JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Иқтисоди миллӣ ва дурнамои он
 Мувофиқи маълумоти расмӣ, содироти кишвар дар соли 2017 133,3 ва воридот 91, 5 дарсадро ташкил дод ва ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ дар маҷмӯъ 30, 2 дарсад ва воридот 69, 8 дарсад мебошад. Ин нишондиҳандаи хуб аст. Зеро дар солҳои пешӣ содироти кишвар агар танҳо аз ҳисоби алюминийи аввалия, нахи пахта ва сабзавоту мева ташаккул меёфт, айни замон ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 дарсади соли 2015 - ум ба 30, 2 дарсад дар соли 2017 баробар гардид.
Душанбе, 12 Феврали 2018 03:05

Гузариш ба иқтисоди сабз

Муаллиф:
Идеяи сиёсатмадорон ва иқтисодчиён, ҳарчанд онҳо ҳақ ҳастанд ва ё иштибоҳ менамоянд, барои ҳамаи давру замон аҳамияти бузург дорад. Зеро ҳаёт бе идеяи онҳо мукаммал буда наметавонад. Дар таърихи ақлонии инсоният ҳеҷ гоҳ монанди имрӯз барои рушд ва инкишоф додани сохтори тафаккуру тасаввур имконият фаро нарасида буд. Бо вуҷуди он ҳама комёбиҳои беназир, боз якқатор муаммоҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ва экологӣ низ бани башарро ба ташвиш оварда, олимону сиёсатмадорони беҳтарин барои бартараф намудани он, идеяҳои рушдро пешниҳод намуда истодаанд. Ҳаёт бе муаммо буда наметавонад, аммо вазифаи илм ва рисолати олим дар он аст, ки барои башарият идеяи роҳи расидан ба «зиндагии хуб»- ро нишон дода тавонад.
Дастовардҳои иқтисодии Ҷопон мавриди таваҷҷуҳи донишмандони дигар кишварҳо қарор гирифтааст. Ҳама мехоҳад донад, ки чӣ тавр як кишвари дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ шикастхурда, аз хоку хокистар дар як замони нисбатан кӯтоҳ берун шуд ва ба дуюмин иқтисоди ҷаҳон табдил ёфт. Доир ба ин масъала назарҳо зиёданд. Инҷо мо назари чанд олими ҷопониро доир ба ин масъала меорем, ки аз китоби Кеничӣ Оҳно таҳти унвони “Рушди иқтисодии Ҷопон: пайроҳаи тайкардаи Ҷопон ҳамчун кишвари тараққикарда” гирифта шудааст. Ин хулосаи қисми яки китоби мазкур аст, ки аз забони англисӣ тарҷума шуда, пешкаши хонандагони арҷманди сомонаи “Равшанфикр” мегардад.