Почему мы используем арабское слово «Аллах», когда есть «Худо», «Иншаллах», когда есть «Худо хоҳад», «Аллаху акбар» когда можно сказать «Худо бузургтарин аст» и «Би-сми-Лляхи-р-рахмани-р-рахим» когда можно сказать «Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон»?
Переводы могут показаться не так красиво изложенными, как в оригинале, но каждый может прочитать и понять смысл этих фраз. Тем не менее, когда дело доходит до Корана, некоторые придерживаются мнения, что переводы в этой области не будут соответствовать всем другим сферам человеческого знания. Когда говорят, что Коран нельзя перевести хорошо, это означает, что ни одна идея не может быть переведена правильно.
Дар ҷомеаи имрӯза шароите пеш омада, ки баҳри дарёфти роҳҳои таълиму тарбияи босифат, инкишофи қобилиятҳои зеҳнӣ, ташаккули тафаккури мантиқӣ, техникӣ ва камолоти маънавии шогирдон омӯзгорону волидон саҳми боризе дошта бошанд. Зеро хоса аҳли ҷомеаро дар шароити рушду инкишофи имрӯзу ояндаи кишвар ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонии пешқадам, аз ҷумла ба дигар намудани низом ва меъёрҳои баҳодиҳӣ ба сифати дониш, маҳорат ва малакаи хонандагону донишҷӯён бисёр ба маврид ва зарурӣ мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ 38%-и аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бояд ҳамаи ин 38% соҳибмаърифат, боистеъдод ва фаъол бошанд, зеро ояндаи кишвари азизи мо дар дасти ҷавонон аст.
Дар ганҷинаи пурғановати забони модарии мо чун гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтоб вожаҳои асилу сараи ба истилоҳ «аҳуроӣ» маҳфузанд, ки реша дар умқи таърих дошта, ба суннат ва расму ойинҳои қадими мардуми мо иртиботи қавӣ доранд ва гузаштаи дури пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзи моро ба фардои дурахшони он пайванд медиҳанд. Вожагоне аз қабили наврӯз, меҳргон, сада, ки номи ҷашнҳои қадими мардуми моро ифода мекунанд, дар ҳамин шуморанд.
Дар бораи шинохти вожаи асили тоҷикии наврӯз, ки аз назари решашиносӣ ва сохтмони дастурӣ таркиби детерминатив (composita determinativa), яъне вожаи мураккаб буда, дар қолаби татпуруша (A+N) сохта шудааст ва Абурайҳони Берунӣ дар «Китобу-т-тафҳим» ин вожаи мураккабро шакли ворунаи ибораи рӯзи нав медонад («нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ в-аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном карданд, зеро-к пешонии соли нав аст» [1,144], иттилои фаровон мавҷуд аст, вале дар бобати решашиносию маънишиносии вожагони меҳргон ва сада хонандаи тоҷик камтар иттилоъ дар ихтиёр дорад.
Ҷашни Сада яке аз маросими маъруфи мардуми тоҷику форс аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-и баҳман (30 январ) баргузор мегардад. Ин рӯзро Обонрӯз низ меноманд.
Сада дар забони авастоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо, таваллуди дигаре барои Хуршед ё Меҳр донем, метавон он рӯзро ҳамоҳанг бо даҳумин ва чиҳилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардуми тоҷику форс ҷашн гирифт.