JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Иқтисоди миллӣ ва дурнамои он
Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромаду вохўриҳо оид ба устувории ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва беҳтар гардонидани некўаҳволии шаҳрвандони мамлакат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва инноватсионӣ бо роҳи фароҳам овардани шароити созанда барои ҷалби инвеститсияҳо ва технологияҳои замонавӣ, суханронӣ менамоянд. Чунин иқдомҳои Сарвари давлат бояд аз тарафи сохтору мақомотҳо ва ташкилоту корхонаҳо дастгирӣ пайдо карда, ҷиҳати амалӣ гардонидани онҳо пайваста тадбирҳои самаранок андешида шаванд.
Аҳамияти сармоягузории дохилӣ метавонад бо тадриҷ ва ҳамзамон бо афзудани ҳаҷмҳои сармоягузориҳои хориҷӣ бештар гардад. Омилҳои асосии зиёд намудани ҳаҷмҳои сармоягузориҳо дар саноати кишвар инҳо маҳсуб дониста мешаванд: корхонаҳои муштарак бо сармояи хориҷӣ, қарзҳои хориҷии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, грантҳои хориҷӣ, сармоягузориҳои бевоситаи хориҷӣ, таъсиси филиалҳои ширкатҳои хориҷӣ, вусъатёбии дарозмуддати кредитӣ, истифодаи захираҳои муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ.
 Пешгуфтор Аз замоне ки инсоният низоми давлатдориро ба роҳ монд, миллатҳои соҳибдавлат таҷрибаи кишварҳои хориҷиро барои ба роҳ мондан ва такмил додани умури сиёсиву муносибатҳои тиҷоративу фарҳангии худ мавриди омӯзиш қарор медоданд. Дар ин росто, аксаран кишварҳои аз ҷиҳати ҳарбиву иқтисодӣ қавӣ кишварҳои дигарро меомӯхтанд ва дар асоси донишҳои андухтаашон тасмим мегирифтанд. Дертар ин ҳама омӯзишҳо барои мустамлика сохтани кишварҳои Шарқу Африқо низ гузаронида мешуд. Барои аз худ кардани сарватҳои табиии дигар кишварҳо ва дарёфти бозор ҷиҳати фурӯши маҳсулоти саноатии худ кишварҳои пешрафта сараввал кишварҳои мавриди назари худро меомӯхтанд ва баъд ҳадафҳои худро амалӣ мекарданд.