JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
  Қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таърихи навини давлатдории  тоҷикон  ҳамчун  рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ  арзёбӣ  мегардад.
  Тибқи ин санад Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуд. Аз ин  ба  баъд  марҳалаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар оғоз гардид.
  Конститутсия  воқеан ҳам омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳимоякунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо мебошад.

  Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои  бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон

 Забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Дар давраҳои пурошӯбу пурмоҷарои таърих забони миллӣ ваҳдату ягонагии миллатро дар роҳи озодӣ ва истиқлол таъмин намудааст. Воқеан, забони миллӣ дар паҳнои таърихи бумӣ ба унвони унсури калидии миллатсозӣ ва фарҳанггустурӣ хидмат карда, имрӯз ҳам дар масири шукуфоии миллат ва таҳкими давлатдории миллӣ гомҳои устувор бармедорад. Муҳимтар аз ҳама, забони миллӣ миллатро аз газанди рӯзгор ва фишору тааррӯзи мустабидони дохилию хориҷӣ, ки асрҳо алайҳи забону фарҳанги аҷдодӣ мубориза бурдаанд, ҳифзу ҳимоят кардааст. Ин аст, ки на танҳо гиромидошт, балки муқаддас донистан ва дар ин замина мавриди корбурди ҳамагонӣ қарор додани он дар шароити феълии бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ва ташаннуҷи буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ рисолат ва вазифаи аввалиндараҷаи мо-соҳибони забон мебошад. Агар ин вазифа ва рисолат дуруст ва ҳадафмандона иҷро нагардад, мо ба унвони миллати дорои забон ва тамаддуни даҳҳазорсола аз ширкат дар раванди тамаддунсозӣ маҳрум мемонем ва хатари азбайнравӣ ва ҳазфшавӣ таҳдидамон мекунад.

    Миллате, ки соҳиби савод ва хиради фитрист, дар гардиш ва табаддулоти ҷаҳон саҳми босазо мегузорад ва пойдору ҷовидон мемонад. Эҷоду ободкорӣ аз фаъолтарин инсонҳо ёдгор боқӣ мемонад. Инсони накӯ аввал манфиаташ ба миллати худ ва баъдан ба ҷаҳон муассир аст. Ҳамеша инсони соҳибақл миллату ватани худро азизу муътарбар медорад. Аввалдараҷа ба ҳар фард марзу буми кишвараш бояд муқаддас бошад.

    Ҳар қавму нажод ва миллате орзу ва таманное дар худ дорад, ки соҳиби сарзамин бошад ё ҳеч не порчае аз заминро дар ихтиёр дошта бошад. Миллати фарҳангофару хирадгустари тоҷик, шукрона, ки дар гузаштаву имрӯз соҳиби марзу бум буду ҳаст. Ва ҷаҳониён ин миллати покнажоду нексириштро эътироф кардаанду қоил шудаанд, ки миллати воҳид ва ҳиссагузор дар пешрафти фарҳанги башарият буда.

 Ба саволи «барои чӣ ҷисмҳо ба Замин меафтанд?», одамон аз замонҳои қадим ҷавоб меҷустанд. Дарвоқеъ ҳангоми аз даст раҳо шудани санг ва ё чизи дигар вай ҳамоно ба поён ба сӯи замин ҳаракат менамояд (меафтад). Барои чӣ?

 Ба ин савол аввалин шуда физики бузурги англис Исаак Нютон (1642-1727) ҷавоби дуруст додааст. Мувофики маълумоти мавҷуда [1] Нютон соли 1666 дар синни 24 солагӣ ба кашфи қонуни ҷозиба муваффақ шудааст. Бинобар он солҳо он қадар дақиқ набудани масофаи Замин ва Моҳ, то дастрас шудани маълумоти дақиқ чопи натиҷаҳои худро мавқуф гузоштааст. Ҳамин тавр, пас аз ба даст овардани натиҷаҳои боварибахш, пас аз 16 сол (1682) ин натиҷаҳоро ба чоп расонидааст. Ба ҳар ҳол ҳоло зиёда аз 300 сол мешавад, ки ин қувваи универсалии табиат ошкор ва қонуни ҷозиба муқаррар карда шудааст. Ин кашфиёти беназир дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад.

Китобҳо