JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
“Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад”. Эмомалӣ РАҲМОН
В статье рассматриваются исторически сложившиеся уникальные формы взаимосвязей поэтических жанров газаль и сокиномэ с традициями таджикской классической музыки Шашмаком. Автор на основе ряда первоисточников исследует многочисленные примеры, когда содержание поэтических жанров, которые изначально по традиции исполнялись в ладу тех или иных макомов, находили в музыке адекватное художественное воплощение.
(Чанд пешниҳод дар заминаи тақвияти ҳувият, такмили худшиносии миллӣ ва боло бурдани ҳисси ватанпарастии насли наврасу ҷавон) Мавзуи Ватан ва ватандӯстӣ ҳамеша дар маркази диққати инсоният қарор доштааст. Ҳисси тааллуқ доштан ба як марзу бум ва фарҳанги хос ба инсон неру ва тавони беандоза мебахшад. Ватан ҳам дар мутуни динӣ ва ҳам дар адабиёти миллии халқҳо мавриди ситоиш ва ҳатто парастиш қарор гирифтааст. Сабаби дилбастагӣ ба марзу буми хеш аз он ҷо маншаъ мегирад, ки Ватан ба инсон ҳувият медиҳад ва ӯро дар муқоиса ба дигарон шахсият мебахшад. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандони як кишвар ҳозиранд, ки барои Ватан ҷону…
Воқеан, равшанфикрон яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Чунки онҳо шахсиятҳое мебошанд, ки ба корҳои фикрӣ машғул ҳастанд[5,c.210]. Равшанфикрон адолатпараст буда, виҷдони бедору интиқодгари ҷомеа маҳсуб мешаванд. Онҳо ҳамвора дар пайи адолат мегарданд ва дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат адолатро талаб мекунанд. Дар ҳар ҷое, ки аз адолат дур мешаванду бар хилофи воқеияти рӯзгор рафтор мекунанд, равшанфикрон забони интиқоду маломатро боз хоҳанд кард. Барои мисол, ҷомеашинос ва файласуфи олмонӣ Юрген Ҳабермас (1929), равшанфикронро аз одамоне иборат медонад, ки онҳо шахсиятҳои бедор, ҳушёр ва огоҳ буда, дар бораи масоили иҷтимоӣ вокуниш нишон медиҳанд[6,c.23]. Онҳо мехоҳанд, ҷомеаи инсонӣ…
Дар шароити кунунӣ, ки Тоҷикистон истиқлолияти комили фарҳангӣ ба даст овардааст, доир ба арзишҳои моддӣ ва маънавӣ андеша баён кардан салоҳияти пажӯҳишгарон аст. Зеро дар ин шароити пурпечутоби сиёсии ҷаҳони мутамаддин танҳо қишри хирадгарои ҷомеа метавонад дар рушди тафаккури мардуми худ таъсири мусбат расонад. Аз ин рӯ, ҳар шахси худогоҳро зарур аст, ки дарки худшиносӣ намуда, бо камоли эҳтиром таърихи гузаштаи миллати худро донад ва аз он ифтихор намояд. Чунки худшиносӣ барои дарки асолат, рисолат, таърих, урф, анъана ва одатҳои миллӣ нигаронида шуда, бевосита баҳри мукаммал намудани андешаи миллӣ равона шудааст. Бо ин вижагиҳо таърихи як кишварро оинаи маънавии он…