JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 15 Июни 2017 09:32

Рӯ ба сӯйи хушзавқӣ

Муаллиф:
Омӯхтани мероси гаронмояи гузашта ва андӯхтани таҷрибаи собиқа дар боло рафтани сатҳи тафаккур, андеша ва маънавиёти миллият ва халқият нақши асосӣ дорад. Таърихи андеша, ҳунар ва фарҳанги башарӣ собит намудааст, ки бинишҳои устуравӣ, ойинҳои динию мазҳабӣ, қолабҳои тафаккурӣ, моделҳои шинохтӣ, мактабҳои фикрӣ ва ҳавзаҳои илмӣ дар асоси омӯзиши осори пешин, андӯхтани таҷриба ва мушоҳидаи амиқ рӯйи кор омадаанд. Ҳамин гуна таҷрибаро метавон дар самти фарҳанг ва ҳунар низ, ки аз қадимулайём олами тафаккуру тахайюли инсонро бою ғанӣ гардонидааст, ба хубӣ мушоҳида кард. Ҳадаф аз навиштани матлаби мухтасар ва овардани муқаддамаи кӯтоҳ дар заминаи омӯзишу андӯзиши мероси собиқа ва таҷриботи ҳунарӣ…
Дар охири садаи нуздаҳум синамо ба сифати абзори муҳими фарҳангӣ ва санъатӣ ба арсаи тамаддуни башарӣ ворид гардида, дар кӯтоҳтарин муддат фазои ҳунарӣ ва фарҳангии манотиқи гуногуни мамлакатҳои мутамаддинро соҳиб шуда, раванди огоҳӣ, шинохт, омӯзиш, иттилоот, ташхис ва биниши инсонҳоро густариш бахшид. Бар ҳасби истилоҳ, синамо(Cinema) мухтасари калимаи синематограф буда, ҳунари намоиш додани силсилаи тасвирҳо, манзараҳо, ашхос, ашё ва ҳаракати ҳунарпешагон мебошад, ки рӯйи филм ба василаи дастгоҳи махсус сабт мешавад (Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. -С.1508).
Зебоии замину замон аз намуди мост, Ин осмон масири фарозу фуруди мост. Ноогаҳӣ тариқати банду қуюди мост, Огоҳӣ расму маслаки фатҳу кушуди мост.
 Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси инсонӣ буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсони зиндаро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ ба истилоҳ, «оҳи сабук» кашида, ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва онро гиромӣ медорад. Марг, ки оварандаи мусибатҳои инсонист, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ зеҳни инсонро мусаххар сохта, ташвишу тараддудро ба ӯ ато мекунад.
Дар адабиёти асрҳои миёнаи араб ва форсу тоҷик, хусусан дар шеър, бисёр ба ҳодисаҳои мадҳу тавсиф ё ҳаҷву мазаммати шаҳрҳои гуногун дучор меоем. Ба шаҳрҳои мухталифи Шарқ, аз ҷумла шаҳрҳои қадиму машҳуре, ки чун марказҳои бузурги тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, адабӣ ва ғайра ном бароварда буданд, шоирон қасидаҳои алоҳида, пораҳои манзуми дарозу кӯтоҳ ва байтҳои пароканда мебахшиданд. Ба ин муносибат метавон абёти яке аз шоирони қадими дузабонаи форсу тоҷик Абулянбағиро1 вазъи таассуфовари Самарқанди қандмандро дида таъкид намудааст, ки дар замонҳои пеш он аз Шош зеботар ва шукуфотар будааст [6,15; 11,56-69].