JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Дар оғози солҳои 80-ум бўҳрони сохтори низоми коммунистӣ ва созмони давлатии Иттиҳоди Шўравӣ ба авҷи хеш расид ва дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум фурўпошии амалии онҳо сурат гирифт, ки ба навбати хеш сабабгори тағийроти амиқ ва ҳатто бунёди дар сарнавишти таърихии шомили иттиҳод ва низоми равобити байналмилалӣ гардид. Ҳангоме, ки дар бораи омилҳо, ангезаҳо, хислат, мазмун, умқ, ва авоқиби (қабатҳои) раванди таҳавулот ва фурўпошии Иттиҳоди Шӯравӣ диду назарҳо, қаринаҳо ва ақидаҳои мухталиф мавҷуданд пеш аз ҳама чунин таҳавулоти сиёсӣ ба сарнавишти Тоҷикистон таъсири бузург ва аслан хатарнок дошт, беҷиҳат нест. Баъзе «хасоили ҷавҳари» - и низоми сиёсї ва давлатии ИЉШС-…
Дипломатияи об яке аз восита ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои истифодабарии захираҳои обӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ мебошад. Махсусан, масъалаҳои мубрам ва калидие, ки дар самти истифодабарии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷой доранд, имконият медиҳад, ки бо роҳҳои дипломатияи об ҳалли худро ёбанд. Гузашта аз ин, захираҳои обӣ барои рушди ҷомеаи инсонӣ, саломатӣ, некӯаҳволии халқ ва баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодӣ муҳиманд.
Душанбе, 03 Июни 2024 14:42

Илми ватанӣ ва ниёзҳои иҷтимоӣ

Муаллиф:
(чанд андеша дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф) Халқият ва миллиятҳое дар таърих муваффақ будаанд, ки ба илм ва донишҳои илмӣ такя намуда, сарнавишти хешро ба дасти худ сохтаанд. Баръакс, миллатҳое, ки ба илму дониши илмӣ эътимод надоштаанд, ҳамеша дар ҳоли хушкандешию фақру дастнигарӣ қарор гирифта, роҳи хурофоту ҷаҳолатро паймуда, охируламр ба вартаи нобудӣ мубтало гардидаанд. Ба ин маъност, ки илм ва дониши илмӣ муайянкунандаи ҳадаф ва ба истилоҳ, ориентатсияи дурусти миллияту халқиятҳо дар тули таърихи инсонӣ будаву ҳаст. Аз тарафи дигар, низоми давлатдории дунявӣ бар мабнои тарзи тафаккури илмӣ ва ҷаҳоншиносии…
Панҷшанбе, 23 Майи 2024 13:01

Тоҷикон - шиносномаи миллат  

Муаллиф:
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи 5 декабри соли 2023 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, баргузор гардида буд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна»-ро, шиносномаи миллати тоҷик номиданд.
Санаи 11 май дар Киитобхони миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ бо иштироки санъатшиносони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ва Эрон таҳти унвони “Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи симпозиум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А. ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Сатториён М. ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласаи пленарии симпозиум маърузаи доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияимиллии илмҳзои Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ дар мавзӯи “Инъикоси назарияи Дувоздаҳмақом дар осори классикони адабиёти форсу тоҷик ва мусиқишиносии муосир” ироа гардид.