JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21  декабри  соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, дар маҷмуъ барои  тамоми мардуми шарифи тоҷик  ироа гардид,  ба  ақидаи банда,  пурмуҳтавотарин  ба  ҳисоб меравад.
 Дар он,  пеш аз ҳама,  дастовардҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, яъне сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм  ва ғайра дар  давоми 30  соли Истиқлолият  мавриди  таҳлили  амиқ  қарор  гирифта,  дурнамои  рушди  кишвар  вобаста  ба  самтҳои  муайянгардида, нишон  дода  шудааст. Дар мақолаи дурнамои  рушди  иқтисодиёти  кишвар, ки аз муҳтавои Паём  бармеояд,  нишон дода шудааст.

  Яке аз хусусияти асосии гурӯҳҳои таассубзадаи хурофотӣ он аст ки онҳо ҳеч гоҳ бинишу назари дигарро қабул надоранд. Ҳамеша кӯшиш менамоянд то назари хешро ва дидгоҳи  якрангу шахшудамондае, ки маншаи ҳазорсолаҳо дорад, онро ҳамчун воқеъият ба сари дигарон бор кунанд. Онҳо чунин вонамуд месозанд, ки гӯё барои ҳама рухдодҳо ва ҳодисаю воқеаҳо ҷавоби ягона доранд ва ҳамаи онҳо пешакӣ муаяйн шуда ва маърифат шуда аст.

    Таҷлили ҷашну маросимоти миллӣ ва аз давр ба давр ва аз аср ба аср мунтақил кардани онҳо сатҳи баланди худогоҳӣ ва хештаншиносии мардуми форсу тоҷикро нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, ҷашнгирӣ ва маросимофаринии ин мардум ба кайфияти зиндагии фикрӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷомеаи вақт бастагӣ доштааст. Ба ин маънӣ, мардуми мо аз қадимтарин замонҳо бо тадобири ҷашнӣ ба тарзи зиндагии дунявӣ авлавият медоданд ва силсилаи ҷашнҳои миллию мардумӣ, ки собиқаи тӯлонии таърихӣ доранд, қабл аз ҳама, бо рангомезии дунявӣ ва бандубасти секулорӣ иртибот мегиранд, ки ин мушаххасаи калидӣ (бо мардуму миллат ва дунёву табиат тавъаму ҳамдостон гардидани ҷашну маросими бостонии миллӣ) ҷашну ойинҳои бостонии моро аз соири маросимоту таҷлилот мутафовит месозад. Афзун бар ин, мардуми мо аз қадимулайём ба офаридани ҷашну маросимоти зинда машғул мешуданд, то ин ки зиндагии худро як навъ сару сомон бубахшанд ва дар доираи маросимоти созмонёфта хушҳолӣ кунанд. Зиёд будани теъдоди ҷашну маросимоти бостонии миллӣ ҳам ба ҳунари бозофаринӣ ва дунявигаройии мардум бастагӣ дорад. Масалан, танҳо дар маҳдудаи як моҳ --  даймоҳ чаҳор ҷашн гирифта мешуд: якум, ҳаштум, понздахум ва бисту сеюми даймоҳ чанд ҷашн таҷлил мегардид, ки аввал – якуми баҳман ба унвони Шаби Ялдо муаррифӣ шудааст (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. –С.89).

  Агар дар доираи таърихи башарӣ ба сифаҳоти густариши илму маорифи ҷаҳонӣ чашм давонем, моро беш аз пеш ҳунар, завқу салиқа, таълиму тарбият, одобу ахлоқ, ойину суннат, илму фалсафа ва тарзи биниши мардуми ориёитабор мутаассир месозад. Ақвоми ориёитабор аз қадимтарин замонҳо ба инсон, ҷомеа, ҷаҳон, зиндагӣ ва кайҳон биниши оқилона ва мантиқӣ доштанд. Ин тарзи биниш тайи таърих ҳамеша мавриди омӯзиш, писанд, эҳтиром, истиқбол ва таҷрибаи соири ақвому милали ҷаҳон қарор гирифтааст.

Китобҳо