JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 "Хирад омӯхтани илм асту хирадмандӣ кор бастани он» Ғаззолӣ Зиндагӣ майдони набард аст. Дар ин майдон бештар ба ноадаолативу бераҳмӣ рӯ ба рӯ меойӣ. Ва онҳое дар ин майдон пирӯз мегарданду ҳақиқатро соҳиб мешаванд, ки дорои иродаи матин буда, дар сангарҳои зиндагӣ чун шахсият обутоб ёфтаву ба камол расидаанд. Корзори илм, ки дар тобеияти майдони зиндагӣ қарор гирифтааст, шабеҳ ба варзишгоҳи чавгонбозист.
Чоршанбе, 11 Ноябри 2020 04:13

Парвардаи мактаби рӯшангарии миллӣ

Муаллиф:
(паёми шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Исомиддин Шарифзода) Мо, аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳамасола байни худ таърихи 11 ноябрро ба унвони “Рӯзи рӯшангарии навини миллӣ” таҷлил мекунем. Ин навъ санасазӣ ва ҷашнгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва мутмаинан, ҳамин силсилаи рафшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти ватандорию меҳанпарастӣ ва хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд, довталабона муқобилаю мубориза мекунанд. Дар феҳристи ин силсилаи рӯшангарӣ исми файласуф ва…
10 ноябр зодрӯзи марди фалсафа ва рӯшангари миллӣ Ҳафиз Холиқзода мебошад. Ин чеҳраи илму фарҳанги миллӣ дар ҳавзаҳои фикрӣ ва мадании дохилию хориҷӣ ошно буда, солҳост бо мутолеоту ковиш ва пажӯҳишу гузоришоти жарф дар ростои фарҳанги миллӣ заҳмат мекашад. Муқовимат ва мубориза бо ҳар шакли бурузу ҳузури хурофоту ҷахолат, ки дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давондааст, ҳамчунин ҷуръати фошгӯйӣ ва ҷасорати фалсафӣ абъоди муҳимми шахсиятӣ ва ҳувиятии ин рӯшангари миллиро ташкил медиҳад. Натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмӣ ва фалсафии ҷомеашинос ва файласуфи муосири миллӣ Ҳафиз Холиқзода дар садҳо мақолоти илмӣ ва бавежа, монографияҳои илмии муфассал “Наврӯз: дирӯз,…
Якшанбе, 08 Ноябри 2020 08:18

Номи ту бо меҳри меҳан тавъам аст

Муаллиф:
(паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи Меҳр Собириён) Имрӯз (8.11.2020) дӯсти донишманду фархеҳта ва фарҳангиву меҳанпарасти мо Меҳр Собириён зодрӯз дорад. Тайи солҳои шиносоӣ ва ҳамкорӣ дар маҳфили “Ҷаҳони андеша” дар симои Меҳр як нафар меҳанпарасти воқеӣ ва рӯшанфикри асилро дарёфтем, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳои тоҷикӣ ва ҳувияти миллӣ бардамона гом бармедораду устуворона қадам мегзорад. Ҳарчанд ки Меҳр ба лиҳози ихтисосӣ иқтисоддон аст, ҳеҷ гоҳ вобасти улуми иқтисодӣ ва молиявӣ набуда ва аз масъулияти баррасӣ ва бозбинии масоили фикрию фарҳангӣ ва рӯшангарии миллӣ сар боз назадааст.