JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Иқтисоди миллӣ ва дурнамои он
Сешанбе, 22 Августи 2017 06:19

Мудирият ва воқеияти масъулиятшиносӣ

Муаллиф:
МУДИРИЯТ ВА ВОҚЕИЯТИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ (дар асоси китоби: Ҳарвалд Ҷ. Лювит. Равоншиносии мудирият. Тарҷумаи дуктур Муҳаммадалии Батоҳӣ ва Ризо Шопуриён) Ба мушоҳида мерасад, ки дар бештари қишрҳо ва баданаҳои иҷтимоии мо яке аз мушкилоте, ки ба он дар қадами аввал рӯ ба рӯ мешавем, ин мудирияти номуваффақи ниҳодҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳову муассисаҳо мебошад. Мудирият (менеҷмент), гарчанде таърихи муштарак бо илмҳои гуногун дорад. Ҳамчун илм, яке аз илмҳое мебошад, ки ба қонуну қоидаҳои хеш илми муосир ҳисобида мешавад. Баъди интегратсияи илмҳо дар ҳавзаи илмҳои гуманитарӣ, мисли инсоншиносӣ ва равоншиносиву ҷомеашиносӣ ва иқтисод фанни дигаре ба вуҷуд омадааст, ки равоншиносии мудирият ном дорад (ниг. Равоншиносии мудирият. Ҳарвалд Ҷ. Лювит. Тарҷумаи дуктур Муҳаммадалии Батоҳӣ ва Ризо Шопуриён).
Аз замони пайдоиши низоми давлатдории демократӣ, рушди иқтисоди кишвар ва таъмини рифоҳи мардум яке аз вазифаҳои асосии ҳар як ҳукумати демократӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан, дар шароити иқтисоди бозаргонӣ қисми зиёди ниҳодҳои давлатӣ барои фароҳам овардани фазои мусоиди рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум равона карда мешавад. Маориф, фарҳанг, ниҳодҳои иқтисодиву молиявӣ, адлияву қонунгузорӣ ва бонкҳо дар ин самт фаъолият мекунанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҷамоатҳо ва оилаҳо низ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва рушди иқтисодии кишвар саҳми худро мегузоранд.
Саҳифа аз 13 то 13