JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ба даст овардани истиқлолу озодӣ дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бахусус, даст ёфтан ба истиқлоли зеҳнӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли инсонӣ дар таърихи башарӣ ба шумор рафта, он ба унвони пешзаминаи низоми муваффақи демократӣ ва дунявӣ шинохта шудааст. Гузашта аз ин, ҳар миллате, ки дар доираи тавонмандиҳои фикрию ҷисмонӣ ва қудрати равонию иҷтимоии худ ба дараҷаи истиқлоли зеҳнӣ расидааст, дар партави рушди фикрӣ озодию истиқлоли сиёсию давлатӣ ба даст оварда, дар қатори миллатҳои қудратманду мутамаддини ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ин аст, ки истиқлоли зеҳнӣ заминаи истиқлоли сиёсию миллӣ мебошад ва миллат, пеш…
Якшанбе, 08 Сентябри 2024 06:23

Дониши илмӣ ва тавонмандии миллӣ

Муаллиф:
Якум. Аз байти машҳури Мавлоно шуруъ мекунем: Иқтизои ҷон чу ай дил, огоҳист, Ҳар кӣ огаҳтар бувад, ҷонаш қавист.
Панҷшанбе, 05 Сентябри 2024 06:51

Истиқлолият-орзуи деринаи мардум

Муаллиф:
Воқеан, рузи 9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст. Чун дар ин сана эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аз ҳамон вақт шуруъ шуда то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мегардад. Бояд гуфт, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро…
Новое освещение истории и поток ранее неизвестных исторических фактов после обретения Республики Таджикистан политической независимости в 90-е гг. ХХ в. значительно усилили роль авторского начала во всех сферах искусства Таджикистана. Возвышенные идеалы, неразрывно связанные с национальной культурой, и переосмысление исторических событий становятся определяющими чертами этнокультуры таджиков [7, 214].
Дидору мулоқот бо аҳли завқу адабу маърифат, ки аз қадим дар қолиби табақотии “соҳибдилону рӯшандилон” ғунҷоиш ёфтаанд, ба кас ҳаловати тоза мебахшад. Бар илова, ишораи нозуки Ҳаким Носири Хусрав, “Рӯшандилони Рӯшон ойинаи сафоянд” бар сиришти поку беолоиши қишри соҳибдилу рӯшандили ҷомеа далолат мекунад. Ба ин маъно, соҳибдилон дар ҳар давру замоне виҷдони ҷомеа будаанд ва барои бурунрафт аз мушкилоту буҳронҳои ахлоқию фикрию ақидатию маданию маърифатӣ саъю талош варзидаанд. Аз ҷониби дигар, ин табақа барои боло бурдани сатҳи саводу маърифату огоҳии ҷомеа ҳадафмандона кӯшида, дар ин роҳи мушкилписанди рӯзгор ҳиммат гуморида, сарбаландона рисолати иҷтимоию маданиашонро адо кардаанд.