Дар чанд даҳсолаи охир раванди ҷаҳонишавӣ дар соҳаи иқтисод, махсусан молияву сармоягузорӣ, суръати баландеро касб карда, тамоми ҷаҳонро дар бар гирифтааст. Дар воқеъ, ҳеҷ як кишваре наметавонад худро аз ин раванд канор гирифта, рушду пешрафти устувор дошта бошад. Сармоя, воситаҳои молиявӣ ва донишҳои нави технологӣ ҳамеша майл ба кишварҳое доштанд, ки дар онҳо муҳити мувофиқи сармоягузориву фаъолияти соҳибкорӣ вуҷуд дошта бошад. Дар рақобат барои дастрас кардани сармоя ва технологияҳои нав давлатҳои муосир иштироки фаъол дошта, мекӯшанд, ки дар дохили худ як муҳити бартаре созанд ва бо ҷалби сармояву технологияҳо аз саросари ҷаҳон ватани худро обод ва аҳолии онро дорову хушбахт созанд.