JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Иқтисоди миллӣ ва дурнамои он
Ҳангоми омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои пешрафта, ҷиҳати истифода аз он дар амалисозии ҳадафҳои рушди худ, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии онҳо маълумоти зиёдеро дода метавонанд. Дар воқеъ, ҳама назару гипотезаҳо дар омӯзиши рушди иқтисоди як кишвар ба далелу рақамҳо ниёз доранд. Агар як кишварро пешрафта меномем, ҳатман нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем, то барои иддаои худ далели рақамӣ дошта бошем. Пеш аз омӯзиши моделҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқӣ ба баррасии нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии ин кишварҳо дар давраи баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон зарурат дорем. Нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии ин кишварҳо дар давраи мазкур чӣ тағйироте доштанд ва ба кадом самт ҳаракат мекарданд? Суръати рушди иқтисодии ин кишварҳоро аз рӯйи додаҳои таърихӣ дида, муайян карда метавонем, ки модели иқтисодии кадом кишвари ин минтақа бояд омӯхта кадоме аз онҳо сарфи назар шавад.
Омӯзиши таҷрибаи дигарон суръати ҳаракати моро баланд мебардорад. Дар пайраҳае, ки мо бояд пеш равем, дигарон пештар аз мо ҳаракат кардаанд ва ҳар хатое, ки дар ин ҷода доштанд, барои мо дарси ибрат буда метавонад. Яъне, такрор накардани хатоҳои онҳо ва пешопеш огоҳ будан аз баъзе мушкилоти мавҷуда дар пайраҳаи мазкур имкон медиҳад, ки вақту маболиғи зиёде сарфа шавад. Ё дар мисоли кишварҳои номуваффақ мо метавонем донем, ки сиёсати иқтисодии онҳо чӣ камбудиҳое дошта буд ва мо онро такрор накунем.
“Бо назардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад”. аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишварест, ки дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок ба ҳисоб рафта, дар қаъри кўҳҳои сар ба фалак кашидаи он сарватҳои нодири табиӣ нуҳуфтаанд. Тибқи маълумотҳои омории солҳои охирӣ тадқиқотчиён дар қаламрави мамлакат зиёда аз 600 конҳои канданиҳои фоиданок кашф шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 60 намуди ашёи минералӣ: тилло, нуқра, сурб, рўҳ, сурма, симоб, мис, қаълагӣ, сангҳои гаронбаҳову ороишӣ, намак ва дигар канданиҳои нодир маҳфузанд.