Чакидаи мақола: “Шоҳнома” мероси сутурги эрониён, дорои мазмунҳоест, ки гоҳ ба рамз омадааст ва ҳамин вижагӣ онро барои тамомии давраҳои таърихӣ коромад мекунад. Дар навиштори пеши рӯ, такияи пажуҳиш ба лиҳози истидлолӣ, матни аслии “Шоҳнома” дар бахши асотирӣ аст ва талош бар он аст, ки андешаи сиёсии лояҳо (қабатҳо)-и пинҳони сухани Фирдавсӣ ошкор шавад. Нақши дин ва намуди он ба шакли фарраи эзадӣ бознамоӣ гардад. Ин фарзия матраҳ мешавад, ки дар бахши асотирии “Шоҳнома”, дин бар сиёсат асари мустақим дошта ва гоҳ таъйинкунандаи рафторҳои сиёсӣ будааст. Ниҳоди дин ба унвони як ниҳоди қудрат ва гоҳ ба унвони абзоре дар дасти…