Бо суқути давлати Сомониён халқи тоҷик дар зарфи ҳазор сол аз давлати миллии хеш маҳрум гашт ва дар ҳайати давлатҳои гуногуни аҷнабӣ умр ба сар мебурд. Танҳо дар ибтидои садаи XX бо шарофатиҲокимияти Шӯравӣ халқи мо имкон пайдо кард, ки давлати хешро созмон диҳад.Ҳарчанд, ки раванди бунёди ин давлат тӯлонӣ ва пур аз муборизаҳо буд, бо вуҷуди он, шароити фароҳамомадаи ибтидои асри XX имкон дод, ки мо имрӯз давлати соҳибистиқлоли хешро бо номи Тоҷикистон дошта бошем. Чунин нигоштааст номзади илмҳои таърих Абдулло ҒАФУРОВ зимни як мақолае, ки бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум (1…