Бо гармӣ ва барқ таъмин намудани аҳолӣ яке аз масоили муҳим ва ҳалталаби замони муосир ба ҳисоб рафта, тайи даҳсолаҳои охир аст, ки диққати олимон, пажӯҳишгарон ва коршиносонро ба худ кашида меояд. Дар шароити имрӯза, вобаста ба пешрафти илму техника тадқиқотҳои олимону мутахассисон ба истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия (гармии Офтоб, биомасса, биогаз, шамол, мадду ҷазр, энергияи қаъри Замин (геотермаленӣ), дарёчаҳо ва ғайра) бештар равона карда шудааст. Зиёда аз сӣ сол муқаддам дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лаборатория (озмоишгоҳ)-и илмӣ-тадқиқотӣ барои имкониятҳои истифодаи нерӯи Офтоб созмон ёфта, қувваи олимону муҳандисон барои тарҳрезӣ ва омӯзиши дастгоҳҳои табдилдиҳандаи нерӯи Офтоб ба гармӣ ва барқ сафарбар карда шуданд.