JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад.
Сешанбе, 30 Январи 2018 12:19

Субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ

Муаллиф:
Муқаддима Сарфи назар аз қонуниятҳои раванди воқеоти ҷамъиятӣ, ки ногузир будани онҳо барои рушду такомули муносиботи ҷамъиятӣ таъкид карда мешаванд, таҷрибаи таърихӣ баёнгари он аст, ки субъектҳои сиёсӣ дар шаклгирӣ ва натиҷаи амали сиёсӣ нақши фавқулода муҳимро мебозанд. Ба назар чунин мерасад, ки омӯзиши субъекти сиёсӣ, ба тарзи "абадӣ ва беохир наздикшавии тафаккур ба ҳадафи таҳқиқро" тақозо мекунад. Ҳамин тариқ, мавзӯи баҳси мақола баъзе аз паҳлуҳои назариявӣ ва амалии субъекти сиёсӣ дар чаҳорчӯби манфиатҳои амнияти миллӣ мебошад.
Ҷумъа, 26 Январи 2018 15:00

Даргузашти Устод Султон Наврӯзов

Муаллиф:
Имрӯз 26-уми январи соли 2018, рӯзи ҷумъа, ба мо хабар расид, ки шаби 25 январ Устод Султон Наврӯзов баъди бемории нисбатан тӯлонӣ аз ҷаҳон даргузашт. Мухлисони Устод дар “Ҷаҳони андеша”, ки аз шунидани ин хабар хеле ошуфта шудаанд, бадоҳатан ин чанд нуктаи мухтасарро ба сифати изҳори сугворӣ баён мекунанд.
Панҷшанбе, 25 Январи 2018 07:51

Фарҳанги миллӣ ва иммунитети фарҳангӣ

Муаллиф:
Фарҳанги миллӣ ва иммунитети фарҳангӣ (гузориши масъала) Зебоии замину замон аз намуди мост, Ин осмон масири фарозу фуруди мост,
Аз бомдоди пайдоиши ҷамъият ва зиндагии иҷтимоии инсон донишмандон дар баробари дидани камбудиҳо дар ҷамъият дар фикри сохтани як ҷомеаи идеалӣ буданд ва намунаҳое аз онро коркард карда буданд. Ҷомеаи идеалӣ-ҷомеаест, ки дар он баробарӣ ва бародарӣ ҳукмфармо буда, зиндагии шоиста барои ҳар як узви он фароҳам бошад. Тақсимоти баробари захираҳо, баробарии ҳама дар назди қонун, озодии виҷдон ва баробар меҳнат кардани ҳар як шаҳрванд аз хусусиятҳои ҷомеаест, ки инсоният дер боз орзуяшро мекунад. Аммо то имрӯз ягон шакли ҷомеа ва ягон маҷмӯи қонуну қоидаҳо дар онҳо натавонистаанд ин орзуи деринаро амалӣ намоянд.