JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 18 Январи 2024 10:27

Меҳаннома: Тоҷикистон, Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд, Дубора созамат, Ватан, Забони Ватан

Муаллиф: Бозор СОБИР

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту,

Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам,

Пойи худро раҳ ба раҳ афшонда рафтам,

Аз заминат

(Сарзамини камзаминам),

Гарди хоке кам накардам.

 

Ҳар куҷое об дидам,

Қатрае хурдам агар,

Ман гирифтам қатрае дар чашм,

То ба дарёят фишонам,

Оби дарёят шавад як қатра бисёр.

 

 

По ба ҳар хоке ниҳодам,

Гарди хокеро гирифтам дар сари мижгон,

То ба саҳроят фишонам,

Хоки саҳроят шавад як зарра бисёр.

 

Ҳар куҷое санг дидам,

Даст бурдам бар сараш чун бар сари фарзанди хеш,

Бо навозиш Гуфтам: инро аз Бадахшон кандаанд,

Тифли ширхори маро аз банди пистон кандаанд…

 

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Мекунам шукри каму бисёри ту,

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.

Аз ту ман сарват намехоҳам,

Ватан ҳастӣ, бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

 

ИСМОИЛИ СОМОНӢ ДЕВОРИ БУХОРО БУД

 

Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,

Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем.

Ҳамсоли «Авасто» -ем, ҳамоташи Зардуштем,

Мо оташи Зардуштӣ  нокушта намекуштем.

 

Ҳамтешаи Фарҳодем, андеша намекардем,

Ҷуз решаи Оҳарман мо теша намекардем.

Аз давраи Деваштич дар кӯзаи мо девест,

Ин деви адоват нест, ин деви ватанхоҳист.

 

Чун Золи Зар аз модар кам бачча таваллуд шуд,

Ҳам рӯи сафедаш буд, ҳам мӯи сафедаш буд.

Мо ҳам, ки аз он зотем, мо ҳам, ки аз он бобо,

Ҳам мӯи сафед аз мост, ҳам рӯи сафед аз мо.

 

Дар қиблаи дил моро тоҷе ҳама меҳроб аст,

Дар қиблаи дил моро меҳроб на, Суҳроб аст.

Дар бозуи дил моро як панҷаи кӯтоҳ аст,

Бо панҷаи кӯтоҳаш аз Борбад аст ин даст.

 

Исмоили Сомони девори Бухоро буд,

Мо ҳамватани ӯем, ӯ ҳамватани мо буд.

Мо ҳам куҳи хороем, девори Бухороем,

Девори Бухороем мо ҳам куҳи хороем.

 

Як тоифа аз Лоҳур, як тоифа аз Тӯсем,

Ҳам вориси Хомусем, ҳам вориси номусем.

Ҳамшаҳрии Фирдавсӣ, ҳамшаҳрии Иқболем,

Ҳамшаҳри баномусем, ҳамшаҳри ба иқболем.

Дар кохи Аҷам кӯҳ аст, дар мӯри Аҷам мираст,

Дар шеъри Аҷам шир аст, дар шеъри Аҷам шер аст,

Шере, ки дар анбӯҳи найзори қалам хоб аст,

Шери нари шеърашро душман натавонад баст.

 

* * *

Дубора созамат, Ватан,

Ба хишти ҷони хештан.

Сутун занам ба сақфи ту

Ба  устухони  хештан.[1]

 

Сабӯи обу гил маро,

Барои  сохтори  ту.

Ду панҷа хуни дил маро

Барои  рангубори  ту.

 

Барои  дар  чаҳор  сӯ

Навиштани шиори ту:

Бародарӣ - баробарӣ!

Баробарӣ - бародарӣ!

 

Агар чу шиша чашми ман

Ба  кор меравад, бимон,

Ба  кор  меравад  агар

Сарам чу санги сохтмон,

Бимон, бимон, бимон, бимон!

 

Дубора созамат, Ватан,

Ба хишти ҷони хештан.

Сутун занам ба сақфи ту

Ба  устухони  хештан.

* * *

ЗАБОНИ ВАТАН

 

Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.

Суннати волою девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,

Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт,

Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд

Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.

Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Суҳробро,

Барбарони нотавонеро тавоно кард  ӯ.

Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,

Қотилони хешро машҳури дунё кард  ӯ.

Қомати кӯтоҳи манғит

Аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд.

Пастии саҳрои Қипчоқ

Аз баландии Бадахшон шуд баланд.

Халқи тоҷик,

Халқи армон,

Об дар чашм,

Чун ятимон.

Дар лабаш хашм

Чун асирон,

Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд,

Бар кафанталбу ватанталбандаҳо бахшиду дод.

Душмани дарвеши худро,

Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд.

Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон

Солҳои тангиро медид ӯ,

Гаҳ дар оташ,

Гоҳ дар об

Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт — сӯхт,

Бо харобободи девору дари Афросиёбаш шуд хароб.

Лек лафзи модариаш,

Ҳамчу номи модараш,

Дар забону дар даҳонаш монд — монд.

Ҳар сухан бо шири модар

Сахт шуд дар устухонаш монд — монд.

Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр

Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,

Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,

Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод.

Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ,

Бодҳоро Анварихон кард ӯ.

Рӯзи ноободиаш тоҷик  забон обод кард,

Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард.

Давлате аз ҳарфи вазнин,

Давлате аз шеъри рангин.

Аз чунин шеъре, ки ҳар як мисрааш

Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,

Равзани нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.

Гӯиё чун сайди маҷрӯҳ

Ӯ ҷароҳатҳои худро

Гаштаю баргашта лесид,

Бо забони худ даво кард.

Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун

Гарчи бо габру мусулмон

Ҳамсаро буд,

Ҳамрасулу ҳамхудо буд,

Дар забон аммо ҷудо буд.

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

 

[1] Мазмун  аз Симини Беҳбаҳонӣ

Бозор СОБИР 

Хондан 1261 маротиба