JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 12 Феврали 2024 03:53

Хурофот аз ҷаҳолат сарчашма мегирад

Муаллиф: Асоев Ҳ.Ғ.

  Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «хурофот» ба маънои сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос омадааст.

  Аз рӯзе, ки инсоният дар ҷаҳони илм по гузошт, хурофот домангири  ӯ  шуда буд. Хурофот ва хурофотпарастӣ дар байни одамон курбониҳои зиёдеро ба бор овардааст. Дар рушд ва пешравии  ҳама гуна соҳаҳои  илм ба олимон халалҳои ҷиддиро пеш овардааст. Ҳатто бо баланд будани ҷаҳолат ва хурофотпарастии одамони оддӣ олимони зиёде дар роҳи илм курбон шуданд. Аз ин рӯ хурофотро метавон дарди вазнини илм ва ҳатто марги илм номид. Асоси ба хурофот ва хурофотпарастӣ гирифтор шудани одамон ин ҷаҳолат, тангназарӣ ва  аз илм дур мондани  онҳост. Барои аз вартаи хурофот ва хурофотпарастӣ берун кашидани чомеъа зарурати ҳарчи бештари таблиғи ҳама соҳаҳои илм  пеш меояд.

  Аз нигоҳи илм,  хурофот ақидаи бофтаву сохта буда, исбот нашудааст. Хурофот дар фарҳангномаҳо маҷмӯи асотиру қиссаҳо, ривоят, ақидаву тасаввурот ва расму анъанаҳои ботилу беасосеро ифода мекунад, ки ба ақл, донишу маърифат, мантиқ ва воқеият мувофиқ  нестанд.

Барои хубтар дарк кардани хурофоти  илми,  дар зер якчанд ақидаҳои хурофотии мутааллиқ ба илми астрономиро пешкаш менамоем. Сухан дар бораи дурахши ҷисмҳои метеорӣ (ситораҳои паррон) ва пайдоиши кометаҳо (ситораҳои думдор) дар осмон меравад.

 Метеорҳо – ситораҳои паррон

 Метеор аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш «дар ҳаво буғшаванда»  мебошад.  Вақте, ки ҷисмҳои сахти метеороидӣ ба атмосфераи Замин бо суръати аз 11 то 72км/с дохил мешаванд, дар ҳавои атмосфера соиш хурда, баъдан то ҳарорати алангазанӣ метасфанд ва сипас шуълавар шуда, сӯхта нобуд мешаванд. Ин ҷисмҳои шуълавари тезҳаракаткунандаро  метеорҳо меноманд. Мардуми одди онҳоро «ситораҳои паррон» ном мебаранд.

Расми 1. Ҷисмҳои метеорӣ дар осмон

Дар байни ниёкони оддии мо ва дигар халқиятҳо ақидае мавҷуд буд, ки гӯё ҳар як инсони рӯи Замин ба номи худ дар осмон ситора дорад, ва вақте, ки ситорааш аз осмон канда шуд, риштаи умраш канда шуда мемирад. Вақте, ки дурахши метеорҳоро дар осмон медиданд, мегуфтанд, ки ситорае  аз осмон канда шуд ва одаме аз дунё гузашт. Ин ақида ҳоло ҳам дар байни мардуми оддӣ машҳур аст, ки куллан беасос аст ва ба хурофот рафъ дорад. Дар ҳақиқат ситораҳо аз осмон канда намешаванд, ва онҳо аз мо дар масофаҳо хеле дур воқеъ буда, ба зиндагии мо ва фаъолияти мо ягон таъсире намерасонанд.

Кометаҳо – ситораҳои думдор

Аз қадимулайём кометаҳо дар байни одамони оддӣ ҳамчун ситораҳои думдор маълуманд. Калимаи  “комета” аз калимаи юнонии  “кометис” гирифта шуда, маънояш “мўйдор” мебошад. Дар ҳақиқат кометаи бо чашми бесилоҳ  дидашаванда дорои думи дароз буда,  чун объекти муйдор менамояд.  

Кометаҳо ҷирмҳои яхин  буда, ба гурӯҳи ҷирмҳои  хурди  Низоми офтобӣ дохил мешаванд. Кометаҳо аз ҳаста сар ва дум иборатанд.  Қариб 80% - и массаи онҳоро об ташкил медиҳад. 

           Андозаи ҳастаи кометаҳо аз садҳо метр то даҳҳо км- ро ташкил медиҳад. Андозаи сарашон ба садҳо ҳазор км ва дарозии думашон ба садҳо миллион км баробар аст.

Расми 2. Кометаи Хейли – Бопп дар осмон баҳори соли 1997

   Вақте, ки кометаҳо ба Офтоб наздик мешаванд, дар таҳти гармии нури Офтоб об ва дигар моддаҳои осонгудоз аз сатҳи ҳаста бухор мешаванд. Ин моддаҳои бухоршуда муқобили Офтоб партофта шуда думи кометаро ташкил медиҳанд.

   Чиниҳои қадим осмонро чун як мамлакати бузург тасаввур карда, дар он сайёраҳои дурахшонро ҳокимон, ситораҳоро дарбориёни ҳукумат мепиндоштанд.  Аз сабаби он, ки кометаҳо дар кураи осмон мавқеашонро дар байни ситораҳо зуд – зуд иваз мекарданд, онҳоро хаткашонҳои ҳокимони осмонӣ гумон мекарданд. Онҳо гумон мекарданд, ки маҳз хамин ҷирмҳо, яъне кометаҳо ба воситаи нома фармони императорро ба ҳокимони осмонӣ  мерасонанд. Бинобар ин бо тасаввуроти онҳо ҳамаи ҳодисаҳои дар осмон ва Замин ба амал омада бо фармони императори осмонӣ ба вуқуъ меомад.

  Вақте, ки кометаҳо дар осмон пайдо мешуданд, дар дили одамон тарсу ҳарос пайдо мешуд баъзе одамон аз тарс мефавтиданд ва баъзеашон ба худкушӣ даст мезаданд. Марги шоҳон ва афроди обрӯмандро бо пайдоиши кометаҳо вобаста медонистанд. Инчуни сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуш аз қабили вабо, гуруснагӣ, ҷангу хунрезӣ, офатҳои табии ва ғайраҳоро дар рӯи Замин ба пайдошавии кометаҳо рафъ медоданд. 

  Албатта сабаби асосии ба ин хурофотҳо гирифтор шудани онҳо ин  маълумоти оддитарин надоштанашон дар бораи ин ҷирмҳо буд.

  Дар ҳақиқат пайдоиши кометаҳои равшан дар осмон ба сар задани ҳодисаҳои  номбаршуда умуман рафъе  надорад.  Кометаҳо ба истиснони бархӯрдашон ба Замин ба одам ягон таъсире расонида наметавонанд.

  Муттаасифона ҳоло ҳам иддае аз мардум пойбанди чунин ақидаҳои хурофотианд ва барои аз зеҳни мардум дур намудани онҳо тарғиби илмро ҷоннок кардан мебояд. Зеро бе огоҳӣ, бе мутолиа наметавон  мардумро аз ҷаҳолат раҳонид ва аз вартаи ҳалокатҳои хурофотӣ наҷот дод.

       

 Асоев Ҳ.Ғ.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бознашр: https://tajmedun.tj/tj/akhbor/?ELEMENT_ID=24768

Хондан 1113 маротиба