JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
1. Даврони наврасӣ Зодгоҳи нависанда Антон Чехов шаҳрчаи музофотии ҷануби Таганрог (шаҳре дар вилояти Ростов) буд. Дар масофаи шаст чақрим (зиёда аз як километр) аз ин шаҳр мулки граф Платов воқеъ аст. Дар он ҷо бобои А.П.Чехов ба сифати амини мулк (хизматгузори хоҷагӣ) хизмат мекард. Ӯ марди соҳибтадбири суботкоре буда, ки то замони “озодӣ”, пул дода, бо оилааш аз асорати крепостноӣ халос шуда буд.
Имрӯз зодрӯзи донишманди шинохта ва омӯзгори варзидаи тоҷик устод Нозим Нурзода аст. Тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Устод ба мо муяссар гашт, ки бо ин шахсияти воқеан ҳам милливу инсондӯст аз наздик ошно шавем. Нозим Нурзода бо доштани дониши васеъ муносибати баланди инсониро доро мебошад. Ҳамчун олим бениҳоят сахткӯш буда, ҳамеша пӯёву ҷӯёст. Ҳамчун раҳбар ҳеҷ гоҳ худро аз ҳамкорон боло намедонад ва бо ҳама муносибати самимонаи инсонӣ дорад. Ҳамчун дӯст ҳамеша барои дастгириву кумак омода буда садоқатпеша аст. Ин хислатҳои накӯи Устод омили обрӯи рӯзафзуни ӯ дар назди дӯстону ҳамкорон гардидааст.
Бахшида ба 90 солагии профессор А.Л.Хромов Соли 1970 муҳаққиқ А.С Кун ҳангоми сафараш дар дараи Яғноб мушоҳида намуд, ки мардуми ин мавзеъ бо забоне такаллум мекунанд, ки аз забонҳои дигари эронӣ тафовути зиёд дорад. Маҳз ҳамин муҳаққиқ ба аҳли илм забони яғнобиро муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи чанде аз онҳоро ба ин ҷо ҷалб намуд. Ба ин тартиб забони яғнобӣ минбаъд таваҷҷуҳи дигар шарқшиносонро ба худ ҷалб намуд ва боис бар он шуд, ки онҳо низ ба ин сарзамин ташриф оранд. Яке аз чунин муҳаққиқони варзида Алберт Леонидович Хромов мебошад. Ӯ 28-уми августи соли 1930 дар шаҳри…
Салом, устоди арҷманд Қурбон Восеъ! Ҳар сол бо баҳонаи зодрӯзи Шумо дар матбуот ё Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бо иштироки аҳли адаб ва илм баргузор мешуд ва дар ин нишастҳо истилоҳи “ҷавонмардӣ” ҳамчун ҷараёни иҷтимоии халқи тоҷик мавриди баррасӣ ва гоҳо баҳсу мунозира қарор дода мешуд. Ёдам меояд, ки собиқ муовини Сарвазири кишвар шодравон Зокир Вазиров дар ҷашни 60-солагии Шумо бо гузориши хуби илмӣ суханронӣ намуда, ҷавонмардиро ҷавҳари асосии ахлоқи тоҷикон номид ва аҳли толор аз чунин баҳои воқеан, баланд аз ҷой баланд шуда, муддати зиёде кафкӯбӣ намуданд. Суоле ба миён меояд, ки чаро…