Яке аз таҳқиқоти комиле, ки нақши ҷавононро дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус дар солҳои соҳибистиқлолӣ пурра арзёбӣ менамояд ва ба ин масъала баҳои илмӣ медиҳад, пажӯҳиши олими ҷавон, муҳаққиқи борикбин ва роҳбари кордон, номзади улуми таърих Мавсума Муинӣ таҳти унвони «Иштироки ҷавонон дар равандҳои дигаргунсозии иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият (солҳои 1991-2016)» мебошад. Муҳимияти масъалаи меҳварии пажӯҳишро аҳамияти илмию амалии саҳми бевоситаи ҷавонон ва истифодаи неруи зеҳнию ҷисмонии онҳо дар ҷаҳони муосир, дар мисоли Тоҷикистони тозаистиқлол ташкил медиҳад, ки ба андешаи муаллифи жарфнигар, масъалаи мавриди назар дар ҷаҳони имрӯз яке аз шартҳои ноилшавии рушди устувори давлат ва…