JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 06 Ноябри 2026 18:22

Конститутсия - пояи давлатдории миллӣ дар шароити таҳаввулоти рақамӣ

Муаллиф:

 “Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии  ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад”          Эмомалӣ Раҳмон

 Ҳамасола 6-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия ботантана таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Соли равон аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ 32 сол сипарӣ мегардад.

Қабули Конститутсия ба давраи ҳассоси таърихӣ рост омад. Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро аз сар мегузаронид. Дар шароити идомаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва зарурати таҳкими пояҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсия барои ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди давлат аҳаммияти сарнавиштсоз дошт. Ин санади олии ҳуқуқӣ заминаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузошта, барои таҳкими минбаъдаи сулҳу Ваҳдати миллӣ, аз ҷумла раванде, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 тақвият ёфт, асосҳои арзишманди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Истилоҳи «конститутсия» аз калимаи лотинии constitutio гирифта шуда, маънои «сохтор», «муқарраркунӣ» ва «тартибот»-ро ифода менамояд. Дар илми ҳуқуқшиносӣ Конститутсия қонуни асосии давлат буда, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад ва тамоми низоми қонунгузорӣ бояд ба меъёрҳои он пурра мутобиқат намоянд.

Конститутсияро метавон ба рамзи генетикии давлат ташбеҳ дод. Тавре, ки иттилооти генетикӣ хусусиятҳои асосии организми зиндаро муайян менамояд, Конститутсия низ шакли идоракунии давлат, сохтори мақомоти ҳокимият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои бунёдии фаъолияти ҷомеаро муқаррар месозад. Аз ин рӯ, ҳеҷ як санади меъёрии ҳуқуқӣ набояд ба талаботи Конститутсия мухолифат дошта бошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд. Дар меҳвари ин санади олии ҳуқуқӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ қарор доранд.

Меъёрҳои конститутсионӣ баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун ва суд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ ва дигар ҳолатҳо, кафолат медиҳанд. Ҳамзамон ҳуқуқ ба ҳаёт, дахлнопазирии шахс, манъи шиканҷа, ҳифзи судӣ ва ҳуқуқи истифода аз ёрии адвокат аз ҷумлаи кафолатҳои асосии конститутсионӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ҳамин замина, Конститутсияи Тоҷикистонро метавон санади ҳуқуқии инсонмеҳвар арзёбӣ намуд, зеро ҳифзи шаъну шараф, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон яке аз ҳадафҳои асосии он мебошад.

Принсипи дигари муҳимми Конститутсия волоияти қонун ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Мутобиқи ин принсип, ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Чунин низом барои муайян намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ, таъмини масъулияти онҳо ва пешгирии тамаркузи номаҳдуди ҳокимият аҳаммияти муҳим дорад.

Дар баробари ин, дунявият будани давлат яке аз асосҳои муҳими сохтори конститутсионии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Принсипи дунявият фаъолияти давлат ва мақомоти онро дар асоси қонунгузорӣ таъмин намуда, ҳамзамон озодии виҷдон ва баробарии шаҳрвандонро новобаста аз муносибати онҳо ба дин эътироф менамояд. Ин арзиши конститутсионӣ барои таҳкими таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва пешгирии табъизу ифротгароӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтаанд, аҳаммияти амалии арзишҳои конститутсионӣ боз ҳам бештар мегардад. Имрӯз технологияҳои рақамӣ на танҳо воситаи рушди иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ, балки омили муҳимми ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд.

Густариши хизматрасониҳои электронӣ, низомҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои нав масъалаҳои муҳимтарини ҳуқуқиро низ ба миён мегузорад. Аз ҷумла, ҳифзи маълумоти шахсӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, дастрасии баробар ба хизматрасониҳои рақамӣ ва истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки танзими онҳо бояд ба принсипҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ асос ёбад.

Дар ин замина, моддаи 23 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва ҳифзи маълумотро дар бораи ҳаёти шахсии инсон кафолат медиҳад, аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Дар муҳити рақамӣ маълумоти шахсӣ метавонад, ки тавассути пойгоҳҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва низомҳои зеҳни сунъӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркард гардад. Аз ин лиҳоз, истифодаи чунин маълумот бояд дар доираи қонунгузорӣ ва бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон амалӣ карда шавад.

Масъалаи дигари муҳим таъмини амнияти иттилоотӣ мебошад. Афзоиши ҳамлаҳои киберӣ, қаллобии интернетӣ, паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва истифодаи ғайриқонунии маълумоти шахсӣ метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, фаъолияти муассисаҳо ва эътимоди ҷомеа ба низомҳои рақамӣ таъсири манфӣ расонад.

Дар чунин шароит, амнияти иттилоотӣ набояд танҳо ҳамчун масъалаи техникӣ баррасӣ гардад. Он ҳамзамон ҷузъи ҷудонашавандаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини қонуният ва рушди устувори ҷомеаи рақамӣ мебошад. Таҳкими ин самт такмили қонунгузорӣ, рушди инфрасохтори рақамии боэътимод, баланд бардоштани саводи рақамии аҳолӣ ва истифодаи технологияҳои муосири киберамниятро тақозо менамояд.

Ҳамзамон, моддаи 30 Конститутсия озодии сухан, нашр ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат медиҳад. Дар шароити рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои иттилоотии рақамӣ ин меъёр аҳаммияти бештар пайдо менамояд. Аз як ҷониб, технологияҳои муосир имкониятҳои дастрасӣ ба иттилоот, мубодилаи афкор ва иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ васеъ месозанд. Аз ҷониби дигар, паҳншавии иттилооти бардурӯғ, муҳтавои қалбакӣ, ки тавассути зеҳни сунъӣ тавлид мегардад, ва таҳдидҳои киберӣ зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти иттилоотиро ба миён меоранд.

Дар чунин шароит таъмини амнияти иттилоотӣ бояд бо эҳтиром ба озодии сухан, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва дигар кафолатҳои конститутсионӣ ҳамоҳанг бошад. Ҳама гуна маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ бояд асоси қонунӣ дошта, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва ҷомеа равона гардида, ба принсипҳои зарурат ва мутаносибӣ ҷавобгӯ бошанд.

Бо рушди зеҳни сунъӣ масъалаҳои нави ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ низ ба миён меоянд. Истифодаи алгоритмҳои худкор дар идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо метавонад, ки самаранокии фаъолиятро баланд бардорад. Ҳамзамон, эҳтимоли қабули қарорҳои ғаразноки алгоритмӣ, истифодаи нодурусти маълумоти шахсӣ ва нокифоя будани шаффофияти низомҳои зеҳни сунъӣ зарурати таҳияи механизмҳои муассири назорати ҳуқуқӣ ва масъулияти истифодабарандагони ин технологияҳоро ба миён мегузорад.

Гарчанде Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои махсуси зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамиро мустақиман танзим намекунад, принсипҳои бунёдии он барои таҳия ва такмили қонунгузории соҳавӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар муҳити рақамӣ ва таъмини истифодаи бехатару масъулиятноки технологияҳои нав заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.

32 соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи муҳимми ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ ва пойдории арзишҳои бунёдии ҷомеаро дар бар мегирад. Ин санади олии ҳуқуқӣ дар баробари муайян намудани асосҳои сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими волоияти қонун, барои рушди минбаъдаи кишвар низ заминаи устувор фароҳам овардааст.

Имрӯз, дар шароити таҳаввулоти босуръати рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ, аҳаммияти Конститутсия на танҳо дар ҳифзи асосҳои давлатдорӣ, балки дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар муҳити нави иттилоотӣ низ зоҳир мегардад.

Пешрафти технологӣ бояд ба инсон ва беҳтар гардидани сифати зиндагии ӯ хизмат намояд, на ин ки боиси маҳдуд гардидани ҳуқуқу озодиҳои ӯ гардад. Аз ин рӯ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, шаффофияти алгоритмҳои зеҳни сунъӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву рақамии шаҳрвандон бояд аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеаи муосир бошанд.

Конститутсия ҳамчун пояи ҳуқуқии давлатдории миллӣ дар асри рақамӣ низ аҳаммияти бунёдии худро нигоҳ дошта, арзишҳои он бояд роҳнамои рушди технологияҳои нав, ҳифзи манфиатҳои инсон ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду, дунявӣ ва донишмеҳвар бошад.

Халқи Тоҷикистон дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эътироф намуда, садоқати худро ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд изҳор доштааст. Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд. Тавре, ки шоир хуб фармудааст:

Сатри қонун бод роҳи мову ман,

Рӯзи қонун бод ҳар рӯзи Ватан!

 

Бозор ИБОДОВ,

ходими илмии Шуъбаи технологияҳои рақамӣ

ва зеҳни сунъии Маркази рушди инноватсионии

илм ва технологияҳои рақамии АМИТ

Хондан 30 маротиба