Миробид Сайидои Насафӣ аз зумраи суханварони баландпоя ва гаронмояи адабиёти классикии тоҷик буда, осори баландмазмуну пурқимати ӯ аз истеъдоди баланди шоирии ӯ дарак медиҳад. Ӯ аз шоирони пурмаҳсули тоҷик ба ҳисоб рафта, куллиёти осораш бештар аз нуҳ ҳазор байт мебошад. Ба қавли муаллифи тазкираи “Музаккир-ул-асҳоб” Малеҳои Самарқандӣ, “Матлае нест, ки дар мақтааш номи ӯ пайваста набошад, ғазале нест, ки ӯ мухаммас набаста бошад. Ғазалҳои ғаррояш суханваронро санад аст ва мухаммасҳои раънояш гули рӯи сабад аст, шаҳрошӯбаш шӯрҳо дар бозорҳо андохта, рубоиёташ аркони абётро бапо сохта, қасоидаш лангардор, маснавиаш соҳибасрор, муқаттаоташ панд, мустазоди ӯ дилписанд, мувашшаҳоаш муаммо, луғзаш рамзу иймо, номатбӯи ӯ матбӯъ, он чи гуфта, ҳама маснӯъ, ин мазкуротро бисёр хуб ва маънидор гуфта”(1.294).
Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ҷашни мардуми ориёӣ буда, то имрӯз мавқеияти худро гум накардааст ва онро ҳамчун иди суннатӣ бо шодмониву хурсандӣ дар шаҳру вилоят ва ноҳияву деҳот бо базму тараб ва пухтупазҳои солинавӣ-баҳорӣ барои баракату фаровонӣ бо шодобӣ ҷашн мегирифтанд. Ин ид ва ё анъанаи фараҳбахш то имрӯз ҳам давом дорад ва боз ҳам ҷашнгириву тарғибу ташвиқи он ҳамчун иди баҳор, иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол ва тару тоза намудани гулгашту хиёбонҳо дар кишварамон идома ёфта истодааст.
Мазҳаби зиндадилон хоби парешоне нест,
Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст!
Иқболи Лоҳурӣ
Дар замони ҷаҳонишавӣ, авҷи хатари ваҳшатафганӣ (терроризм), дар ҳоли камранг ва заиф шудани эҳсоси масъулияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳо дар назди ҳамнавъон ва умуман, суст шудани эҳсоси ҷавобгар будани ҳар як инсон (ва давлатҳо) дар назди қавонини байналмилалӣ ва суботу сулҳи пойдор дар ҷаҳон аз ҳарвақта муҳим аст, ки мо дар бораи ватан ва хоку замини аҷдодии худ бештар фикр бикунем ва барои ғановату пешрафти ватану ватандорони худ амал бикунем. Маълум аст, ки ватан барои ҳар як фард, аз он ҷумла барои тоҷикон, аз хонаву кӯча ва деҳаву диёри хурди он оғоз ва бо фарогирии мамлакату миллат ва аҳли сайёра ва нигоҳдошти охирин падидаи ҳаёт дар рӯи сайёра хатм мешавад. Асос ва моҳияти ватанро ҳиссиёти иҷтимоиву сиёсии шахсият, муҳаббати ӯ ба волидон, ба сарзамини аҷдодӣ, ба таърих ва фарҳанги бумии мардум ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти оморҳои расмӣ (Форбс, Интербранд ва ғ.) дар интиҳои даҳсолаи дуюми асри XXI дороӣ ва нуфузи ширкатҳои алоқаманд ба коркарди иттилоот нисбатан бештар рушд ёфтаанд. Масалан дар сомонаи маҷаллаи молиявӣ-иқтисодии Форбс – www.forbes.com барои соли 2018 рейтинги 100 брендҳои гаронбаҳотарини ҷаҳон оварда шудааст ва дар он 5 ҷойи аввалро ширкатҳои Apple, Google (Alphabet), Microsoft, Facebook ва Amazon ишғол менамоянд.
Дар ин қатор, мувофиқи оморҳои расмӣ, арзиши ширкати Apple беш аз 1 триллион доллари ИМА буда, самтҳои асосии фаъолияти он электроника ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Самти фаъолияти ширкати Google бошад, дар вақти таъсисёбии он (1998) эълон шудааст – «Ташкили иттилооти ҷаҳонӣ, таъмин намудани дастрас ва муфид будани он барои ҳама». Сармояи ширкати мазкур мувофиқи ахборотҳои расмӣ дар вақти таъсисёбӣ то 1 миллион доллари ИМА буда, ҳоло арзиши ширкат беш аз 860 миллиард доллари ИМА (2018) мебошад. Самти фаъолияти асосии ширкати Microsoft низ асосан зеҳнӣ буда, ба кор карда баромадани таъминоти барномавӣ нигаронида шудааст ва арзиши ширкати мазкур дар соли гузашта беш аз 850 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Арзиши шабакаи иҷтимоии Facebook бошад мувофиқи оморҳои расмӣ дар соли гузашта беш аз 500 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин қатор яке аз Интернет-хадамотҳои аввалин оид ба фурўши маҳсулотҳои талаботи оммавии Amazon дороии худро дар соли 2018 то ба 950 миллиард доллари ИМА расонидааст.