JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

     23 декабри соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ)  маҷлиси солонаи Шуъбаи илмҳои биология баргузор гадид. Дар соли 2021 фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Шуъба тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар ҷумҳурӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, тақвият бахшидани ҳаҷми маблағгузорӣ барои таҳқиқот аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷавӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои созишномаҳо дар соҳаи ҳамкориҳои илмӣ, рушди минбаъдаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва технология равона гардида буд.

    Маънои классикии мафҳуми “интеллект”

  Дар луғати энсиклопедӣ маънои мафҳуми “интеллект” чунин шарҳ дода шудааст: интеллект (аз калимаи лотинии “intellectus” – маънояш маърифат, фаҳмиш, ҳуш) қобилияти тафаккур, маърифати ақлиро ифода мекунад. Тарҷумаи лотинии мафҳуми юнонии “нус” (хирад) муродифи “интеллект” дониста шудааст. Чунин тафсир аз маънои классикии ин мафҳум шаҳодат медиҳад, вале ин маънои классикӣ дар адабиёти равоншиносӣ масъалаи духурагии ифодашавии маънои объект ва ҳолатҳои инсониро ба миён овардааст.

  Дар пешорӯйи ҳар соли нав, ки анъанаест бозмонда аз даврони Шӯравӣ, бештар ду нигоҳ фарогирандаи зеҳн ва шуури ҳар як инсони андешаманд мебошад. Яке, нигоҳ ба он чи ки гузашт ва дигаре, нигоҳи ояндае, ки моро интизор аст. Баъзан ташвишҳову нигарониҳо аз имрӯзу оянда барангезандаи ҳолати навмедии  инсон мешаванд. Ин ҳолат аз он сарчашма мегирад, ки  инсонҳо ба амалишавии барномаҳои тарҳрезишудаи худ бовар надоранд.  Аз нигоҳи равоншиносӣ, ягона ҳолате, ки дар рўҳияву зеҳни инсон ангезаи муҳаббат ва маънои зиндагӣ мебахшад, умед аст. Умеду орзуҳо  сарчашмаҳоеанд, ки ояндаи зеҳни ҳар инсонро пешгўйӣ мекунанд. Яъне, нигариш ба оянда аз умедҳо файзёб шуда, дар масири зиндагӣ моро дар оғўши худ мегирад.

  Дар таҷрибаи давлатдории таърихи навтарини Тоҷикистон Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солона – ҳисоботи Сарвари давлат ба тамоми мардуми кишвар ба воситаи Парлумон буда, ин падида дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Аз як тараф Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, аз тарафи дигар дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлил ва баҳогузорӣ маълум месозад.

Китобҳо