JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 29 Апрели 2024 09:45

Муҳити сармоягузорӣ ва шароити иқтисодӣ

Муаллиф: Меҳр СОБИРИЁН

 (мулоҳизоте  куллӣ дар заминаи пешрафтҳои Кореяи Ҷанубӣ)

  Дар заминаи омӯзиши таҷрибаи муваффақи рушди иқтисодии кишварҳои пешрафта, муаллиф раванди ислоҳот ва рушди Ҷумҳурии Корея дар давраи муосирро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҷиддияту сахткӯшӣ ва ҳадафмандии раҳбарони ин кишвар, аз аввали солҳои шастуми асри гузашта то имрӯз, ба омили асосии рушду пешрафти он табдил ёфтааст, ки барои дигар кишварҳои рӯ ба рушд намуна буда метавонад. Гузоштани ҳадафҳои мушаххас ва маҳдуд, ки имкони амалӣ кардани онҳо вуҷуд дорад, дуруст интихоб кардани шарикон аз бахши хусусӣ ва пайваста ислоҳот ворид кардан дар сиёсат, ҷиҳати мутобиқ сохтани шароити дохилӣ бо тағйирот дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз вижагиҳои ҳукуматҳои ин кишвар дар давраи мавриди назар будааст. Онҳо тавонистанд муҳити кору сармоягузории хуберо нахуст барои ширкатҳои дохилӣ муҳайё созанд ва баъдан аз аввали солҳои 80-уми асри гузашта батадриҷ онро барои ширкатҳои хориҷӣ низ таъмин намоянд. Ин сиёсат рушди устувори Кореяи Ҷанубиро барои чанд даҳсола таъмин карда, онро ба гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид намуд.

  Расидан ба рушди баландсуръату устувор дар як кишвар ба тағйирёбандаҳои зиёд вобаста мебошад. Дар якҷоягӣ ислоҳот ворид кардан дар ҳамаи соҳаҳои вобаста ба рушди иқтисодӣ муҳитеро ба миён меоварад, ки руҳияи соҳибкорӣ боло гирифта, сармоягузорӣ бештар мегардад. Ин муҳит даромади давлат ва аҳолиро зиёд намуда, боиси кам гаштани камбизоатӣ ва бартараф шудани мушкилоти зиёде дар ҷомеа мегардад.

  Дар дусад соли охир кишварҳои зиёде тавонистанд муҳити дурусти сармоягузориро ба вуҷуд биёранд, ки дар натиҷа ба рушди иқтисодии баландсуръат даст ёфтанд ва ба гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гарданд. Барои як кишвари рӯ ба рушд омӯхтани таҷрибаи онҳо, ҷиҳати дури ҷустан аз хатоҳо ва истифодаи таҷрибаҳои дурусти ин кишварҳо, шарт ва зарур мебошад. Ҳамчунин, дарки дурусти ҷойгоҳи кишвари худ, гузоштани ҳадафҳои мушаххас ҷиҳати ислоҳи вазъ, таҳия ва амалисозии сиёсати дуруст барои ба вуҷуд овардани як муҳити созандаи иқтисодӣ, вазифаи ҳар як ҳукумати амалкунанда мебошад. Бе дарки ҷойгоҳи воқеии кишвар дар ҷаҳони муосир, эътирофи мавқеи аслии давлат дар сатҳи байналмилалӣ, шинохти омилҳои боздорандаи рушд ва барномарезиҳои илмбунёди давлатӣ аз ҷониби тасмимгирандагони аслии давлат, ислоҳоти бунёдии таҳкимбахши муҳити сармоягузорӣ ғайримумкин аст.

  Ҷумҳурии Корея ё Кореяи Ҷанубӣ аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки таҷрибаи ибратомӯзе дар ростои ислоҳот ва рушдро дорад. Ин кишвар тавонистааст дар се даҳсола аз як давлати ҷангзада ва ақибмондаи кишоварзӣ ба як кишвари пешрафтаи саноатӣ ва дорои технологияҳои муосир табдил ёбад. Ин равандро дар адабиёти илмӣ “Муъҷизаи дарёи Ҳан” унвон гузоштаанд. Онҳо дар пайравӣ аз “Муъҷизаи Рейн”-и Олмон мехостанд ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида дар як давраи кутоҳ аз буҳрон бароянд. Ҳангоми суханронии худ дар остонаи соли нави 1961 нахуствазири вақти Кореяи Ҷанубӣ Чанг Мён мегӯяд: “Барои расидан ба ”Муъҷизаи дарёи Ҳан” ба мисли Олмон, мо бояд ҷиддият ва сахткӯшии монанд ба олмониҳоро дошта бошем”. Онҳо дар солҳои баъдӣ ин ҳадафҳои худро тавонистанд бо ҳамон ҷиддияту сахткӯшӣ ва ҳадафмандӣ амалӣ созанд. Дар воқеъ, гузариши як кишвар аз фақру ақибмондагӣ ба иқтисоди пешрафтаву дорои технологияҳои мураккаб дар як муддати нисбатан кутоҳ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ хеле кам ба назар мерасад. Саноатикунонӣ дар ин кишвар ҳамагӣ 19 сол тул кашидааст, ки барои мисол ин давра дар Олмон 68 сол ва дар Нидерландия 98 сол давом кардааст (2). Даҳҳо кишвари дигаре дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ки даҳсолаҳо ҳадафҳои саноатикунонӣ ба миён мегузоранд, вале дар амал аз суръати ҷараёни дарёи рушди ҷаҳонӣ як зарра ҳам натавонистаанд суръати рушди бештаре дошта бошанд.

  Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун як кишвари шарқии ҳудудан бо Тоҷикистон наздик метавонад барои кишвари мо намуна бошад. Ин кишвар дар замони муосир бо қонуну қоидаҳои иқтисодии ҷорӣ дар ҷаҳони имрӯз тавонистааст ба рушди босуръат даст ёбад. Омӯзиши таҷрибаи ин кишвар ва истифодаи роҳу усулҳои истифодашуда дар он метавонад моро барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” кумак кунад. Аҳамияти омӯзиши таҷрибаи ин кишвар барои ҳар кишвари рӯ ба рушд муҳим мебошад. Дар пайроҳаи расидан ба рушди устувору баландсуръат донишҳои дастрасшуда аз ин омӯзишҳо хеле зарур мебошад. Ин донишҳо имкон медиҳанд, ки бо такрор накардани хатогиҳо ва истифодаи таҷрибаи коршоями ин кишвар, муҳлати амалӣ сохтани ҳадафҳои бузургӣ иқтисодӣ ба маротиб кам карда шавад.

 Ҳарчанд решаҳои асосии рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Кореяи Ҷануби ба авалли асри 20-ум бармегардад, вале ислоҳоти ҷиддӣ ва натиҷагирӣ аз он аз солҳои 60-уми асри гузашта шуруъ шудааст. Баъди ба даст овардани истиқлолият пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ Корея вориди фоҷеаи дигар шуд. Ҷанги дохилӣ дар ин кишвар, ки боиси ду пора гардидани он шуд, онро ба харобазор табдил дод. Гузашта аз ин, қисмати зиёди корхонаҳои саноатӣ, ки аз ҷопониҳо монда буданд, дар ҳудуди Кореяи Шимолӣ монданд. Он замон Кореяи Ҷанубӣ як кишвари кишварзӣ буд, ки аз ҷиҳати рушди саноат аз Кореяи Шимолӣ ақиб монда буд. Пас аз ҷанги солҳои 1950-1953 Кореяи Ҷанубӣ  кӯшиш мекард ислоҳот кунад ва кишварро ба пайроҳаи рушд ворид намояд. Вале мавҷудияи фасоду ришвахории густарда монеи амалӣ сохтани ин аҳдоф мегардид. Илова бар ин, муборизаи сиёсии ҳизбҳои гуногун иҷрои ҳадафҳои стратегии бузургро мушкил месохт. Кишвар ба як ҳукумати сахтгир ва ҳадафманд эҳтиёҷ дошт.

  16-уми майи соли 1961 дар Кореяи Ҷанубӣ табодулоте ба вуқуъ пайваст, ки вазъиятро дар ин кишвар бакуллӣ дигар сохт. Ин табодулотро генерал Парк Чунг-Ҳӣ раҳбарӣ мекард, ки баъдан барои зиёда аз ду сол ҳукумати муваққатиро сарварӣ менамуд. Вай як низоми нисбатан сахтгирро ҷорӣ карда, салоҳиятҳои президенро зиёд намуд. 15-уми октябри соли 1963 интихоботи президентӣ гузаронида шуд, ки Парк Чунг-Ҳӣ дар он ғалабаро ба даст овард.(4) Бо ба даст овардани қудрати бештар Парк Чунг-Ҳӣ тавонист ҳадафҳои бузургро дар пеш гузошта, тамоми манбаъҳои миллиро барои амалӣ сохтани онҳо равона созад.

  Дар мубориза бо фасоду ришвахорӣ ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ бо сарварии Парк Чунг-Ҳӣ хеле қадамҳои ҷиддӣ бардошт. Онҳо ин мушкилро ҳам дар низоми давлатдорӣ медиданд, ҳам дар соҳибкорон. Ин буд, ки “раҳбарони ширкатҳои бузург ба ҳабс гирифта мешуданд, кормандони давлатии зинаи раҳбарикунанда ҳама ихроҷ карда шуданд ва боқимонда кормандони давлатӣ ба бозомӯзии дуҳафтаина равон карда шуда буданд. Баъдан тибқи созишномаи нав раҳбарони ширкатҳои бузург ба ин шарт аз зиндон озод карда шуданд, ки аз ин пас манфиатҳои миллиро болотар аз манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худ мегузоранд. Ҳамчунин кормандони нави давлатии дар сатҳи раҳбарикунанда буда, ба таври систематикӣ, дар ҳар шаш моҳ иваз мешуданд, то аз пайвандҳои нави фасодкорӣ миёни онҳо ва ширкатҳои хусусӣ пешгирӣ шавад.”(3). Дар баробари ин давлат ҳадафҳои бузурги стратегии худро муайян карда, дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ба амалӣ сохтани онҳо шуруъ кард.

 Солҳои аввали истиқлолият дар Кореяи Ҷанубӣ ислоҳоти замин гузаронида шуда буд ва ин то ҷойе заминаи рушди фарогирро ба вуҷуд оварда буд(1). Ҳукумати нав дар солҳои 1960-ум ба рушди соҳаи саноати сабук, ки дар он бартарии нисбӣ, бо шарофати қувваи кории арзон, доштанд, таваҷҷуҳи бештар намуда, манбаъҳои дар дастдоштаи худро ба он равон кард. Сиёсати давлат ба содироти ин маҳсулоти осонтавлиде, ки қувваи кории зиёдро талаб мекунанд, нигаронида шуда, ба ширкатҳои содироткунанда сабукиҳои зиёд дода мешуд. “Ин амалан ба ин далел буд, ки тибқи қонунҳои назарияи иқтисодӣ, тиҷорати озод манбаи муҳими рушди иқтисодӣ аст ва даромаднокии он, дар ҳоли тахассус ёфтан ба истеҳсоли маҳсулоте, ки дар он кишвар бартарии нисбӣ дорад, устувор боқӣ мемонад”(3). Ин сиёсат барои чанд сол тавонист муваффақ бошад ва иқтисоди Кореяи Ҷанубӣ рушди баландсуръат дошта бошад. Вале, бо боло рафтани арзиши қувваи корӣ дар ин кишвар ва ворид шудани кишварҳои дигари минтақа ба бозори маҳсулоти саноати сабук, ки қувваи арзонтари корӣ доштанд, ояндаи ин сиёсатро зери суол мебурд. Аз ин ҷост, ки ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ нақшаҳои навро рӯи даст гирифта, ба саноати вазнин ва кимиёвӣ таваҷҷуҳ кард. “Шаш соҳа (филизот, оҳангудозӣ, кимиёвӣ, электроника, мошинолот ва киштисозӣ) барои дастгирӣ муайян шуда, имконоти лозима фароҳам оварда шуданд ва ширкатҳои бузурги хусусӣ барои кор дар онҳо равона карда шуданд”(3).

 Ширкатҳои бузурге, ки зери раҳбарии давлат даст ба сохтани корхонаҳои саноати вазнин ва кимиёвӣ заданд, аз ҷониби ҳукумат дастгирии зиёд медиданд. Дар солҳои 70-уми асри гузашта ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ниҳодҳои муайянеро барои амалӣ сохтани ҳадафи нави худ таъсис дод. Фонди миллии саноатикунонӣ, Шӯрои банақшагирии иқтисодӣ, Пажуҳишгоҳи илму фановарии навини Корея аз ҷумлаи ниҳодҳое мебшанд, ки давлат барои амалӣ кардани нақшаи саноатикунонии худ таъсис дода буд.

  Ҳамчунин сабукиҳои андоз ва қарзгириро давлат ба ширкатҳои ба саноати вазнину кимиёвӣ равонашуда пешкаш карда буд. “Сар аз соли 1973 ширкатҳои мазкурро аз андозҳои дохилӣ ба монанди андоз аз даромад барои се сол баъди таъсисёбӣ озод намуда, барои ду соли дигар аз нисфи андозҳо озод карда буд” (3). Давлат ҳамаи ниҳодҳои молиявиро дар даст дошт ва ин қудратро барои дастгирии ширкатҳои мазкур истифода бурда, самти ҳаракати онҳоро муайян менамуд. “Дар авоили солҳои 1970-ум молики асосии панҷ бонки тиҷоратии бузург ва шаш бонки махсуси кишвар давлат буд (3)”. Ин воқеият имкон медод, ки ба ширкатҳои дастбакор дар саноати вазнин ва кимиёвӣ қарзҳо бо фоизи пасттарин дода шавад. Ҳатто фоизи ин қарзҳо манфӣ мешуд, агар сатҳи таваррум дар назар гирифта шавад. Дар баъзе маврид давлат аз бозори молиявии ҷаҳонӣ қарзҳоро бо фоизи муайян гирифта, ба ширкатҳои мавриди назар ба фоизи пасттар медод. Фоизи боқимонда аз буҷаи давлат супорида мешуд. Ин ба ширкатҳо имкон медод, ки воситаҳои молиявиро осонтар ба даст оварда, ҳама нерӯи худро барои пешрафти кор ва дастрасӣ ба технологияҳои нав равона созад.

  Дар солҳои 1960-ум бо пешрафти саноати сабук иқтисоди Кореяи Ҷанубӣ камбудии қувваи кориро ҳис намекард. Дар он давра мутахассисони баландкасб камтар лозим буданд. Вале бо пеш гирифтани ҳадафи рушди саноати вазнин ва кимиёвӣ талабот ба чунин мутахассисон зиёд шуд. Ҳарчанд ҳукумати ин кишвар ислоҳоти соҳаи илму маорифро пештар оғоз карда буд, дар ин давра ба он таваҷҷуҳи бештар мекард. “Муваффақияти иқтисодии Корея натиҷаи дунболагирии беҳтарсозии имконоти технологӣ, боло бурдани самаранокӣ ва афзоиши рақобатпазирии ҷаҳонӣ буд. Таҷрибаи Корея нишон медиҳад, ки кишварҳои дар роҳи рушд метавонанд аз сармоягузории саривақтӣ, устувор ва ҳадафнок ба навоварӣ ва технологияҳо манфиати бузург гиранд. Муваффақияти Корея дар беҳтарсозии босуръати имконоти технологӣ дар заминаи ба вуҷуд овардани инфрасохтори дуруст, тавсеаи сармояи инсонӣ, ва суботи макроиқтисодӣ, ҳамчунин аз худ кардани ва паҳн кардани фановариҳои мавҷудаи ҷаҳонӣ, ба даст омадааст. Густариши муассисаҳои олии омӯзишӣ боиси пайдо шудани мутахассисони дорои касбияти баланд ва нерӯи кории лозимӣ барои пешбурди корҳои илмӣ-пажуҳишӣ ва ворид сохтани технологияҳои нав ба соҳаи саноат гардиданд. Давлат Пажуҳишгоҳҳои илмии давлатиро таъсис дод, ки онҳо технологияҳои калидӣ барои соҳаи телекоммуникатсия ва нимноқилҳо(semiconductors)-ро рушд доданд. Ин дар замоне буд, ки бахши хусуси имкони сармоягузории лозима ба корҳои илмӣ-тадқиқотиро надошт”(1, саҳ. lviii). Дар ин раванд саҳми илму маориф зиёд мебошад ва бе сармоягузории саривақтӣ, устувор ва ҳадафнок ба ин соҳа иқтисод бо камбудӣ мутахассисони баландкасб рӯ ба рӯ мегардад, ки амалӣ сохтани саноатикунониро номумкин мегардонад. Чунки бе доштани чунин мутахасисон тавлиди маҳсулоти бозоргир дар сатҳи ҷаҳонӣ ғайримумкин аст. Ҷумҳурии Корея тавонист вазъиятро дуруст шиносад ва дар баробари сарфи маблағҳои зиёд барои саноатикунонӣ соҳаи илму маорифро низ тақвият диҳад ва мутахассисони лозимаро сари вақт омода намояд. Дар ин ҷо нақши Пажуҳишгоҳҳои илмии давлатӣ дар баробари мактабу донишгоҳҳо хеле баланд буд. Таҷрибаи ин кишвар дар ҷодаи  ба ҳам овардани илму истеҳсолот барои кишварҳои рӯ ба рушд омӯзанда мебошад. Махсусан, таҷрибаи кории Пажуҳишгоҳҳои илмии давлатии Корея, ки ҳадафнок кор карда, натиҷаҳои бузургеро ба даст овардаанд. Ҳар кишваре, ки чунин ҳадаф мегузорад, бояд ҷиддият, ҳадафмандӣ ва сахткӯшии корегиҳоро дошта бошад. Вагарна, даҳсолаҳо дар забон ибораи ба ҳам овардани илму истеҳсолот чарх мезанаду натиҷа ба сифр наздик боқӣ мемонад.

 Як вижагии ҳукуматҳои Кореяи Ҷанубӣ сар аз давраи генерал Парк Чунг-Ҳӣ ин аст, ки онҳо вазъияти кишвари худ ва ҷаҳонро пайваста арзёбиҳои нав мекарданд. Ин имкон медод, ки камбудиҳо ошкор гардида, сари вақт ислоҳ шаванд ва ояндаи наздик пешбинӣ гардад. Дар асоси ин азрёбиҳо онҳо ҳадафҳои стратегии худро ҳар даҳсола иваз мекарданд. Агар солҳои 60-уми асри гузашта ҳадафи асосӣ рушди саноати сабук ва бофандагӣ буд, дар аввали солҳои 70-ум маълум шуд, ки дар бозори ҷаҳонӣ кишварҳои дигар бо бартарии нисбии хубтар ворид шуда истодаанд. Ҳукумати Корея сари вақт вокуниш карда, ҳадафҳои стратегии худро дигар намуд ва рушди саноати вазнин ва кимиёвиро мавриди таваҷҷуҳи асосии худ қарор дод. Бештари манбаъҳои миллии худро барои расидан ба ин ҳадаф равона сохтанд. Дар ин давра бо ба миён омадани ду буҳрони энергетикӣ (солҳои 1973 ва 1979) дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳдудиятҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳо бештар шуда буданд. Ин воқеият ба Корея имкон дод, ки воридшавии маҳсулоти рақобаткунандаро аз хориҷ маҳдуд кунад ва ба ширкатҳои худ имкони қавӣ шуданро диҳад. Аммо дар оғози солҳои 80-ум вазъият тағйир ёфт ва ҳукумати ин кишвар маҷбур шуд, маҳдудиятҳоро кам кунад ва бозори дохилии худро ба рӯйи ширкатҳои хориҷӣ кушояд. Ин ширкатҳои дохилиро маҷбур мекард қавӣ шуда, бо ширкатҳои хориҷӣ дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд.

  “Эътилофи давлат бо соҳибкорони бузург бомуваффақият боиси рушди Корея дар тули се даҳсола (1960-1990) гардид. Мудохилаи мустақими давлат ба бозор ва муносибати мутақобилан судманди давлат бо ширкатҳои бузург “ширеш”-и пайвасткунандае буд, ки ин эътилофро қавӣ мекард ва боиси рушди кишвар мегардид. Аммо идораи ин эътилоф дар баробари васеъшавӣ, мураккабшавӣ ва ҷаҳонишавии иқтисоди Корея торафт мушкил мешуд. Дар қадами баъдӣ барои рушди худ  Корея маҷбур шуд сиёсати худро дигар карда, аз дастгирии зиёди ширкатҳои бузург даст кашад ва қоидаҳои иқтисоди бозориро бештар риоя кунад, то иқтидори иқтисодиву иҷтимоии пурраи худро амалӣ созад” (1, саҳ. xxxvi).  Бо кушода шудан ва боло рафтани ҳамгироии иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар солҳои 80-уми асри гузашта Ҷумҳурии Корея маҷбур шуд раванди демократишавии ҳукуматро тезонад. Дар ин давра дар баробари рушди иқтисодӣ ин кишвар ниҳодҳои демократии худро низ беҳтар карда, соли 1987 интихоботи сирф демократиро гузаронд ва раҳбари ғайринизомӣ сари кор омад. Дар охири ҳамон солҳои 80-ум маълум гардид, ки имконоти рушд дар доираи низоми пешин маҳдуд шудаанд. Зарурати ислоҳоти нав ба миён омада буд.

  Дар солҳои 1990-уми асри гузашта тағйироти ҷиддӣ дар муносибати давлат бо соҳибкорон ба миён омад. Дар ин давра соҳибкории хурду миёна дастгирии бештар меёфт ва кишвар дигар раванди аз худ кардани технологияҳои мавҷуди ҷаҳониро ба поён расонида, худ ба навоварӣ ва эҷоди технологияҳои нав машғул буд. Давлат дар сиёсати худ тағйирот ворид карда, барои рушди корхонаву ширкатҳо муҳити хубтар месохт. Буҳрони иқтисодии Осиё тайи солҳои 1997-1998 камбудиҳои зиёдеро дар Корея ошкор кард ва имконияти дигаре шуд барои ислоҳоти бештар ворид кардан ба низоми иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар. Ҳамин тариқ, дар солҳои баъди низ ислоҳот идома меёфт ва давлат тавонист як муҳити сармоягузорие созад, ки иқтисоди он бо ҳама тағйиротҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ шуда, рушди устувор дошта бошад.

  Ислоҳоти пайваста дар баробари тағйирёбии шароити бозори ҷаҳонӣ яке аз вижагиҳои Корея мебошад. “Ислоҳот як амали яквақта набуда, як раванди давомнок мебошад. Чандин кишвари дигар низ ҳамин таҷрибаи ислоҳоти Кореяро дар солҳои 90-ум ва баъд такрор кардаанд. Афзоиши ҳамгироии иқтисодии минтақавиву ҷаҳонии онҳо ҳамроҳ бо тағйироти технологӣ, нишон медиҳад, ки сиёсатҳо бояд ба таври давомнок дар баробари тағйироти вазъият иваз шуда, иқтисодро ба муҳити нав мутобиқ гардонанд”(6, саҳ. 5). Аммо ин ислоҳот ба осонӣ ба даст намеомад. Чуноне ки қайд карда шуд ҳукумат аз солҳои 1960-ум барои амалӣ сохтани ҳадафҳои худ бо ширкатҳои бузург, ки онҳоро “чаебол” (chaebol) меномиданд ва маъмулан ба як оила тааллуқ доштанд, ҳамкории зич мекард. Ин конгломератҳо (ширкатҳое, ки аз чандин корхонаи бо ҳам алоқаманд набуда иборат мебошанд) аз кумакҳои давлат истифода бурда дар се даҳсола хеле бузург шуда, мустақил шуданд. “Дар марҳилаи аввали рушди иқтисодии Корея дар солҳои 60-ум ва 70-ум, ширкатҳои бузург аз ҳимоят ва дастгирии истисноии давлат бархурдор буданд ва аз тариқи дастрасии инҳисории худ ба манбаъҳо ба рушди босуръати иқтисодии кишвар кумак расониданд. Давлат ба онҳо иҷозат дод то дар соҳаҳои муайян фаъолияти иқтисодӣ дошта бошанд ва ба таври доимӣ ба онҳо кумакҳои молӣ, қарзҳо бо фоизи паст, сабукиҳо дар андозҳо, дастрасӣ ба арзи хориҷӣ, иҷозатномаҳо барои воридоту содирот медод. То охири ҳукумати низомиён дар соли 1987 давлат ва чаеболҳо фазои иқтисодии Кореяро дар даст доштанд ва бо ҳам ҳамкории мутақобилан судманд мекарданд. Бо дар даст доштани сармоя давлат дар мавқее буд, ки метавонист фаъолияти чаеболҳоро ҳамоҳанг кунад. Дар айни ҳол, давлат барои дастёбӣ ба ҳадафҳои худ, яъне таҳаввул ва рушди саноат, ба чаеболҳо эҳтиёҷ дошт”(6, саҳ. 32). Ин ширкатҳои бузург дар бештар маврид монеи ислоҳоти бунёдӣ мешуданд ва намехостанд, ки мақоми хоси худро аз даст диҳанд.

  Бо бештар ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ чаеболҳо аз ҷиҳати молиявӣ мустақилтар шуда, заминаи мустаҳками эҷоди технологияҳои навинро  доро шуданд. “Дар давраи солҳои 1987-1997 системаи Кореяро метавон ҳамчун капитализми чаеболӣ тавсиф кард. Чаеболҳо батадриҷ аз ҳимоя, дастгирӣ ва раҳнамоии давлат мустақил шуданд” (6, саҳ. 32). Чаеболҳо хеле бузург шуда, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир буданд. Барои давлат ҳам дигар идораи ин ширкатҳо мушкил шуда буд. Ин буд, ки дар солҳои аввали 90-ум, вақте Кореяи Ҷанубӣ ислоҳоти лозимаро барои ворид шудан ба Созмони ҳамкорӣ ва тавсеаи иқтисодӣ (ҷамъи кишварҳои пешрафта аз ҷиҳати иқтисодӣ ва рушди демократӣ) пайгирӣ мекард, дар баъзе ҳолат бо муқобилияти ин ширкатҳо дучор мешуд. Аммо Буҳрони иқтисодии Осиё дар солҳои 1997-1998 вазъиятро барои ислоҳот ворид кардан мувофиқтар сохт. Дар ин буҳрон аз нисф зиёди чаеболҳо варшикаста гардида, дар ҷомеа зарурати ислоҳот ворид кардан аз ҷониби аксарият дарк карда шуд. Ин фурсатро ҳукумат дуруст истифода карда, ислоҳоти лозимаро сари вақт роҳандозӣ намуд, ки бо шарофати он ислоҳоти саривақтӣ яке аз аввалинҳо шуда буҳрони мазкурро паси сар кард. Баъд аз рафъ шудани ин буҳрон чаеболҳои боқимонда ва ширкатҳои дигари хурду миёна дар шароити нав рушд мекарданд, ки то имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро мустаҳкам нумуда истодаанд.

  Ҳамин тариқ, Кореяи Ҷанубӣ дар раванди рушди иқтисодии босуръати худ ҳамеша вазъиятро арзёбӣ карда, сиёсатҳои худро иваз мекард. Агар дар ду даҳсолаи аввал худи давлат ҳамчун сармоягузори асосӣ амал мекард, дар даҳсолаҳои баъдӣ тадриҷан муҳитро барои сармоягузорони дигари дохиливу хориҷӣ беҳтар сохт. Воридоти Сармояи мустақими хориҷӣ баъд аз Буҳрони иқтисодии Осиё  ва ислоҳоти бароҳмондаи давлат бамаротиб зиёд шуд. Инро дар намояи зерин дидан мумкин аст.

 Муҳити сармоягузорие, ки танҳо барои ширкатҳои миллии Корея мувоффиқ буд дигар наметавонист рушди минбаъдаи иқтисоди ин кишварро таъмин намояд. Ин буд, ки ислоҳот дар он сурат гирифт ва воридоти сармояи мустақими хориҷӣ афзоиш ёфт, ки то имрӯз яке аз сарчашмаҳои рушд барои Корея Ҷанубӣ маҳсуб меёбад.

  Дар хулоса метавон гуфт, ки сад дарсад нусхабардорӣ кардани таҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ барои кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла Тоҷикистон, дигар имконпазир нест. Чунки имрӯз вазъияти дохилии кишварҳо ва шароит дар бозори ҷаҳонӣ дигар шудаанд. Вале қисман омӯхтани сиёсатҳои муваффақи ин кишвар ва пиёда сохтани онҳо дар дигар кишварҳо имконпазир буда, метавонад боиси ҷаҳиши иқтисодии онҳо гардад. Дар воқеъ, ҷиддият, ҳадафмандӣ ва сахткӯшии давлатмардони ин кишвар метавонад намунаи ибрат бошад. Гузоштани ҳадафҳои мушаххас ва маҳдуд, ки имкони амалӣ кардани онҳо вуҷуд дорад, дуруст интихоб кардани шарикон аз бахши хусусӣ ва пайваста ислоҳот ворид кардан дар сиёсат, ҷиҳати мутобиқ сохтани шароити дохилӣ бо тағйирот дар сатҳи ҷаҳонӣ, метавонад ҳар кишвари дигареро ба пайраҳаи рушди устувор ворид созад.

  Таҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ нишон медиҳад, ки ислоҳот ин кори яквақте нест, балки як раванди доимӣ мебошад. Дар сатҳи баланди давлатӣ ҳамоҳанг кардани фаъолияти ширкатҳои гуногун, дастгирӣ ва кумак кардани онҳо ва истифодаи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ имрӯз ҳам имконпазир аст. Ин ҷо пеш аз ҳама дуруст шинохтани вазъият дар бозори ҷаҳонӣ ва дуруст муайян кардани бахшҳое, ки дар он кишвар бартарии нисбӣ дорад, нақши калидӣ доранд. Бе дуруст шинохтани ин масъалаҳо ва пешбинӣ кардани ояндаи наздик наметавон ҳадафҳои амалишавандаро пеш гузошт ва ба онҳо расид. Баъдан интихоби холисонаи шарикон аз бахши хусусӣ ва қатъи ҳама намуди ҳамкорӣ бо он ширкатҳое, ки дар иҷрои масъулияти худ саҳлангорӣ мекунанд, рақобати солимро дар ин ҷода ба вуҷуд мерад, ки он боиси сахткӯшии масъулон аз бахши хусусӣ гашта, иқтисоди кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир мегардонад. Ворид шудани ширкатҳое, ки ба давлатмардон ва ё аҳли оилаи онҳо тааллуқ доранд, бояд пешгирӣ шавад, чунки ин худ омили сар задани фасодкорӣ дар ин соҳа шуда, муҳитро носолим месозад ва боиси заиф шудани иқтисодӣ миллӣ мегардад.

  Як вижагии дигари Кореяи Ҷанубӣ ин буд, ки онҳо бештар ширкатҳоеро кумак, ҳимоя ва пуштибонӣ мекарданд, ки маҳсулоти содиротӣ истеҳсол мекарданд. Онҳо намегузоштанд, ки ин ширкатҳои бузург бозори дохилиро ба монополияи худ табдил дода, аз ҳисоби мардум даромади зиёд ба даст оваранд. Ин паҳлуҳои раванди рушди устувори иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ низ бояд аз ҷониби кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла Тоҷикистон, ба инобат гирифта шавад. Умуман, таҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ метавонад барои ҳар кишвари рӯ ба рушд як сарчашмаи дониши дар амал татбиқшуда, барои ислоҳоти густарда, ҷиҳати ба даст овардани рушди устувору баландсуръат, бошад. Тоҷикистон низ метавонад аз таҷрибаи он истифода кунад ва нисбатан зудтару осонтар ҳадафи чоруми стратегии худ - “Саноатикунонии босуръати кишвар”-ро  дар амал татбиқ намояд.

 

Меҳр СОБИРИЁН

ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Сарчашмаҳо

  1. Hoon Sahib Soh, Youngsun Koh, and Anwar Aridi, Innovative Korea (Leveraging Innovation and Technology for Development), 2023 International Bank for Reconstruction and Development / The World Bank, 1818 H Street NW, Washington, DC 20433;
  2. The Miracle on the Han: Economic Currents

https://www.koreasociety.org/images/pdf/KoreanStudies/Monographs_LessonPlans/High_School/4%20The%20Miracle%20on%20the%20Han.pdf

  1. Zeynullah Gider, “The Miracle of Han River” The Big Push of Korea: HCI Drive Policy

https://www.academia.edu/30692690/_The_Miracle_of_Han_River_The_Big_Push_of_South_Korea_HCI_Drive_Policy

  1. Miracle on the Han River,

https://en.wikipedia.org/wiki/Miracle_on_the_Han_River#:~:text=Miracle%20of%20the%20Han%20River,country%20to%20a%20developed%20country.

  1. Донишномаи “Britannica”, History of South Korea

https://www.britannica.com/place/South-Korea/History

Nicolas, F., S. Thomsen and M. Bang (2013), “Lessons from Investment Policy Reform in Korea”, OECD Working Papers on International Investment, 2013/02, OECD Publishing.  http://dx.doi.org/10.1787/5k4376zqcpf1-en

Хондан 305 маротиба