JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Воқеан, барои иронитаборон, аз ҷумла тоҷикон “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба унвони пружаи ҳувиятсозӣ ва меҳанпарастӣ зарур буду ҳаст, чаро ки аз бомдоди зуҳур то ба имрӯз густураи таърихию ҷуғрофии Ирону Хуросон мавриди фишору таарузу тасарруфи бегонагон қарор гирифта, ҳамтаборон ҳамеша дар роҳи таҳкими иродаи сиёсӣ, тақвияти ҷуръати ватандорӣ ва шукуҳи ҷасорати ҳувиятӣ гомҳои устувор бардошта, бар мабнои нуфузи ин аслҳои бунёдӣ зиндагӣ кардаанд. Ба ин маънӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ барномаи стратегии ҳувиятсозӣ ва меҳанпарастии мардуми мо будаву ҳаст. Ҳарчанд ки “Шоҳнома” тайи ҳазор соли ахир ҳамеша бо мушкил рӯбарӯ будааст ва имрӯз низ дар моварои чолишу таҳдидҳо қарор дорад, бузургию шаҳомати ҳувиятиашро…
Аслан, ҷашну ойинҳои миллию мардумӣ таҷассумкунандаи кайфияти зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва маданӣ буда, рӯҳияи миллию мардумиро дар тӯли зиндагии башарӣ ифода менамоянд. Ба василаи иҷрои маросимоти ҷашнию ойинӣ ҷомеа ва мардум зиндагии худро як навъ сару сомон мебахшанд ва аз ҳузури фаъоли худ дар арсаи вуҷуд дарак медиҳанд. Арсаи вуҷуд барои инсон ҷавлогаҳи андеша, тафаккур ва куниши ӯ буда, дар як чунин майдони фарохе (ҷаҳону ҳастӣ дар назар аст) ба набард мепардозад ва дар бомдоди зуҳури ҳушмандӣ, дар қолаби афсонаю устура ва бовару эътиқодот масири муборизаро таъйин намуда, бад-он минвол то ба имрӯз бардамона гом мебардорад. Аз ин ҷост,…
Ба истиқболи Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Забон унсури муҳими худшиносии миллӣ ва бақои миллат мебошад. Дар марҳалаҳои таърих, забон воситае буда, ки як миллат ва халқро ба ҳам муттаҳид намуда ва барои пойдории он дар набардҳои таърихӣ нақши мондагорро бозидааст. Имрўз дар муносибатҳои байналхалқӣ вуҷудияти як давлати мустақил бо воситаи забони давлатии он аст. Дар ҳолати муаррифӣ намудани як давлат, забони расмии давлатӣ қайд карда мешавад. Яъне забони давлатӣ имрўз рукни асосии шинохти як давлат дар муносибатҳои байналхалқӣ мебошад.
 Забони гушода чу омад падид, Шуд он бандҳоро саросар калид. Фирдавсӣ Забон муҳимтарин воситаи робитаи байни инсонҳост ва ҳамчун падидаи иҷтимоӣ тайи таърихи зиндагии башарӣ муносбатҳои ичтимоиро ба танзим даровардааст. Ба сухани дигар, забон василаи баёни фикру андеша аст ва андеша ифодагари моҳияти инсон дар идомаи ҳастӣ мебошад. Имконоти дохилизабонӣ ва муҳитҳои фарҳангӣ ва маданӣ ба забон ва соҳибони он қудрат ва тавонмандӣ мебахшанд ва дар баробари мушкилоти гуногуни зиндагӣ муқовиматпазир месозанд. Ин нуқтаи назарро мо дар забони миллӣ – забони тоҷикӣ, ки мақом ва ҷойгоҳи давлатӣ касб кардааст, метавонем татбиқ кунем.
 Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки тамоми дастоварду пешрафтҳои ҷомеаи инсонӣ на маҳсули тафаккури динӣ, балки маҳсули тафаккури илмист. Имрӯз агарчанде натоиҷи тафаккури илмӣ ҳатто барои кӯр айён буда, дар ҳамаи самтҳои ҳаёт ба таври воқеӣ бо чашм дида мешавад, новобаста ба ин, дар баъзе аз ҷомеаҳои мусулмоннишин ҳанӯз пойбандӣ ва асорати на танҳо мардуми оддӣ, балки иддае аз зиёиён ба тафаккури динӣ сахт ба чашм мерасад. Хеле тааҷҷубовар аст, ки ашхоси дар банду баст ё завлонаи тафаккури динӣ афтода тамоми дастоварду натоиҷи тафаккури илмиро дар ҳаёти амалии худ васеъ истифода менамоянд, лек боз дар ҳифзи тафаккури динии худ як…