JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни инкишофи тафаккypи таъpихӣ, худшиносии миллӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ, pавнақy pивоҷи шyypи миллӣ тасаввypнопазиp аст. Сарвари сулҳофари кишваp муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даp осори мондагорашон - «Тоҷикон даp оинаи таъpих: аз Оpиён то Сомониён», «Тоҷикистон даp остонаи фаpдо», «Фаpҳанг - ҳастии миллат», «Зиёиён pавшангаpони pоҳи фаpдои миллатанд» ва дигар сyханpониҳояшон ғояи ваҳдати миллиpо дар умури давлатдорӣ дорои аҳамияти вижа ва пурарзиш арзёбӣ намудаанд.
Душанбе, 17 Июли 2017 04:38

Ваҳдати воқеии миллӣ чист?

Муаллиф:
 Миллат дар ҳар марҳилаи таърихӣ ва таҳаввули худ вобаста ба муҳиту шароит ва мушкилоти дохиливу хориҷӣ ба вазъиятҳои хосе дучор мешавад, ки бояд аз онҳо ба хотири рушду пешрафт ва ё ҳадди ақал барои ҳифзи мақом ва бақои хеш роҳи раҳоиро дарёфт кунад. Дарёфти роҳҳои раҳоӣ аз вазъиятҳои мунтазам тағйирёбанда вазифаҳо ва нақшаҳои кори миллатро ташкил мекунанд. Миллате дар ин гирудорҳои беохир муваффақ хоҳад буд, ки муттаҳиду ягона аст ва ба таври хастагинопазир барои ҳифзи манофеи худ дар талош буда, аз маҷмӯи роҳҳои имконпазири ҳалли мушкилот тавоноии дарёфти беҳтарин роҳҳалро дошта бошад.
Панҷшанбе, 13 Июли 2017 10:03

Ваҳдати миллӣ ва имконоти фарҳангӣ

Муаллиф:
Фарҳанги ҳар қавму миллат моҳияти ҳамон қавму миллатро дар замону макони мушаххас таъйин мекунад. Кайфият ва чигунагии фарҳанг дар шароити мушаххаси таърихӣ ва ҷуғрофиёи муайян аз бошандагони минтақаи муайян бастагӣ дорад. Муҳимтар аз ин, фарҳанг равиш ва бавуҷудоварандаи низоми муътадили зиндагӣ дар ҷомеа буда, инзиботу инсиҷоми иҷтимоъ бар мабнои муносиботи фарҳангӣ сурат мегирад.
Панҷшанбе, 13 Июли 2017 09:53

Илм ва амният

Муаллиф:
Муқаддима Аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи "амният" муродифи калимаи "давлат" аст ва баръакс. Аввалин тасаввурот оиди ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи "давлат", зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар дорад. Ба ҳамин хотир, "Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, ғайримаҷоз" (Томас Гоббс) эълом гаштааст.
Вазъияти солҳои охири дар ҷаҳони ислом бавуҷудомада бозгӯи он аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои тавсеаи манфиатҳояшон аз дину мазҳаб ҳамчун як василаи сиёсӣ истифода намуда, пайравони мазоҳиби исломиро муқобили ҳам қарор медиҳанд. Дар аксари кишварҳои Шарқи Наздику Миёна дину сиёсат ба ҳам омехтаанд ва барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию қонунгузорӣ ба дастовардҳои илмӣ камтар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.