JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 07 Майи 2026 12:47

Нақши саммити минтақавии экологӣ дар ҳалли мушкилоти хушкшавии баҳри Арал

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

(Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавии экологӣ)

  Ба пешвози Рӯзи Замин (22 апрел), ки аз соли 1971 инҷониб дар саросари кураи арз таҷлил мегардад, аз 22 то 24 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Саммити минтақавии экологӣ (RES 2026) таҳти унвони «Диди муштарак барои ояндаи устувор» баргузор гардида, таҳлилу баррасии мавзуъҳое, чун коҳишёбии захираҳои об, тағйирёбии иқлим, мубориза бо биёбоншавӣ ва иқтисоди сабз дар меҳвари ҳамоиши мазкур қарор доштанд. Зеро дар шароити имрӯза, ки буҳронҳои глобалии экологӣ тамоми сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд, истифодаи оқилонаи захираҳои оби кӯлу дарёҳои фаромарзӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба гармшавии глобалии иқлим, таҷдиди заминҳои таназзулёфтаю биёбонгашта ва гузариш ба иқтисоди сабзу камкарбон ба масоили бунёдии экологии кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал, балки тамоми давлатҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.

Дар баробари дигар мушкилоти экологии ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфидошта, масъалаи хушкшавии баҳри Арал ҷой дорад, ки ҳанӯз аз солҳои 60-уми асри пор ба яке аз масоили фалокатбор ва ҳалталаби инсонӣ бадал гаштааст. Зеро баҳр дар гузашта дар рушди соҳаҳои иқтисодию саноатӣ ва ташаккули инфрасохтори устувори иҷтимоии минтақаҳои наздисоҳилӣ нақши муҳим мебозид. Ҳамзамон, тавсифоти иқлимии ноҳияҳои атрофи баҳр дар давраи пуробӣ ва таҳлили муқоисавии таѓйирёбии шароитҳои иқлимии даҳсолаи охири пеш аз хушкшавӣ бо ду даҳсолаи аввали баъди хушкшавӣ (солҳои 1960-1969 ва 1970-1979) ду ҳолати комилан баръаксро нишон медиҳанд. Яъне, буҳрони экологии Арал қабл аз ҳама ба иқлим ва табиати атроф таъсири манфӣ дошта, мувофиқи мушоҳидаҳо, дар минтақаҳои наздисоҳилӣ ҳавои гарму хушк то 15% афзуда, намии ҳаво қариб 4 маротиба кам шудааст.

Бинобар ин, дар доираи Саммити минтақавии экологӣ ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал низ доир гардид, ки масоили марбут ба идоракунии захираҳои об ва буҳрони экологии Арал дар меҳвари ҷаласаи мазкур қарор доштанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки аз соли 1993 инҷониб ҷиҳати баррасии мушкилоти экологии ҳавзаи баҳри Арал ва андешидани чораҳои зарурӣ барои ҳалли ин буҳронҳо беш аз 25 вохӯрию ҷаласаҳои кории сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир гардида, дар фарҷоми онҳо як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимме, чун баёнияҳои Нуқус (1995), Алмато (1997), Ашқобод (1999), Душанбе (2002) ва изҳоротҳои Тошканд (2001), Алмато (2009), Туркманбоши (2018) қабул гардидаанд.

Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони шахсияти ташаббускору пешсафи ҳалли масоили ҷаҳонии обу иқлим дар Саммити минтақавии экологии «Диди муштарак барои ояндаи устувор» ва ба ҳайси яке аз бунёдгузорони Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси он, ҷойгоҳ ва мақоми шоиста дорад. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона сарвари сиёсие мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид 9 ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои захираҳои об, таѓйирёбии иқлим, криосфераву пиряхҳо ва рушди устувори экологӣ ҷонибдорӣ намуда, дар заминаи онҳо беш аз 15 қатъномаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қабул карда шудаанд ва инчунин, Пешвои миллат солҳои 2002-2008 ва 2020-2023 роҳбарии раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Аралро ба зимма доштанд, ки нисбат ба сарварии дигар сарони давлатҳои муассиси он бештар аст. Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки маҳз дар давраи раёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо мақсади беҳбудии ҳолати иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии ҳавзаи он, «Барномаи амалҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани вазъи экологӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал барои солҳои 2003-2010» ва «Барномаи амал оид ба кӯмак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал барои солҳои 2021-2030» қабул гардиданд, ки ба рафъи оқибатҳои буҳрони экологии Арал, ба эътидол овардани экосистема, таҳкими вазъи экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва пешгирии хатари биёбоншавӣ, мутобиқнамоӣ ба таѓйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат намуданд.

Аз ин рӯ, ҳар як иштирок ва суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин ҳамоишҳову чорабиниҳо барои ҳалли мушкилоти экологӣ роҳҳалҳои дақиқу тадбирҳои мушаххасро нишон медиҳад. Зеро ҳар як ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси арзишшиносии воқеӣ ва заминаҳои амалӣ падид омада, баҳри бартараф намудани як ё якчанд мушкилоти мавҷудаи глобалӣ роҳҳалҳои амиқеро нишон медиҳад ва дар худ ҳадафҳои меҳвариеро таҷассум менамояд. Гузашта аз ҳама, ҳадафи асосии ин пешниҳодҳо ҳушдор додани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хавфи бузурге мебошад, ки дар сурати муносибати нодуруст ба табиат ва истифода нооқилонаи захираҳои табиӣ дар наздиктарин фурсатҳо мувоҷеҳ ба он мешавад. Ба андешаи дигар, ҷомеаи ояндаи инсонӣ бештар ба мушкилоти экологии марбут ба обу иқлим андармон мешавад ва ин мушкилот, печидагиҳову унсурҳои алоҳидаи онҳоро дарк намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ташаббускори масъалаҳои ҷаҳонии обу иқлим дар ҳамҷоягӣ барои ҳалли проблемаҳои ҷиддии экологӣ мусоидат менамояд.

Маҳз бо ин мақсад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дигарбора тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои ҳавзаи баҳри Аралро ҷиҳати бартараф намудани буҳронҳои бузурги экологӣ, аз ҷумла фоҷиаи ин баҳр ва андешидани тадбирҳои минбаъдаи муштаракро таъкид намуда, идома ёфтани талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим дар доираи Раванди оби Душанбе зикр карданд. Раванди оби Душанбе иқдоми дигари Пешвои муаззами миллат аст, ки бо мақсади тақвияти талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалҳо дар бахши захираҳои об ва рушди устувор рӯйи кор омада, дар доираи он се конференсияи байналмилалии сатҳи баланди оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир шудааст ва инчунин, рӯзҳои 25-28 майи соли 2026 Коференсияи чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баргузор мегардад.

Мусаллам аст, ки коҳишёбии шадиди гуногунии биологӣ яке пайомадҳои манфии таѓйирёбии иқлим буда, мувофиқи тадқиқоти муштараки коршиносони биологияву метеорология, айни замон зиёда аз 1 млн намуди набототу ҳайвонот дар ҳоли нобудшавӣ қарор доранд. Маҳз бо назардошти ин далел, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Саммити минтақавии экологӣ (RES 2026) таҳти унвони «Диди муштарак барои ояндаи устувор» ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологиро дар ҳалли масъалаҳои муҳити зист қадами муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ ва барқарор намудани экосистемаҳо «дар солҳои соҳибистиқлолӣ масоҳати умумии ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ дар кишвар аз 2,5 то 22 фоиз афзоиш ёфт».

Тавъам ба ин, ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партови газҳои гулхонаӣ дар миёқси минтақаву ҷаҳон саҳми ночиз дорад, хушбахтона мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба тамоми даъватҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла қарорҳои конференсияҳои XIX-ум (2013) ва XX-уми (2014) тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таѓйирёбии иқлим доир ба саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, пешниҳод кардааст. Бо ин мақсади идоракунии партовҳо ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт, Сарвари давлат аҳамияти Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳоро, ки дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст, муҳим арзёбӣ намуда, истифодаи онро ҳамчун платформаи ҷадид ва самараноки минтақавӣ пешниҳод карданд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири густариши сарчашмаҳои таҷдидшавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рушди иқтисодиёти камкарбон ва дар маҷмӯъ, иқтисоди сабз таҷрибаи ѓанӣ дошта, дар шароити имрӯза ба татбиқи механизмҳои рушди «сабз» таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Ҳамин тавр, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим, ки асосҳои воқеӣ, ҳадафҳои мушаххас ва роҳҳалҳои амиқ доранд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирию пуштибонӣ ёфта, барои пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва рафъи буҳронҳои глобалии экологӣ заминаҳои муосид ва фароҳам меоранд.

 

Номвар ҚУРБОН,

мудири Лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент

 
Хондан 43 маротиба