JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Дар ҳеҷ давру замон шумораи олимон, оқилон, донишмандон ва хирадмандон ба ин ҳад зиёд набуд, ки имрӯз ҳаст. Аммо ҳеҷ гоҳ башар то ба ин ҳад дар ҳалли мушкилии замони худ оҷиз набуд, ки имрӯз аст. Инсон чунин як зарфияти тағйири ҷаҳон, сафар ба кайҳон ва фароҳам овардани шароити зист дар онро пайдо намудааст, аммо дар баробари оддитарин мушкилҳои ҷамъиятиву ҷаҳонӣ ҳайрону нотавон аст. Ҷомеае, ки инсон онро сохтааст, дар он зиндагӣ кардан барои худи ӯ мушкил ва ҳатто номумкин гаштааст. Ҳамарӯза ҳазорҳо нафар дар ҷаҳон бо нишони эътироз аз ин навъи ҷомеа даст ба худкуши мезананд ва робитаи худро ба таври ҳамешагӣ бо ин ҷаҳон қатъ месозанд.

  Вақте ба таърихи пушти сар намудаи ду ҳазор соли охири мардуми сарзаминамон менигарем, хоҳем дарёфт, ки дар ин дарозои замонӣ сарзамини мо борҳо мавриди ҳуҷуми бегонагон қарор гирифтааст. Аммо ҳамаи онҳое, ки ба ин сарзамин ҳуҷум овардаанд, дар баробари таъсиргузориҳои хеш, таъсирпазириҳои зиёдеро низ аз миллату аз ин мардум доштанд. Иддае аз пажӯҳишгарон бар онанд, ки ҳар гоҳ пас аз 50 соли ба ин сарзамин ҳамлавар шудани бегонагон ва нобудию аз байн бурдани авомили фарҳангӣ дубора мардумони ин сарзамин дар рушд ба пояи олӣ расидаанд. Зеро ки тамоми васоили рушд чи аз назари истеъдоди мардум ва обу хоки ин сарзамин бо хусусиятҳои хоси худ дубора ба рушду тараққӣ пардохтаанд. Вале чунин назар то куҷо метавонад дар баробари хатароти ҷаҳони имрӯз воқеан ин миллатҳоро ҳифз намоянд.

Душанбе, 18 Апрели 2022 11:30

Дар ҷустуҷӯи омилҳои рушд

Муаллиф:

(Мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи китоби Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон зери унвони “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд:
решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр”)

  Рушду шукуфоии мамлакат ва дар заминаи он баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум, орзуи ҳамешагии ҳар як давлатмард ва пажуҳишгар мебошад. Ин мавзуъ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мавриди омӯзиши бештар қарор гирифт ва то имрӯз китобу мақолаҳои илмии зиёде дар бораи ин ки чаро баъзе кишварҳо дар пайраҳаи рушд қарор гирифта, ҷойгоҳи худро дар ҷаҳони муосир пайдо мекунанд, вале кишварҳои зиёди дигар шикаст мехӯранд, таълиф шудаанд. Китоби олимони амрикоӣ Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон зери унвони “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд: решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр” аз ҷумлаи онҳост (муфассал таваҷҷуҳ шавад: Daron Acemoglu and James A. Robinson, “Why Nations Fail: The Origins of Power, Prosperity, and Poverty”, Crown Publishers, USA, 2012, 544 p)..

  Қисмати фаъоли таркиби луғавии забонро калима, ибора ва ҷумлаҳои шевагию лаҳҷавӣ ташкил медиҳанд, ки забони тоҷикӣ низ аз ин ҳолат бархурдор аст. Диалектизмҳо он калима, ибора ва ҷумлаҳоеанд, ки аз шеваю лаҳҷаҳои гуногун дар забони адабиёти бадеӣ ҳамчун воситаҳои муайяни услубӣ, барои ба вуҷуд овардани обуранги хоси ин ё он маҳал, барои тавсифи нутқи персонажҳо истифода мешаванд. Диалектизмҳо, ки хоси шеваҳои ҷудогона мебошад бо аломату хусусиятҳои фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, фразеологӣ ва семантикӣ, аз забони адабӣ фарқ мекунанд. Муҳаққиқон ҳамаи тафовутҳои луғавии диалектизмҳоро ба ҳисоб гирифта онҳоро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо кардаанд:

Китобҳо