JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Иқтисоди миллӣ ва дурнамои он
Қабл аз ин, ки дар мавриди нақш ва аҳаммияти маркетинг ё бозорёбӣ дар тиҷорати байналмилалӣ баҳс сурат гирад, лозим аст то маълумоте чанд атрофии пайдоши ин ришта ва таърифи он ироа гардида, баъд нақш ва и он дар тиҷорати байналмилалӣ тавзеҳот дода шавад. Ихтисоси ҷадиди маркетинг аввалин бор дар соли 1931 дар донишгоҳи Миното Ийолоти Муттаҳдаи Амрико дар замоне ба вуҷуд омад, ки буҳрони шадиди иқтисодӣ иқтисоди ин кишварро, хусусан дар бахши иқтисоди зироат таҳдид мекард, таҳавуулоти бунёдиро дар тиҷорати ин кишвар ба вуҷуд оварда, ҳадафи он омӯзиш ва равишҳои тозаи бахши фурӯши махсулоти зироатӣ буд. Аммо дар ин чанд соли ахир, ки инкишофи технологияи дар бахшҳои васоили маълумотӣ чун телевизионӣ, мухобиротии моҳвораӣ, компютерӣ ва Интернетӣ ба ҳадди ғайри қобили бовар расидааст, мутолиот дар ин ришта он қадар васеъ гардида, ки акнун аз аксар улуме, ки қарнҳо дар донишгоҳҳои ҷаҳон тадрис мегардад, комилтар шуда ва китобҳои бештаре дар ин замина ба риштаи таҳрир даромадааст ва натиҷаи ин амал пешрафти тиҷорат дар ин чанд даҳаи ахир буда, ки ин мавзӯъ акнун ба хубӣ барои ҳамагон машҳур аст [4-112].
Душанбе, 17 Июни 2019 10:02

Масъулияти муҳимми мудирият

Муаллиф:
 Яке аз душвортарин вазифаҳои мудирият роҳбарӣ ба шумор меравад. Вақте дар ин боб суҳбат меравад, ҳунари мудириятро аз мушкилтарин бахшҳои вазифаӣ муаррифӣ менамоянд. Мудирият дар асл ду вазифаи масъулиятро бар дӯш дорад: Аввалан, тайёр ва ҷобаҷогузории масъулон дар лоиҳаи мушаххаси илмӣ, воҳидҳои идорӣ ва созмонҳои тиҷоратӣ; Дувум, муайян намудани вазифаҳои масъул ва мушаххас сохтани меъёрҳо ба он, дастуруламалҳо ва эҷоди робита байни воҳидҳои идорӣ, ки дар ҷараёни фаъолият матлуб ва муҳим дониста мешавад.
Дар мақола қонуниятҳои рушди инноватсия дар ҷомеа ва иқтисодиёт, муҳит ва шароитҳои пайдоиши ғояҳои иноватсионӣ мавриди назар қарор гирифтааст. Ҳодисоту равандҳои иқтисодӣ аз нигоҳи илми когнитивӣ тавсиф дода шуда ва онҳоро ҳамчун ҳаракати ғоя, ки дар «воқеият» табдил ёфтааст, барасӣ гардидааст. Нақши ниҳодҳои иҷтимоиву иқтисодро дар ҷоригардии инноватсия, ҳамзамон дар ташаккули низоми краетивии иқтисодиёт ва ҷомеа, ки итилоъро тавлид менамояд, табдил медиҳад ва нигоҳ медорад, асоснок карда шудааст. Механизми таъсири итиҳодияҳои касбӣ ва нақши менеҷерҳо ба равандҳои инноватсиионӣ низ таҳқиқ гардидааст.