JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ватандӯстӣ ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ моҳият ва ҳусусиятҳои инкишофёбандаи худро доро мебошад. Дар таърихи ҳар як давлату миллат марҳилаҳое ҳастанд, ки дар он рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарварии шаҳрвандон тақвият меёбанд. Барои мисол ба даст овардани истиқлоли сиёсиву давлатӣ дар таърихи муосири кишвар барои ҳар як шаҳрванди солимфикру равшанфикри Тоҷикистон дастоварди беназир буд. Соҳибистиқлолӣ тавонист, ки рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият диҳад. Мардуми шарифи Тоҷикистон боз як бори дигар имкон пайдо намуданд, ки дар бораи кишвари худ, таърих ва фарҳанги он таҷдиди назар намоянд. Дар ин раванд корҳои бузурге ба анҷом расонда шуд.
Идеологияи ҷамъиятӣ ва психологияи ҷамъиятӣ дараҷаҳои шуури ҷамъиятӣ маҳсуб меёбанд. Идеологияи ҷамъиятӣ як навъи маърифат ва баҳодиҳӣ ба воқеият дар шакли муназзаму назариявӣ аз ҷониби гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Таҳти мафҳуми «идеология» одатан маҷмуи ормонҳо, арзишҳо, идеяву ақидаҳоро мефаҳманд, ки мавқеи иҷтимоии гурӯҳи калони иҷтимоӣ (табақа, қишр, синф), инчунин кулли ҷомеаро ифода мекунад ва ба ҳифзи манфиатҳои ин гурӯҳҳо, ба асоснок кардану ҷонибдорӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбии онҳо нигаронида шудааст. «Дар ҷое, ки манфиат ҳаст, он ҷо идеология пайдо мешавад. Дар ҷое, ки идеология ҳаст, манфиат пайдо мешавад»[1]. Дарвоқеъ ин аксиомаи ҳаёт аст.
Ба муносибати бузургдошти соли таваллуди Аллома Ҳаким Абурайҳони Берунии Хоразмӣ Шинохти бошуурона ва пайвастан ба таърихи илми ватанӣ як василаи муҳиме дар баробари усулу воситаҳои дигари оқилонаи таъсиррасон ба ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯза аст, ки онҳоро аз роҳи талқин аз тақлид ба ҳаракатҳои ифротиву тунрави сиёсиву динӣ берун мекашад ва барои омӯзишу парвариш ва ободкориву рушди ҷамъият сафарбар мекунад. Падидаҳои бузурги фарҳангӣ ва илмӣ ҳамонанд, ки табъан оламшумул бошанд, онҳо сарҳадҳои сохтаро убур кунанд ва барои тамоми ҷаҳониён бе тафовут аз ирқу нажод ва забону тамоили сиёсӣ хидмат намоянд. Падидаи миллӣ ва дар айни замон ҷаҳоншумул будани илмро аз баррасии осори…
Чанде қабл тавассути омӯзгори соҳибтаҷриба ва рӯзноманигори хушсалиқа Саида Набизода китоби тозанашри муаррихи донишманду муҳаққиқи пуркор Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бо номи «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)» дастрас гардид. Китоби мазкур бо ороишоти хеле хуб ва сифати аъло дар ҳаҷми 312 саҳифа ба нашр расида, дар он маълумоти мухтасари энсиклопедӣ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони асримиёнагии форс-тоҷик, ки дар қарнҳои VII-XV зиндагӣ ва фаъолият намудаанд, ба тартиби хронологӣ оварда шудаанд. Навиштаҳо дар хусуси мавқеъ ва манзалати ҳар шахсияти таърихӣ, аслан дар каломи маънӣ ва мунтаҳои ихтисор омадаанд. Новобаста ба оне, ки дар китоб оид ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони қуруни…
Метавон арз намуд, ки Сада рамзи пирӯзии равшаниву нур бар торикиву зулмот, рамзи нур ва нишоту тантана аз кашфу ихтирои оташ аст, ки бар пояи он тамаддуни инсонӣ гузошта шудааст. Илова ба ин ин ҷашн нишонаи муқовимат бо маҳрумиятҳои табиӣ ва озодӣ аз душвориву гирудорҳои ҳаёт аст, Аз нигоҳи гоҳшиносӣ фарорасии он бо ба анҷом расидани чиллаи калон ва саршавии чиллаи хурд алоқаманд аст, яъне фосилаи роҳе аз ҳаракати Хуршед дар миёни шаби Ялдо (22 декабр) ва Наврўз (21 март). Дар даврони бостон ҷашни Сада маъмулан дар даҳумин рўзи баҳманмоҳи гоҳшумории аҷдодӣ, мутобик ба 30 январи тақвими милодӣ таҷлил мешуд…