Дар кор масъалаҳои такмил додани ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ворид шудани вай ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тадқиқ мегарданд. Роҳҳои мувофиқан ба талабот ва принсипҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тараққӣ додани ҳамкории иқтисодии интегратсионии Тоҷикистон нишон дода мешаванд.
Бо ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар назди мардуми кишвар вазифа меистад, ки мувофиқи талаботҳои ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасониро ташкил намоем. Бинобар ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014 таъкид мешавад: «Бо дарназардошти ворид шудани кишварамон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва зарурати таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар, инчунин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мо бояд иқтисодиёти кишварамонро ба меъёрҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мутобиқ созем» [1].
О необходимости нового межтаджикского диалога «АП» рассказал Рустам Хайдаров, доктор философских наук, завотделом политологии Института философии, политологии и права АН РТ.
Эпоху противостояния между таджиками нужно окончательно завершить в 2019 году. Начиная с 2020 года должен начаться новый этап, новая эпоха развития Таджикистана в формате национального согласия, укрепления положительного международного имиджа республики. Всем таджикистанцам необходимо объединиться и сконцентрироваться на осуществлении четвертой стратегической цели нашего государства.
Имрӯз муносибати салоҳиятнокӣ дар таълими фанҳо ба ҳукми анъана даромада истодааст. Доир ба ин масъала қариб ба ҳамаи фанҳои таълимӣ дастур ва роҳнамо таҳия шуда, мавриди амал қарор дода шуддаанд, аммо доир ба ин масъала дар таълими адабиёт ягон дастур ва роҳнамое нест.
Пешвои миллат ба масъалаи мақом ва ҷойгоҳи забон эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва дар ҳамаи маворид онро ҷун рукни пешрафти ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Ба андешаи Сарвари давлат, ”забони миллӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллат нақши калидӣ дорад. Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ ба сифати яке аз забонҳои ширину шоирона ва шевотарини дунё аз ҷониби бузургтарин шарқшиносони ҷаҳонӣ эътироф гардидааст”(1). Воқеан, ин нуқтаи назари Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи тамаддунофари мо исбот шудааст ва муносибати соҳибони забон аз ҳамин назаргоҳ имкон фароҳам меорад, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ рушд намояд ва дар муаррифии кишвар саҳим бошад. Ишорати Пешвои миллат ба афроди соҳибназар ва соҳибқалами миллати тоҷик аст, ки дар дарозои қарнҳои пешин маҳз бо ҳамин забон асар офаридаанд ва мероси арзишмандеро барои имрӯзиён мерос гузоштаанд. Сарвари давлат муътақиданд, ки “маҳз забон бо иқтидор ва тавонмандиҳои худ миллати тоҷикро дар арсаи муборизаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ муқовиматпазир сохтааст”(1).