JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:17

Ранги осмон ё осмони ранга

Муаллиф:
Табиат зебост. Манзараҳои он касро ба илҳом меоранд. Яке аз зебоиҳои табиат ин осмон аст. Рӯзона осмони софу беғубор ва кабуд ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад, шабонгаҳ бошад торикии осмон бо дурахши ситораҳо назаррабост. Ҳама аз дидани ин манзара ба ваҷд меоянд, хусусан дар шабҳои маҳтобӣ, ки осмон софу беғубор бошад аз тамошои он сер намешаванд. Зеботарин ҳолати осмон ин ҳангоми ғуруби офтоб аст, ки осмонро як тасмаи рангини сурху зард мапечонад, ки онро шафақ мегӯянд. Ҳамаи ин зебоиҳо сирру асрори ниҳонеро дар худ дорад, ки табиатшиносон дар тӯли омӯзиш парда аз рӯи ин розҳои пӯшида мебардоранд.
Саҳифа аз 19 то 19