидаву мегарданд, муқовимат мекунаду мубориза мебарад ва аз ин тариқ дар масири озодандешии миллӣ гомҳои устувор бармедорад.

  Дар ҳақиқат, имрӯз миллати мо ба Гурдофаридоне мисли Раҳимаи Аъзамзод, ки на танҳо ҷуръати маънавӣ, балки ҷасорату мардонагӣ низ доранд,  сахт ниёзманд аст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, мелоди Гурдофариди замони мо – Раҳимаи Аъзамзоди гиромиро шодбош гуфта, барояш хотири ҷамъу дили беғаму тандурустию хушҳолии бардавом таманно намуда, дар зиндагии инфиродию ҷамъӣ ва маданию эҷодиаш барору комёбӣ хоҳонем. Бигзор, солҳои тулонӣ Гурдофариди мо бо ҳамият, ғайрат, ҷуръат, ҷасорат, фикрат, шарофат, самимият ва отифати мунҳасир ба фардаш ҳамеша дар хидмати миллати соҳибтамаддуни тоҷик қарор гирифта, сазовори эҳтироми дӯстону пайвандону ҳампешагону ҳаммилатон бошад. Воқеан:

         Рӯзи пур аз шарофат – рӯзи саиди моӣ,

         Рӯзи ватанпарастӣ – хушҷашну иди моӣ,

         Аз байни ҷамъи бону некуфариди моӣ,

         Чашму нигоҳи зебо – манзури диди моӣ,

         Бар рағми юмни кутаҳ бахти мадиди моӣ,

         Бонуи пурҷасорат – Гурдофариди моӣ!   

 

      Зодрӯз фархунда ва хуҷаста, Раҳимаи гиромӣ!

 

 

    Маҳфили “Ҷаҳони андеша”

 

 
Хондан 45 маротиба