JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 07 Декабри 2017 10:38

ШЕЪР ЧИСТ? (Таҳқиқи адабиётшиносӣ)

Муаллиф:
Шеърро мақсуд агар одамгарист, Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист. Иқбол Дар ин навишта, ки чандин пораҳои шеърӣ гирд оварда шудаанд, мо маҷбурем, ҷавоби худро бигӯем, ки «Шеър чист?». Ба шеър таърифҳои гуногун додаанд. Ҳар шоире назари хоси худро дорад. Ҳар муҳаққиқу мунаққиде назари худро пешкаш мекунад. Ин ба он маъно нест, ки гӯё шеър таърифи мушаххасу конкрет надошта бошад. Шеър таърифи мушаххас дорад. Дар зимни ҷавоб ба саволҳои ин муқаддима доир ба шеър ва таърифи он сухан хоҳем ронд.
Сешанбе, 05 Декабри 2017 03:42

Фарҳанг: имрӯз ва фардои миллат

Муаллиф:
Рушди фарҳанги миллиамон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Он айём на танҳо масъалаи ҳаёту мамоти миллату давлат, балки фарҳангу тамаддуни тоҷик низ ҳаллу фасл мегардид. Хушбахтона, бо қабули қарорҳои судманд ва сари қудрат омадани фарзонафарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ ҳифз гардид. Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар баробари аҳли ҳунару санъат худи мардум дар рушди соҳа фаъолона ширкат меварзад. Рӯз ба рӯз доираи ҷалби мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ васеъ гардида, бунёди иншооти замонавӣ, эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ ва муҳайё сохтани заминаҳои моддии рушди самтҳои гуногуни фарҳанг ба…
 Солҳои охир тамоми ҷаҳон аз ваҳшигиҳои гурӯҳи ифротию террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ё ҳамон ДОИШ ба ҳайрат омадааст. Бо бераҳмии махсус куштани гурӯҳ-гурӯҳ одами бегуноҳ, зинда ба зинда сӯзондан ё таркондани инсон, бо завқ тамошо кардану наворбардории саҳнаи куштор, ба кӯдакони хурдсол омӯхтани каллабурӣ, сохтани зиндонҳои гӯрмонанд, ҷорӣ кардани ғуломдорию ғуломфурӯшӣ, қир кардани одамон аз рӯи қавму мазҳаб ва ҳазорон ҷинояти дигаре, ки ДОИШ анҷом додааст, ҳар рӯз одамонро дар саросари дунё ба ваҳшат меорад.
 Пайвандон ва дӯстони Қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон Ҳайдар Қосимов, иддао доранд, ки ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ӯ ҳалқае аз занҷираи кушторҳои силсилавии чеҳраҳои саршиноси тоҷик аз ҷониби ҲНИТ дар солҳои 90-уми асри гузашта аст. Онҳо мегӯянд, ки Ҳайдар Қосимовро низ дар қатори Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқӣ ва дигар ходимони маъруфи давлатию ҷамъиятӣ афроди дастнишондаи ҲНИТ ба хотири ангеза додани ҷонибҳои даргир ва ба шӯр овардани мардуми осоишта ба қатл расонидаанд.
Ҷумъа, 24 Ноябри 2017 08:50

Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ

Муаллиф:
Сӯҳбати ихтисосӣ бо Сияҳаков С.Ш. – яке аз раҳбарони САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) дар солҳои 90-уми асри гузашта доир ба фаъолиятҳои муғризона ва тахрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба он Муҳтарам акои Сайҷалол, лутфан дар бораи шахсияти худ чанд ҷумла барои хонандаи мо бигӯед. Чӣ шуд, ки Шумо- ходими КГБ-и СССР бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷониби ИНОТ гузаштед?