JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ёдоварӣ аз шахсиятҳои варзидаи музофотӣ бо худии худ кору амали хайру савоб аст. Аз тарафи дигар, тариқи муаррифии шоистаи насли бузургсоли ҷомеа, ки дар масири тарбияи ҷомеа гомҳои устувор бардоштаанд, вазифаи мост. Дар ин радиф аз шахсияте ёдовар мешавем, ки умри бобаракати хешро сарфи таълиму тадрис ва тарбияи насли наврасу ҷавони музофотӣ карда, дар ин ҷодаи сангин, вале пурифтихор қадамҳои устувор бардоштааст. Устод Хушқадам Холиқов яке аз шахсиятҳои фарҳангии ноҳияи Ванҷ буданд ва ҳамеша бо истифода аз ҳузури намояндагони табақаҳои иҷтимоӣ ва муҳити мадании музофотӣ доир ба муҳимтарин масъалаҳои рӯзгор, аз ҷумла ахлоқ ва тарбия ибрози назар менамуданд. Дар ин…
(Мулоҳизоти куллӣ дар доираи Пружаи “Роҳи нави дӯстии наслҳо” ва чорабинии табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин) Сафари расмии навбатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 4-6-уми июни соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, саҳифаҳои наверо дар муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар кушода истодааст. Чуноне ки маълум аст, дар ин сафар аз ҷониби раҳбарони ду кишвар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 сол пеш аз худи онҳо санги асос гузошта шуда буданд, кушода мешаванд. Ҳамзамон бо расидани Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Душанбе, мақолаи ӯ дар рӯзномаи “Народная газета” ба табъ расид (ниг.: Цзиньпин, Си. Китайско-таджикские отношения: во имя прекрасного…
Инсони ҳушманд аз тариқи ба кор андохтани барномаҳои зеҳнию ақлонӣ ҳамеша худро дар баробари таҳдидоти дохилӣ, таҳоҷумоти берунӣ ва хатароти эҳтимолӣ муқовим сохта, бад-он талош меварзад, ки дар набарди зиндагӣ на бозанда, балки пирӯз бошад. Пирӯзӣ ва бозандагии инсон ҳам ба кайфият ва чигунагии тадбиру тасмимоти ақлонии ӯ бастагӣ дорад. Ба ин маънӣ, инсон аз рӯзе ки худро дар баробари ҳастию вуҷуд шинохт ва ба сатҳи огоҳии ибтидоӣ расид, аз рӯйи тавону қудрат тариқи илму ҳунару эҷод ба зиндагӣ маъно бахшида, замон ба замон, давра ба давра ва марҳила ба марҳила дастовардҳои моддию маънавӣ офарид, ки ҳамагӣ дар мафҳуми фарҳанг…
Ба даст овардани ваҳдати миллӣ бузургтарин ва нодиртарин падидаи иҷтимоӣ буд. Рушди ҷомеа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти солим аз таҳкими ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад. Дар раванди ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ забони миллӣ нақши муҳим дорад. Забон унсури муҳимми фарҳанги ҳар як миллат аст. Муҳимтарин вазифаи забон дар он аст, ки фарҳангро ҳифз мекунад ва аз насл ба насл интиқол медиҳад. Ин аст, ки забон дар ташаккули ҳар як шахсият ва бақои миллат бо тамоми мероси фарҳангию маънавии он нақши муҳим дорад.
(мулоҳизаҳои куллӣ дар мавзуи идеяи ваҳдати миллӣ ва мафҳумҳои истиқлолият ва дунявият дар Тоҷикистони соҳибистиқлол) Дар заминаи мавзуи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги Ҷамшедӣ чанд андешаро иҷмолан манзур месозем: 1. Истиқлол ва дунявият аз нигоҳи фарҳангӣ ба ин маъност, ки мардуми тоҷик дар оянда бояд ба фарҳанги Ҷамшедӣ рӯй оваранд. Чуноне ки Урупоиён дар давраи Ренессанс ба фарҳанги Юнони қадиму Рими қадим рӯй оварда буданд. Ренессанси халқи мо аз андешаҳои Ҷамшедӣ оғоз мегардад, на аз низоми исломӣ ва на аз низоми коммунистӣ.