JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Иқтисоди миллӣ ва дурнамои он
Дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмии аксарияти давлатҳо, аз он ҷумла, давлатҳои пасошӯравӣ рушди инноватсионӣ тайи чанд даҳсолаи охир ба масъалаи бениҳоят мубрам табдил ёфтааст. Баъзеи ин кишварҳо, иқидори истеҳсолӣ ва илмӣ-техникии худро нигоҳ дошта, аз содироти маҳсулоти нафтӣ даромади зиёд ба даст оварда, қисмати зиёди ин маблағҳоро ба фондҳои махсус барои наслҳои оянда сафарбар намуда, роҳҳои тараққиёти ояндаи худро муайян намуданд. Давлатҳои сатҳи тараққиёташон паст бошад, ба мушкилиҳои зиёде мувоҷеҳ гардиданд, ки мутаассифона ба гуруҳи ин кишварҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилии дохилии муқовимати шаҳрвандӣ дохил мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромаду вохӯриҳояшон оид ба устувории ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва беҳтар гардонидани некӯаҳволии шаҳрвандони мамлакат, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва инноватсионӣ бо дарназардошти фароҳам овардани шароити созанда барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои замонавӣ ба кишварамон суханронӣ намуда, ҷиҳати татбиқи вазифаҳои гузошташуда дастуру супоришҳо медиҳанд. Чунин иқдомҳои Сарвари давлат бояд аз тарафи сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо бевосита аз шакли моликияташон дастгирӣ пайдо намуда, бо мақсади амалӣ гардонидани онҳо пайваста тадбирҳои самаранок андешида шаванд.
Душанбе, 08 Июни 2020 07:40

Арзишмандии сармояи инсонӣ

Муаллиф:
 Дар мақола моҳияти сармояи инсонӣ ва нақши вай дар рушди иқтисодиёти бозорӣ тадқиқ карда мешавад. Асоснок карда мешавад ки маблағгузорӣ ба баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ ҳаҷм ва сифати истеҳсоли маҳсулоту хизматрасониҳоро меафзоёнад, сатҳу сифати зиндагии одамонро баланд мебардорад. Роҳҳои баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ ва натиҷаҳои онҳо муайянкарда мешаванд. Таҷрибаи мамлакатҳои рушд кардаи индустриалии ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар пешрафти иқтисодиёти онҳо омили инсонӣ яке аз омили асосӣ аст. Маҳз одамон бо донишу малакаи баланди худ тавонистанд муъҷизаҳои ҳайратоварро офаранд ва сатҳи баланди технологияи иқтисодиёти ватании худро таъмин намоянд. Бо ин мақсад ба баланд бардоштани потенсиали интеллектуалии одамон диққати аввалиндараҷа дода мешавад, чунки рӯҳияи баланди миллии мардум дар дигаргунсозиҳои инноватсионӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Бинобар ин чӣ қадар сатҳи рӯҳиявӣ - ахлоқии аҳолӣ баланд рушд карда бошад, ҳамон қадар системаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо муваффақият рушд мекунанд [1].