JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ба риёзату тафаккур шурӯъ мекунад. Наврӯзро метавон ба мисол набзи тапандаи сайёраи Замин шинохт, ки дар гирди Офтоб як даври пурраи соли нуҷумӣ(астронономӣ)-ро паси сар мекунад ва дар моҳи Фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ, ки мӯъҷизакориро аз он оғоз карда буд, бармегардад. Агар ба рамзи Наврӯз аз дидгоҳи даруннигарӣ (маъниҷӯӣ) назар андозем, мебинем, ки рамзи аслии он навсозӣ ва навпардозӣ аст, на кӯҳнапарастӣ, ки баъзе аз ашхос ба хато, бо чашми зоҳирбин онро чунин пиндоштаанд. Ҳарчанд ки Наврӯз ҳар сол ба як қарор такрор мешавад, вале он на ҷашни такрорҳо, балки паёму даъват аст ба кашфу навгонӣ ва инчунин поксозӣ ва бозсозии тинату вуҷуди Инсон ва муҳити зиндагии табииву иҷтимоии ӯ. Ин бозсозии бадану тинат ҳам ба мисли Наврӯзу силсилаҷашнҳои ориёӣ кори доимии инсонҳо мебошад, на кори якрӯзаву дурӯза ва мавсимӣ.  

 Мардуми тоҷик ва дар кулл, ориёинажод бо расолати фарҳангии худ, ки дар назди инсоният доранд, бешубҳа, мардуми хушбахтанд, зеро саҳми онҳо дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Яке аз ин дастовардҳо бунёди оини Наврӯз аст, ки бофтаву тофтаи илми нуҷум (астрономия) ва илми ахлоқ (тарбия) аст. Воқеан, илми аслӣ ҳамон аст, ки дархӯри ҳама ва оламшумул бошад ва барои тамоми ҷаҳониён хидмат намояд. Падидаи ҷаҳонӣ будани илмро аз баррасии осори мутафаккироне чун Абубакри Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ дарёфтан мумкин аст. Ин олимони мутабаҳҳири тоҷикзабон (хоразмиву суғдиву хуросонӣ), ки дар бештари риштаҳои дониши замони худ осори пурарзиш офаридаанд, дур аз таассуботи минтақавӣ, милливу мазҳабӣ ва идеологӣ дар таблиғу интишори илм кӯшидаанд ва дар ба вуҷуд овардани илми сатҳи ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Осори ҷовидонаи илмии онон дар Шарқу Ғарб баҳои сазовор гирифта, дар тӯли асрҳои зиёд барои инсоният хидмати босазо расонида меояд. Бояд гуфт, ки бо ин амали худ ин бузургони илму фарҳанг расолати бесобиқаи таърихии мутафаккирони тоҷику форсро ба намоиш гузоштанд, ки миллатҳои ориёасл на танҳо барои қавми худ дар маҳдудаи этникӣ, балки барои тамоми ҷаҳониён хизмат мекунанд.

  Мақолаи мазкур бо дарназардошти заминаҳои фароҳамбуда ва таҷрибаи амалию таҳқиқотӣ таҳия гардида, ба сифати роҳнамо - нишондиҳандаи роҳу усуслҳои ташаккули низоми (системаи) амалисозии чорабиниҳои идеологӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла, дар самти таъмини амнияти идеологӣ ва ба ин васила муқовимати бонизом ба падидаҳои номатлуб, аз қабили экстремизм, терроризм, ҷинояткорӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва ғайра мебошад. Роҳу усулҳои муносиби таблиғи идеологияи солим муайян карда шуда, дар шакли тавсия ва пешниҳодҳо барои истифодаи васеъ манзур мегардад.

 Миллати Озарбойҷон ба монанди тоҷикон решаҳои куҳан ва таърихи қадима дорад.

Дар асри X-и пеш аз  мелод дар ҳудуди давлати Озарбойҷони кунунӣ  заминаҳои бунёди аввалин  давлатҳои қудратманди он замон, ба монанди Мания ва Модияро дар саҳифоти таърих сабти ном кардаанд, ки таҳти тасарруфи онҳо дар тӯли зиёда аз  300 сол миллат ва халқиятҳои зиёд умр ба сар бурда, барои ташаккулёбии хеш  шароити мусоид фароҳам  оварда буданд.[1]

Таърих гувоҳ аст, ки он замон бо назардошти бо суръат пайдошавии давлатҳои зиёди ғуломдорӣ, набардҳои шадид бо мақсади ҳарчӣ бештар васеъ намудани ҳудуди давлати худ ба мушоҳида мерасад.

Дар ин замина,  дар асри VII-и пеш аз  мелод давлати Мидҳо,  баъд аз  задухӯрдҳои шадид зери тасарруфи форсҳо афтода, бо амри шоҳ  номи Атропатро гирифт.

Китобҳо