JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷавоб ба мақолаи М.Шарифов “Нафс ва Истиқлол” //Озодагон №50 (455) 28 декабри соли 2016; №01 (456) 05 январи соли 2017 Идеяи озодӣ ва инқилоб бо маънавиёти мо бегона аст. Чунин бегонагӣ на фақат хоси ахлоқи рӯзмарра ва ё афкори сиёсӣ, балки дар ҳадди олии он ин адами озодандешӣ низ мебошад. Фаротар аз ҳадди эътиқоди омиёна фикр кардан, азнаварзишгузории арзишҳои мавҷуда, танқиду инкор, шаккокият нисбати боварҳо ва ҳатто шӯхӣ кардан ҳамчун амали куфромез фаҳмида мешавад. Вақте фаротар аз қолаби муайяншуда амал ва андеша кардан ҳамчун нишонаи беодобӣ ва ё нафси бетарбия дониста мешавад, ин маънии худнамоии падидори тарсро дорад. Дар маҳдуда…
Имрӯз, ба таври куллӣ, ҷомеаи тоҷик ва бештари манотиқи ҷаҳон ба сохтани ҳувияти динӣ машғул аст. Оё ин раванд як зарурат ва талаботи воқеии ҷомеаҳо аст? Донишмандон ва чеҳраҳои рӯҳонии кишвар, оё ин равандро огоҳона пайгирӣ мекунанд ё ноогоҳона? Чаро тӯли 70 соли Шӯравӣ, ки гӯё ҷомеаи бединӣ буд ва донишмандони он атеизм мехонданд, яку якбора ба дин рӯ оварда, имрӯз яке аз мақомоти меҳварии ҳувиятсози динии ҷомеа шудаанд? Суоли охир ин аст, ки ин раванд худҷӯш аст ё дар паси ин раванд манфиатҳои геосиёсии кишварҳои хориҷӣ нуҳуфтааст ва ё ин чеҳраҳо танҳо дар дохил фазосозӣ мекунанд?
Низоми демократии Аврупо дар тӯли 200 соли охир исбот кард, ки роҳи беҳтарини ҷомеасозӣ ва давлатсозӣ мебошад. Он ҳама пешравиву васеъшавии донишу фалсафа ва дар заминаи он рушду тавсеаи илму техника дар Аврупо дар 200 соли охир ва паҳн шудани ин ҳама пешравиҳо ба тамоми гетӣ, баёнгари он аст, ки роҳи интихобкардаи онҳо дуруст буд. Ҳарчанд он роҳи идеалӣ нест ва камбудиҳои худро дорад, аммо ба қавли сиёсатмадори машҳури инглис Уинстон Черчил, “демократия бадтарин роҳи идораи давлат аст, аммо инсоният то баҳол аз он беҳтарашро ихтироъ накардааст”. Ба ҳар ҳол, натиҷаҳои мусбате, ки демократия ва озодиҳои аврупоӣ дар пай доштанд,…
Инсоният бо такя намудан ба таҷриба, донишҳои илмии далелбунёд, андешаҳои мутобиқи низоми мантиқӣ дар таҳияи дарки воқеии равандҳои табиӣ тавонист ҳарчиқадар бештар олами иҳотанамудаашро амиқтар омӯзад. Барии татбиқ намудани ин донишҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд. Ҷавҳари асосӣ дар пешрафти назарраси тамоми соҳаҳо аз зеҳни солими мутахассисони соҳавӣ вобаста аст ва дар навбати худ маҳсули зеҳни онҳо- натиҷаи фаъолияти пурсамар ва эҷодиёти онҳо баҳисоб меравад.
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 17:51

Қуфлкушои ҳама дарҳост илм

Муаллиф:
Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи шукуфоиву рушди ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овард. Танҳо дар ин давраи муҳими таърихӣ имкони қувват гирифтани неруҳои зеҳнӣ ба вуҷуд омад ва халқи тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба масири хушбахтию саодат қадамҳои устувор ниҳод. Дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ илми тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишоф ёфта, ба марҳилаи сифатан нави тараққиёт ворид гардид. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дастгирии илми ватанӣ ва олимони кишварро ҳадафи стратегӣ қарор дода, сиёсати давлатиро…